logo

фарҳанг

Доктор Рифъат Абдуллоҳ СУЛАЙМОН: «ТОҶИКОН ТАБИАТАН МЕҲМОННАВОЗ БУДА, АСОЛАТИ ОРИЁӢ ДОРАНД»

Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва пойтахташ шаҳри Душанбест. Чанде пеш аз он ҷо ба шаҳри Хуҷанд раҳсипор шудам, то дар кори Конфронси байналмилалӣ ба накудошти шоир Камоли Хуҷандӣ ширкат намоям.
Ин кишварест, ки дар он номи «Сомонӣ», ки мансуб ба Исмоили Сомонӣ,  фармонравои номдори давлати Сомониён аст, борҳо такрор мешавад. «Сомонӣ» инчунин номи арзи миллии Тоҷикистон аст. Шаъни давлати Сомонӣ дар замоне боло рафт, ки он дар тиҷорату саноат, инчунин кишоварзиву ҳунарҳо пешрафт кард ва фаровардаҳои абрешимӣ ва маъдании он дар тамоми гӯшаву канори дунё шуҳрат пайдо намуд.
Шаҳри зебои Хуҷанд, ки дар Роҳи абрешим ҷойгир аст, дувумин шаҳри бузург пас аз пойтахти кишвар Душанбе ба шумор меравад. Дар он вақти сол ҳаво сард менамуд. Роҳҳо гӯӣ аз байни кӯҳҳо пайдо мешуданд. Рӯди Сайҳун аз он шаҳр мегузарад. Хуҷанд бо боғи худ ва театри Камоли Хуҷандӣ, ки бо меъмории хос сохта шудааст, шуҳрат дорад. Инчунин масҷиди Муслиҳиддин дар он ҷо ҳаст, ки дар назди мардуми кишвар бо тирозу таърихи соҳибаш маъруф аст.
Шоири соҳибҷашн Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ аз ҷумлаи бузургтарин шоирони тасаввуф ва ирфон ба шумор меравад. Ӯ ғазалиёте дар ишқи илоҳӣ дорад, ки бағоят дилрабову зебо буда, ба ғазалиёти Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, бузургтарин шоирони адаби форсӣ мемонанд.
Девони шоири бузург Камоли Хуҷандӣ шомили ғазалиёти сӯфиёна, муқаттаъот ва чанд рубоиёт аст. Шоири бузурги мутасаввиф Абдураҳмони Ҷомӣ зикр мекунад, ки шеъри Камоли Хуҷандӣ саҳли мумтанеъ аст. Бархе орифон гуфтаанд, ки ҳамнишинӣ бо Шайх беҳтар аз шеъраш аст.
Камоли Хуҷандӣ ашъоре сурудааст, ки гӯӣ бо ҳарир даромехтааст. Бо ин ҳама ӯ ягона шоири тоҷикон ба шумор намеравад. Ҳангоми бозгаштамон аз Хуҷанд ба пойтахт Душанбе аз муҷассамаҳои шоир Рӯдакӣ ва Ибни Сино боздид намудем.
Табиати дилрабо хоси ин кишвар аст: кӯҳҳои баланди сарбафалак, ки абрҳоро мешикофанд; аз барфҳои он кӯҳҳо об ба маҷроҳои маъруфаш сарозер шуда, аз назди хонаҳо мегузарад ва садои шир - шири об дар ҳама ҷо, ба ғайр аз кӯчаҳои фарох ё маҳаллаҳои дарунӣ, ба гӯш мерасад.
Дар шаҳри Истаравшан моро ҷавондухтарони шоир пешвоз гирифтанд. Мо дар кишваре будем, ки дар он наберагони олимони бузурги башарият, ба монанди Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Имом Бухорӣ, Тирмизӣ, Нисоӣ, Замахшарӣ ва шоироне амсоли Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд.
Мардуми ин кишвар, ки асолати ориёӣ дорад, ба монанди табиаташ меҳмоннавоз ва соҳиби одатҳои мутамаддини хос буда, дар Хуросони бузург мустақар шудааст.
Мардуми Тоҷикистон фарҳангӣ ва таҳсилкарда буда, аксаран  аз насл ба насл шоиранд ва ҳар боре, ки ман байти шеъреро ба ёд оварданӣ мешудам, дарҳол давоми онро ба ман мегуфтанд.
Яздон олимони ин кишварро биомурзад, ки бо илму дониши худ чароғи тамаддунро дар ҷаҳоне, ки дар торикӣ мезист, афрӯхтанд ва равшан карданд.
Тоҷикистон яке аз боғҳои биҳишти Парвардигор дар рӯи замин аст, ки зебову пурнеъмат буда, нақши бузурги таърихӣ дорад.

P.S. Ин матлабро сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Мисри Араб, ки аз рӯзномаи бонуфузи мисрии “Ал - Аҳром” тарҷума ва нашр намудааст.
Тарҷумон Хисрав Нозирӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 1665

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед