logo

иқтисод

МАҲСУЛИ ДАСТ. ТАЛАБОТ ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ЗИЁД АСТ

Бо шарофати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори мамлакат фаъолияти косибону ҳунармандон ба роҳ монда шудааст. Сафи нафарони сӯзанидӯз,  зардӯз, қолинбоф,  кандакор, устои  маҳсулоти сафолӣ,  сабадбоф, заргар ,  чармгар ва  ҳунармандони дигар афзуда, ба  ин васила барои бонувони  хонашину  маъюбон низ ҳазорҳо  ҷойи кори муносиб  фароҳам омадааст.
Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба сифати маҳсулоти ҳунармандон, такмили малакаи касбии онҳо, ҷалби онҳо ба муносибатҳои бозорӣ ва  муаррифии маҳсулоти ватанӣ  дар ҳамоишҳои байналмилалӣ роҳбарияти Иттифоқи ҳунармандон намоиши маҳсули дасти ҳунармандони мамлакатро баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур оид ба  роҳҳои пешбурди савдо, мувофиқати рангҳо ва тамоюлу талабот, нархгузорӣ,  маркетинг ва рушди истеҳсоли маҳсулот барои ҳунармандони навоҳии дурдаст омӯзишҳо гузаронда шуданд. Ҳамчунин, дар раванди намоиш ҳунармандони соҳибтаҷриба иштирокчиёнро бо маҳорату санъати хеш ошно сохтанд, ки барои  ҳавасмандии шаҳрвандони дигар ба фаъолияти косибӣ мусоидат менамояд. 
Ба гуфтаи Муфарраҳ Муҳаббатов, раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд сол боз чунин намоишҳо бо иштироки васеи косибони мамлакат доир гашта, маҳсулоти сифатан нав ва дорои тарҳи миллӣ пешкаши мардум гардид. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Палатаи савдо ва саноат, маркази рушди туризм ва ҶДММ “Рухом” ташаббускорони ин чорабинианд. Муаррифии молҳои ватанӣ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани мавқеи он дар бозори ҷаҳон самти асосии фаъолияти иттифоқ мебошад. Ба маҳсулоти дастӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат талабот хеле зиёд аст. Чунки молҳои дастии ҳунармандон  аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, аз рӯйи зебоию мустаҳкамӣ сифати олӣ доранд. Барои иштироки аъзои иттифоқ дар намоишҳои байналмилалӣ бо созмонҳои бонуфуз ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд. Дилмурод Шарифов аз ҷумлаи заргарони бомаҳорати ҷумҳурӣ мебошад, ки барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалии Санта – Се  дар иёлати Ню – Месикаи  ИМА  роҳхат гирифт.
Дар баробари нуфуз пайдо намудани маҳсули дасти ҳунармандони мамлакат дар миқёси ҷаҳон  устодони тоҷик  дар давлатҳои хориҷа ба ҳавасмандони ҷодаи косибӣ  нозукиҳои ҳунари хешро меомӯзонанд. Онҳо бо маҳорати фавқулода дар байни халқу миллатҳои зиёд  мавқеи намоён доранд.   
Аспармоҳ Мавлонназарова аз зумраи ҳунармандонест, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ба шавқмандони ин пеша сӯзанидӯзӣ,  қолинбофӣ ва сабадбофиро омӯзондааст.Сарпӯши гулдори бадахшӣ, ки бо ҷоизаи ЮНЕСКО сарфароз гашт, маҳсули дасти ӯ мебошад. Бо рушд ёфтани ҳунарҳои суннатии дастӣ ва фароҳам гаштани коргоҳҳои алоҳидаи истеҳсолӣ дар самти мазкур шумори чунин устодони моҳир афзуда, бозори ҷаҳонро моли ҳунармандони Тоҷикистон фаро хоҳад гирифт.
Ташрифулло Саъдуллоев, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 1324

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед