logo

иқтисод

“ХОҶАГИҲОИ ЗОТПАРВАРӢ МАҲВ МЕШАВАНД. ЧАРО?”

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигор  Мирзои Фирӯз “Хоҷагиҳои зотпарварӣ маҳв мешаванд. Чаро?”- ро, ки дар рӯзномаи  “Ҷумҳурият” № 202 (20324) , 11.10. 2016 чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин посух медиҳад:
Соҳаи  моҳипарварӣ  сол то сол тараққӣ ёфта истодааст. Мутобиқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии “Моҳии Тоҷикистон” айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ  250 адад хоҷагии хурду калони моҳипарварӣ фаъолият дорад ва ба 1 ноябри соли равон 888 тонна моҳии молӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 95,6 тонна кам мебошад. Бояд қайд кард, ки дар асоси қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби “НВХ”- и минтақаи зотпарварии моҳичапарварии ҶСК “Суғд моҳӣ” – и шаҳри Гулистон ҶСК “Моҳии тоҷик”- и ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров ташкил карда шудааст. Ин
корхона парвариши моҳиҳои зотӣ ва такмилиро дуруст ба роҳ монда, 80 - 90 дарсади талаботи хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳуриро бо моҳича ва кирминамоҳичаҳо таъмин мекунад ва бо КВД “Моҳии Тоҷикистон” тариқи шартномаи тарафайн ҳамкории доимӣ дорад.
Як сабаби кам истеҳсол шудани моҳии молӣ ин бо иқтидори пурра фаъолият накардани ҶСК “Парваришгоҳи моҳии хушзот” - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошад. Ба ҷамъияти мазкур 895 гектар замин вобаста карда шудааст, ки аз он 685 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ, 1 гектари он замини корами обӣ ва 209 гектар замини дар кишоварзӣ истифодашаванда мебошад.
ҶСК “Парваришгоҳи моҳии хушзот” - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун хоҷагии зотпарварӣ бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, № 245 аз 2 майи соли 2007 “Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, паранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ” ба шабакаи хоҷагиҳои зотпарварӣ шомил мебошад.
Иқтидори истеҳсолии ҷамъият 150 миллион адад кирминамоҳича, 10 миллион адад моҳичаи яксола ва 1830 тонна моҳии молӣ буда, тайи солҳои охир бо иқтидори 5 - 8% фаъолият намуда истодааст.
Бо ширкати намояндаи ҷамъияти мазкур гурӯҳи корӣ созмон дода, иншооти хизматрасон дида баромада шуд. Маълум гашт, ки иншоотҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор дошта, ҳавзҳои истеҳсолӣ пурра истифода бурда намешаванд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар самти беҳбуд бахшидан  ба фаъолияти  ҶСК “Парваришгоҳи моҳии хушзот” - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани иқтидори истеҳсолӣ, иншооту воситаҳои асосӣ (сехи инкубатсия, моҳихушккунӣ, олотҳои техникӣ, нақлиёт ва ғайра) тавсияҳои зарурӣ дода шуданд.
Вазорати кишоварзӣ аз ҳамкориҳои тарафайн бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Н. МӮСОЕВ,
муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 1341

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед