logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН - ШРИ - ЛАНКА: АВВАЛИН МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛӢ

Субҳи 13 декабри соли 2016 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка бо маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр дар назди Қасри Президенти Шри-Ланка  оғоз гардид.

Барои пазироии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони назди қаср идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Шри - Ланка парафшонӣ доштанд.
Дар расми истиқболи меҳмони олимақом горди президентӣ, оркестри фахрӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҳузур доштанд ва ба ин хотир чорабинии бошукӯҳу хотирмон сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка Майтрипала Япа Сирисена гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Сипас, маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди президентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб анҷом ёфт. Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ ба хотири пазироии меҳмони олимақом аз тӯпхонаҳо 21 шиллик парронда шуд.
Масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Майтрипала Япа Сирисена ва музокироти байнидавлатии сатҳи олии Тоҷикистону Шри - Ланка бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки “Мулоқоту вохӯриҳои имрӯза аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни кишварҳои мо мебошанд ва изҳори умедворӣ менамоям, ки онҳо дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Шри - Ланка саҳифаи наверо боз хоҳанд кард”.
Таъкид гардид, ки  рушди ҳамкории судманд ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани имконоти фарохи робитаҳо ба манфиати мардумони ду кишвар мебошанд.
Ҷонибҳо оид ба дарёфти роҳҳо ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Шри - Ланка табодули андеша карда, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри - Ланкаро мувофиқи мақсад шумурданд. Ҳамчунин, ташаккули заминаи ҳуқуқии муносибатҳо омили муҳими истифодаи захираҳо ва имконоти мусоид баҳри тавсеаи ҳамкории судманд дар соҳаҳои иқтисоду саноат номида шуд.
Зимни мулоқот ҷалби сармояи Шри - Ланка барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи обии барқӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқи дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуд.
Аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозии татбиқи амалии лоиҳаҳои иқтисодӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, барои таъсиси корхонаҳои муштараки гуногуни саноатӣ оид ба истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, инчунин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он барои омӯзиш пешниҳод гардид.
Дар ҷараёни мулоқот, инчунин масоили ҳамкорӣ дар бахши туризм, рушди индустрияи туризм ва инфрасохтори он ва робитаҳо дар бахши илму маориф баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки туризм ҳам метавонад соҳаи ояндадору фарохи ҳамкорӣ бошад.
Дар доираи ҳамкорӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои минтақавию байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳалли қазияи Афғонистони ҳамсоякишвари мо ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд доир намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Шри - Ланка баҳри дастгирии ташаббуси нави Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» миннатдории самимӣ изҳор доштанд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии сатҳи баланди ҳукумат ва мардуми Шри - Ланка изҳори сипос намуданд ва аз ҳамтои худ Майтрипала Япа Сирисена даъват ба амал оварданд, ки ба Тоҷикистон бо сафари дӯстона ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шри - Ланка Майтрипала Япа Сирисена маросими имзои ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.
Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба қабул гардида, 4 санади дуҷониба ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобила.
Бо ҳамин маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба охир расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 1997

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед