logo

иқтисод

ЯХОБМОНӢ ОМИЛИ МУҲИМИ СЕРҲОСИЛӢ

Аз рӯйи натиҷаи таҳқиқоти кормандони илмии Институти зироаткории АИКТ дар шароити иқлими Тоҷикистон манбаи асосии намии хок барои қонеъсозии талаботи рустанӣ оби ҷӯйбор мебошад. Дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 75-85, водии Вахш 85-90 ва заминҳои камқуввати вилояти Суғд 90-95 дарсад обёрӣ аз ҷӯйбор сурат мегирад.  Аз ин лиҳоз, дар ноҳияҳои вилояти Суғд, водиҳои Вахш, Бешкент ва минтақаи Кӯлоб барои неш задани чигит ва сабзиши ниҳолҳо обмонии захиравӣ (яхобмонӣ) омили муҳими фаровонҳосилист.
Яхобмонӣ ҳамон вақт манфиатовар аст, ки муҳлат ва меъёри он ба шароити иқлим, хок ва талаботи биологии зироатҳои кишоварзӣ мувофиқ бошад.
Мушоҳидаҳои бисёрсола нишон доданд, ки дар ноҳияҳои сербориш захираи калони намӣ ҷамъ мешавад, аммо дар минтақаҳои камбориш намӣ намерасад. Хусусан, барои пурра неш задани ниҳолҳои пахта яхобмонӣ муҳим мебошад. Яхобмонӣ ҳашароти зараррасонро низ нест мекунад. Яхобро дар охири ноябр ва  моҳҳои декабру январ додан лозим аст.
Меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста аст. Дар заминҳои таркиби механикиаш вазнин ва миёнаи обҳои зеризаминиаш чуқур меъёри яхобмонӣ ба як гектар  аз 1800 то 2200 метри мукааб аст, то ки намӣ ба 1,5 метри қабати хок расад. Агар  оби зеризаминӣ то 2 - 3 метр чуқур ҷойгир шуда бошад, меъёри яхобмонӣ дар як гектар 1200-1500 метри мукааб обро ташкил медиҳад. Дар заминҳои шӯрхок ба ҷойи яхобмонӣ обшӯйсозӣ гузаронда мешавад.
Ба ғайр аз шароити иқлим меъёр ва муҳлати оби захиравӣ аз шароити хок ва гидрогеология, яъне чуқурии оби зеризаминӣ, ғафсии қабати хокдори замин, хусусияти физикӣ, шакл ва сахтии қабатҳои хок вобастагӣ доранд.
Ҷумҳурӣ вобаста ба боришоти табиӣ ва бухоршавии намӣ барои оби захиравӣ мондан дар фасли зимистон ва аввали баҳор (декабр - март) ба 6 минтақаи иқлимӣ тақсим шудааст:
Якум – минтақаи Шаҳритуз, Носири Хусрав, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон. Дар ин ҷойҳо боришот ба ҳисоби миёна 103 мм ва бухоршавии об  201 мм аст.
Дуюм – ноҳияҳои боқимондаи вилояти Хатлон (ба ғайр аз қисми марказӣ ва шимолии водии Ёвон). Боришот ба ҳисоби миёна ба 165 мм ва бухоршавӣ тақрибан баробари боришот аст.
Сеюм – ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва қисми заминҳои ноҳияи Восеъ. Ҷамъи боришот ба 218 мм баробар буда, бухоршавии об дар ҳамин давра 155 мм-ро ташкил медиҳад.
Чорум – ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд. Боришоти табиӣ ба 144 мм, бухоршавии об ба 133 мм баробар аст.
Панҷум – минтақаи боқимондаи пахтакори вилояти Суғд, ки боришот ба ҳисоби миёна ба 72 мм ва бухоршавии об ба 148 мм мерасад.
Шашум – минтақаи ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ, ки дар онҳо боришот зиёд буда, оби захиравӣ монда намешавад.
Оби захиравиро пас аз шудгор ба ҷӯякҳои байнаш 0,6 метр гузарондан лозим аст. Талабот он аст, ки об заминро баробар ва хушсифат нам созад.  Аввали баҳор барои нигоҳ доштани намӣ заминро бояд ду карат сихмола намоянд.
Раҳмон САИДЗОДА,
директори Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 1392

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед