logo

иҷтимоиёт

ТАЪЛИМОТИ ДУРУСТ АМНИЯТИ ҶОМЕАРО АЗ ХАТАРҲО ЭМИН МЕДОРАД

Дар ҳама давру замон илму дониш воситаи асосии таъмини пешрафти ҷомеа буд. Бинобар ин, дар ҳошия гузоштани таълиму тадрис омили асосии эҷоди мушкилоти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Метавон хулоса кард, ки яке аз сабабҳои мушкилоти иҷтимоии олами ислом аз илму фарҳанги муосир ба таври зарурӣ бархӯрдор набудани ҷавонони мусулмон ва дар доираи таълимоти маҳдуду нодурусти динию илмӣ таълим гирифтани онҳост. Ин гуна ҷавонон ба сабаби ноогоҳии илмӣ, сиёсӣ ва динии хеш фирефтаи идеологҳои солҳои тӯлонӣ омоданамудаи душманони ислом гардида, ба хотири «бунёди давлати исломӣ», «дарёфти биҳишт» ва ё шароити беҳтари зиндагӣ  ба ҳаракатҳои ифротӣ шомил гардида, на танҳо ҳаёти худу наздикон, балки зиндагии ҳазорҳо мусулмони дигарро табоҳ сохта истодаанд.
Барои мутмаин сохтани ин зумраи ҷавонон бар нодурустии мавқеъ ва роҳи интихобнамудаашон зарур аст, ки таваҷҷуҳи онҳо ба баъзе факту далоили сиёсию динӣ ҷалб карда шавад.  Зеро ҳақиқати бебаҳс аст, ки бозигарони  асосӣ дар равандҳои сиёсӣ - динии кишварҳои мусулмон танҳо абарқудратҳоянду ин ҷавонони гумроҳ ҳадафи воқеӣ ва амалишаванда надоранд, балки аз қобилияти интихоби роҳи хеш низ маҳрум гардидаанд. Онҳо аслан на ҳифзкунандаи «арзишҳои динӣ» ва ё татбиқкунандаи ормонҳои хеш, балки ба ҳимоякунандаи манофеи иқтисодӣ ва геополитикии абарқудратҳо мубаддал гардидаанд. Роҳбаладони эшон бошанд, аз нигоҳи динӣ мунофиқ ва аз нигоҳи сиёсӣ зархариде беш нестанд. Баҳри эшон арзишҳои динӣ кайҳо боз қурбе надоранд. Яъне, ин арзишҳо барои онҳо танҳо воситаи ба даст овардани маблағҳои муфт асту халос.
Ҷои шубҳа нест, ки ин иддаи ҷавонони гумроҳ ва аз ҷиҳати динӣ ноогоҳ зери таъсири мубаллиғони зархарид афтода, аз таълимоти воқеии дини Ислом дур мондаанд. Мубаллиғони бевиҷдон ва зархариди исломӣ ояту аҳодиси исломиро таҳриф намуда, ба ҷавонони бесавод пешкаш менамоянд. Ба таъбир «толибилмон» аз ҳақиқати ҳол вақте воқиф мешаванд, ки аллакай дер шудааст ва онҳо дигар ба доираи гурӯҳҳои ҷиноятпеша ворид гардида, аз он баромада наметавонанд.
Баҳри огоҳии дуруст аз таълимоти ислом ин ҷо зарур мешуморем таваҷҷуҳи он зумраи ҷавонони ноогоҳро ба муҳтавои баъзе оятҳои қуръонӣ ва аҳкоми Худованд дар Қуръон ҷалб намоем. Дини ислом ҷангро танҳо дар ҳолати мудофиа зарур шуморида, ҳатто дар ҳамин ҳолат ҳам аз ҳадди муайяннамуда нагузаштанро ҳатмӣ шумурдааст.
Қобили зикр аст, ки парҳез аз қатлу куштор ва бераҳмию бешафқатӣ аз ҳукми ояти зерин низ бармеояд: «Авф пеша кун, ва ба амали писандида амр кун ва аз нодонон рӯй бигардон» (Сураи «Аъроф», ояти 199). Чуноне ки дида мешавад, аз нодонону ҷаҳолатпешагон худро дар канор гирифтан яке аз аҳкоми зарурии таълимоти ислом ба ҳисоб меравад. Зеро бераҳмию бешафқатӣ ва аъмоли нописандида маҳз аз нодонону ҷаҳолатпешагон сар мезанад. Дар ояти дигар бошад, Қуръон мефармояд: «Ва пайи чизе марав, ки туро дониши он нест» (Сураи «Исро»», ояти 36). Ҳукми ояти мазкур маҳз ба ҷавонони гумроҳ нигаронида шудааст, ки ноогоҳона аз аҳкоми башардӯстонаи дини ислому равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба ҳаракатҳои ифротӣ мепайванданд.
Тасаввур бояд кард, ки агар ҳар мусулмон тибқи ояти мазкур амал карда, ҳама гуна бадиро бо некӣ ҷавоб гардонад, муносибатҳои байниҳамдигарии мусулмонон чӣ қадар нарм хоҳад шуд.  Дар байни  эшон  қатлу куштор он  тараф истад, ҳатто ба қадри арзан бадӣ боқӣ нахоҳад монд. Пас, он ҷавононе, ки худро воқеан ҳам ҳомии арзишҳои динӣ ба қалам медиҳанд, бояд аҳкоми оятҳои зикршударо дар канор нагузоранд.
Тамоми афкори зикршуда дар ду мисраъ шеъри ҳаким Фирдавсӣ хеле барҷаста ва нишонрас ифода ёфтаанд:
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Воқеан ҳам, ба тавоноие, ки тавассути дониш ба даст оварда мешавад, ягон навъи терроризм – на минтақавӣ ва на байналмилалӣ осеб расонда наметавонад. Бинобар ин, ба ҷавонон дониши дурусти динию илмӣ ва ҷаҳонбинии ба факту далоил асосёфта пешкаш намудан кафили воқеии амнияти ҳама гуна ҷомеа ба шумор меравад.
Кароматуллоҳи АБДУХАЛИЛ, 
номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 2426

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед