logo

фарҳанг

ЗАКАРИЁИ РОЗӢ. ОЛИМ ВА КАШШОФИ БУЗУРГ

Закариёи Розӣ аз зумраи доиратулмаорифонест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ нақши муҳим гузошта аст. Аз осори боқимондаи донишманди бузург маълум мегардад, ки дар самтҳои гуногуни илм (фалсафа, кимиё, тиб, илмҳои табиӣ, мантиқ, мусиқӣ, шеърият, ахлоқ)  дастовардҳои зиёду камназир дорад. Хусусан вақте сухан дар бораи кимиё меравад, метавон гуфт, ки ӯ аз нобиғагонест, ки ба илми мазкур асос гузоштааст. Дар арафаи таҷлили 1150 - солагии Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ, ки ҳамчун файласуф, табиб ва табиатшиноси барҷаста шуҳрати оламшумул дорад, хабарнигори рӯзнома бо Муҳиба Маҳмадҷонова, мудири шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳо суҳбати ихтисосие орост, ки онро пешкаши хонандагон менамоем.
- Муаллима, далели он ки кимиё пеш аз замони Закариёи Розӣ низ вуҷуд дошт бебаҳс аст, ҳарчанд дар доираҳои хеле маҳдуд чун илми воқеӣ эътироф мешуд. Пас, сабаб чист, ки Закариёи Розиро то имрӯз аз асосгузорони илми кимиё меҳисобанд?   
- Воқеан дуруст аст. Вале дар он замон ағлаб бо назардошти он ки корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар озмоишгоҳҳо сурат мегирифтанд  ва аз худ ҳар гуна инфиҷору дудҳои ғализро боқӣ мегузоштанд, кимиёро ба сеҳру ҷоду мансуб медонистанд. Розӣ, ки ба ҳаёт назари олимона дошт, вақте  ба кимиё рӯ ниҳод, кашфиёти зиёди воқеӣ ба даст овард, ки то замони ӯ ғайриимкон буд. Дар бораи чанд амалиёти кимиёвӣ, ки имрӯз ҳам маъруфанд, аз қабили катализатсия, (маводе, ки суръати реаксияи кимиёвиро метезонад) дистилятсия (муқаттар, ҷудошавӣ, тақсимшавии мавод) Закариёи Розӣ дар китобҳояш суҳбат мекунад. Яъне, донишманд моддаҳоеро, ки тавассути таҳқиқот ба даст овардааст, на танҳо барои истифода пешниҳод месозад, балки дар бораи онҳо, ки ҳар кадоме дар алоҳидагӣ кашфиёти нодиранд, маълумоти муфассал медиҳад. Боиси тазаккур аст, ки баъди гузашти асрҳо мо имрӯз ҳам аз баъзе кашфиёти олими оламшумуламон васеъ истифода мекунем. Барои мисол, фосфор (кибрит) – ро бори аввал Розӣ кашф ва қобилияти сӯзандагии онро  собит менамояд. Мо ҳоло онро дар шакли гӯгирд истифода мебарем. Ин ва даҳҳо далели дигари муътамад мавҷуданд, ки аз асосгузорони воқеӣ будани Розиро рӯшан собит месозанд. Муҳимтар аз ҳама ин эътирофи як нафар ё як гурӯҳи одомон нест, балки андешаи олимони барҷастаи тамоми дунёст ва мо бояд аз ин ифтихор дошта бошем.

- Агар имрӯз роҷеъ ба кашфиёт сари суҳбат нишинем, пеш аз ҳама дар бораи шароитҳои муосири моддию техникӣ андеша мекунем. Ҳайратовар нест, ки Закариёи Розӣ дар чунин як шароит, яъне бидуни дастгоҳу лаборатория ба кашфиёти нодир даст ёфтааст?
- Албатта, кашфиёт бидуни дастгоҳҳо, яъне заминаи моддию техникӣ суррат гирифта наметавонист. Ба ин хотир, Закариёи Розӣ бо яке аз ҳамзамонон - устодаш Ибни Ҳайсам аввалин шакли лабораторияро ташкил намуда, дар он ҷо фаъолият менамуд. Ӯ бори аввал муайян месозад, ки дар озмоишгоҳи кимиёӣ чӣ гуна бояд фаъолият кард ва дар он чиҳо бояд мавҷуд бошанд. Бисёр асбобҳоро дар шакли найчашиша (пробирка),  колба, титр бори аввал Розӣ истифода намудааст. Аҷиб ин аст, ки то асрҳои 19 лабораторияҳо дар ҳамон шакле фаъолият доштанд, ки Закариёи Розӣ бо ҳамзамони худ ташкил ва пешниҳод намудаанд.
Ӯ аввалин бор ба зиёноварии баъзе  маводи кимиёӣ аҳамият дода,  собит месозад:  шахсе, ки дар озмоишгоҳи  кимиёӣ кор мекунад, саломатиаш зарар мебинад. Аз ин рӯ, пешниҳод месозад, ки чунин нафарон ҳангоми кор дар озмоишгоҳ либоси махсус ба бар кунанд.

- Воқеан Закариёи Розиро асосгузори фармакология низ мегӯянд. Ва, умуман хизматҳои ӯ дар илми тиб кам нестанд…
- Бале, аз ҷумла зиёновар ва муфид будани таркиби баъзе моддаҳои кимиёвиро бори аввал Закариёи Розӣ собит намудааст. Аввалин маротиба дар тиб шакли давоии ҳабро (таблетка) пешниҳод месозад. Исбот мекунад, ки агар баъзе маҳлулҳои консентратсияшуда ба организми инсон ворид  шаванд, сабаби рафъи бархе аз бемориҳо шуда метавонанд. Ҳоло фармакология ва тибби имрӯза бо ин усул, яъне дар асоси ҳабҳо фаъолият ва табобат мекунад. Спирт то замони Закариёи Розӣ на танҳо истифода намешуд, балки мавҷуд набуд. Дар баробари кашф намудани он Розӣ собит намуд, ки ин маҳлул қобилияти пурра пок намудани ҷои ҷароҳатро дорад ва дар тиб метавон аз он истифода кард. Чунин кашфиёти Розӣ зиёданд.
Дар асрҳои миёна, бо вуҷуди мавҷудияти ҳадҳои мазҳабӣ, фарҳангӣ  олимон аз кашфиётҳои ҳамдигар огоҳӣ доштаанд, онро ба ҳар восита дастрас менамуданд. Ҳамин тавр, аксари осори мутафаккирону олимони Шарқ ба забонҳои аврупоӣ тарҷума ва мавриди истифодаи илмӣ қарор мегирифт. Закариёи Розӣ аз ҷумлаи аввалин донишмандони Шарқи исломӣ ба шумор меравад, ки осорашро дастрас ва тарҷума мекардаанд. Аврупоиҳо  аз асри 13 сар карда, ба илми кимиё тавваҷуҳи зиёд намуданд. Чун Закариёи Розӣ олими барҷастаи соҳаи кимиё ва тиб буд, китобҳои ӯро тарҷума ва аз таълимоташ бо номи Разест истифода кардаанд.
Ӯ аслан ба тиб баъд аз сисолагӣ рӯ меорад ва ин илмро комилан аз бар мекунад. Зиёда аз ин, якчанд ҷарроҳиро асос мегузорад. Аз рӯи таҷриба дарк мекунад, ки тиб ва кимиё бо ҳам тавъаманд. Ҳанӯз дар асри худ таъкид намуда буд, ки табиб бояд ҳатман кимиёро хуб донад. Ҳоло дар тарбия ва омода намудани табибон мебинем, ки воқеан, кимиё дар баробари физика, биология аз донишҳои бунёдии он ба шумор меравад.
Ӯ аввалин маротиба ба он таваҷҷуҳ кардааст, ки бемористонро дар куҷо ва чӣ гуна бояд сохт, қабули беморон аз ҷониби кӣ ва чӣ тавр бояд сурат гирад, бемориҳо бояд чӣ тарз тақсимбандӣ шаванд. Ба ин хотир, ӯро аз асосгузорони ташкили кори тиббӣ меҳисобанд. Абубакр Закариёи Розӣ аз ҷумлаи аввалин табибонест, ки мушаххас намудани бемориро аз байни бемориҳои зиёд (имрӯз онро диагностика меноманд) пешниҳод менамояд. Ба фаъолияти тиббии ӯ тарзи хобонидани бемор ба рӯи мизи ҷарроҳӣ, усули чок кардан, тарзи бе зарар намудани ҷойи ҷарроҳиро низ вобаста менамоянд. Ӯ ҳатто баъзе асбобҳоро барои ҷарроҳӣ намудан худаш месохт. Аз рӯи баъзе ишораҳо он асбобе, ки бо он имрӯз ҷарроҳиро медӯзанд, низ кашфи Закариёст. Дар бораи чунин асбобҳо ва баъзе ҷарроҳиҳо дар китобҳое, ки асрҳои 16 – 17 таълиф шудаанд, метавон маълумот пайдо намуд. Дар ин китобҳо тасвирҳое ҳастанд, ки раванди ҷарроҳӣ, асбобҳое, ки бо он бемор ҷарроҳӣ мешавад, нишон дода шудааст. Ва дар зер навишта шуда, ки Закариёи Розӣ ин корро анҷом дода истодааст. Дар илми тиб бори аввал организми инсонро ӯ ба қисмҳо ҷудо менамояд. Мегӯяд, ки ҳар узви инсонро бояд духтури алоҳида табобат кунад. Китобҳои тиббии  «Тибби мансурӣ» ва «Ал - ҳовӣ» - ашро вобаста ба ҳар як узви инсон алоҳида тақсимбандӣ намудааст. Бори аввал истифодаи маводи органикиро барои часпидани захм ӯ  истифода мекунад, рӯдаи тоза ва хушккардашудаи гӯсфандро ба таври махсус тобида, ҷарроҳиро медӯзад. Дар натиҷа ин ришта дар организми инсон махлут шуда, худ аз худ нест мегардад. Ин таҷриба бо баъзе дигаргуниҳо дар тибби имрӯза истифода мешавад. Ҳарчанд ҳоло шакли сунъии маводи органикии пешрафта таҳия ва ба таври васеъ  истифода мешавад. Ҳатто андеша доштем, ки трансплантатсия (иваз намудани узви инсон) кашфи аврупоиҳост. Ҳоло мутахассисони соҳа мегӯянд, ки бори аввал ин навъи ҷарроҳиро Закариёи Розӣ анҷом додааст.
Агар ба таърихи инкишофи илм назар кунем, мебинем, ки бунёди ғояҳои асосии илми амаливу назарӣ дар Шарқ заминагузорӣ шудааст. Аз сабаби он, ки дар Аврупо тафаккури илмӣ вобаста бо заруриятҳои ҷомеа инкишоф ёфт ва саноат рушд кард бисёр кашфиёт дар амал татбиқ ва истифода шуда, боз ба Шарқ баргаштанд. Аз ҷумла, кашфиёти Закариёи Розӣ. Албатта, мо аз ин бояд ифтихор кунем. Аммо дар баробари ин зарур аст, аз ҳамаи он огоҳ бошем, онро ҳимоя ва арҷгузорӣ намоем.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 1824

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед