logo

иқтисод

СУҒД. ДАР РОҲҲОИ МОШИНГАРД БЕШ АЗ 4 ҲАЗОР АЛОМАТ НАМЕРАСАД

Дар роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд ба ҷойи 18 ҳазор 13 ҳазору 800 аломати роҳ гузошта шудааст, ки ин нисбат ба меъёрҳои ҳатмии техникӣ беш аз чор ҳазор кам мебошад.
Табиист, ки набудани аломат дар роҳҳо ба ронандагон, бахусус барои ашхоси камтаҷриба, мушкилиҳои зиёд ба бор меоварад. Ҳамчунин, набудани аломатҳо боиси афзоиши садама ва ҳолатҳои садамавӣ мегарданд.
Дар баробари ин, вақтҳои охир дар кӯчаҳои баъзе аз шаҳрҳои вилоят зуд аз кор баромадани чароғакҳои роҳнамо (светофор) ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳаракати муътадили нақлиётро халалдор месозад. Масалан, зиёда аз ду моҳ мешавад, ки чароғаки роҳнамои сероҳаи асосии даромади шаҳри Гулистон фаъолият надорад, аммо он аз мадди назари кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дур мондааст.
Тавре аз Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд иттилоъ доданд, танҳо дар 11 моҳи соли равон бар асари 320 садама 125 нафар ба ҳалокат расида, 327 кас ҷароҳатҳои гуногун  бардошт.
 Муродҷон Ҷамолов, сардори шуъбаи назорати ташкили ҳаракати роҳи БДА-и вилоят Суғд, дар иртибот ба масъалаи хатҳои уфуқӣ ва светофорҳо иброз медорад, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 пардохти маблағи кори чароғакҳо ва кашидани хатҳои уфуқӣ ба зиммаи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта шудааст, аммо онҳо бо пеш овардани баҳонаҳои гуногун уҳдадориҳои худро  иҷро намекунанд.
Дар масъалаи аломатҳои роҳ Мирзоқайюм Сайфиев, сармутахассиси шуъбаи истеҳсолии техникии Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд мегӯяд, ки набудани аломатҳои роҳ асосан дар роҳҳои дохилимаҳаллӣ ба мушоҳида мерасад ва мақомоти маҳаллӣ бояд барои таъмиру насб кардани аломатҳо ва  фаъолияти мунтазами чароғакҳо пардохти саривақтии маблағро таъмин намоянд.
Чунин худсафедкуниҳову масъулиятгурезии идораҳо бар зарари кист?
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 1652

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед