logo

сиёсат

ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Таҳти чунин унвон асари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид. Нашри чунин як китоби гаронмоя падидаи фараҳбахшест дар ҳаёти фарҳангию  маънавии кишвар. Дар бораи хусусияти ин китоб ва мақсад аз таълифи он худи муаллиф чунин менигорад: «Китоб ҷанбаи маърифатӣ дошта, ба мақсади огоҳии бештари ҳамватанони азиз аз таърихи забони модарии хеш бо сабки илмию оммавии қобили фаҳми табақоти мухталифи ҷомеа навишта шудааст, ба умеди он ки забоншиносони мо дар такмили ин китоб бикӯшанд ва сарнавишти омӯзандаи забони моро дар асри ҷавонӣ ва овони булуғ ба таври илмӣ хубтару равшантар ба алоқамандон муаррифӣ намоянд».
Китоб аз шаш боб иборат буда, ҳар боби он аз фаслҳову зерфаслҳо, хулоса ва китобнома иборат мебошад. Дар асар даврабандии таърихи забони адабии тоҷикӣ, саргузашти таърихии вожаи  «тоҷик», мақоми он дар давраҳои аз ориёиҳо то Хоразмшоҳиён, забони навиштории тоҷикӣ, давраи боландагӣ ва шукуфоии он, густариши он ба сифати забони байналмилалӣ инъикос ёфтааст. Китоб фарогири беш аз чаҳорсад асари илмист.
Яке аз нукоти ҷолибе, ки дар пешгуфтори китоби мазкур баён гардидааст, ин алоқамандии забон ба таърихи халқ ва нақши забон дар омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни миллати мо маҳсуб меёбад. Дар ин бора муаллиф чунин мегӯяд: «Забон дар маҷмӯъ як қисмати муҳим ва ё ба ибораи дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст. Аз мутолиаи он мо дар бораи бисёр ҷанбаъҳо ва масъалаҳои муҳими ҳаёти гузаштагони хеш иттилоъ ба даст меоварем, ки ҳатто таърихнигорон ба онҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд. Масалан, аз рӯйи захираи вожаҳо ва истилоҳоти забон мо метавонем бо боварӣ дар бораи пешрафт ва ё заъфу сустии ягон соҳаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар давраҳои мухталиф қазоват кунем, аз ҷониби дигар, забон манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни  мо мебошад. Дар он ақидаву мавқеи шахсӣ нақши муассире надорад. Вай таърихи холис, ростин ва маҳсули  дастҷамъии миллат ва аломати хоси он буда, воқеияти ҳаёти ҷомеаро ҳамчунон ки ҳаст, бидуни ороишу ислоҳ инъикос мекунад».
Муаллиф  дар қисмати саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ ишораи нозуке дорад.  Чунончи  ӯ менигорад: «Дар бораи вожаи «тоҷик» ба маънои қавм, миллат ва ба мафҳуми истилоҳи забоншиносӣ, яъне забон маводи фаровон ҷамъ омада, назарияву андешаҳои гуногун то имрӯз иброз гардидааст. Вале бо вуҷуди чунин маводи фаровон дар илми забоншиносии ватаниву хориҷӣ ва баррасиҳои ҷиддии илмӣ то ҳол хулосаҳои ниҳоии илмӣ бароварда нашудааст… Бинобар ин, решаи калимаи «тоҷик»-ро қабл аз ҳама бояд дар матнҳои бостонӣ ҷустуҷӯ кард». Ӯ андешаҳои хешро перомуни вожаи «тоҷик» дар асоси асарҳои таълифгардидаи асрҳои XVIII-XIX, ки дар Аврупо нашр гардидаанд, иброз медорад.
Муаллифи рисола бо умед аз забони хеш ёд мекунад? «Умедворем, ки забони модарии мо бо собиқаи ҳазорсолаи илмии худ ва саъю кӯшиши пайвастаи донишмандону алоқамандони дӯстдори он аз ин имтиҳони ҷиддӣ сарбаландона мегузарад».
Бояд тазаккур дод, ки дар китоби илму адаби дунё номҳои устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Шайх Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрав, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон бо хати тиллоӣ ҷовидона сабт гардидаанд. Муаллифи асар низ кӯшидааст, ки то аз осори эшон гулчин намояд.
Дар хулосаи асар муаллиф ба наздики чиҳил  қисмат андешаҳои хешро  бо далелҳои қотеъ тақсимбандӣ намудааст, ки арзиши илмии рисоларо бамаротиб меафзояд.
Муҳаммад НАСРУЛЛОҲЗОДА,
номзади илми филология


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 1954

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед