logo

иҷтимоиёт

СӮХТОР. МЕТАВОНЕМ ОНРО ПЕШГИРӢ КУНЕМ

Ҳамасола бо фаро расидани тирамоҳу зимистон ҳодисаҳои сар задани сӯхтор бештар ба чашм мерасанд. Мутахассисони соҳа сабабҳои онро ба истифодаи аз меъёр зиёди қувваи барқ, таҷҳизоти барқии худсоз ва истифодаи нодурусти зарфҳои гази моеъ рабт медиҳанд.

«Давоми соли 2016 дар ҳудуди пойтахт 22 ҳодисаи сӯхтор бо зарари 19330 сомонӣ аз ҳисоби баллонҳои гази моеъ ба амал омадааст. Дар пайи ҳодисаҳо ягон нафар қурбон нашудааст. Сабабҳои сӯхтор истифодаи нодурусти зарфҳои гази моеъ дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон  мебошад», - гуфт Шуҳратҷон Ғафуров, нозири калони шуъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, ба хабарнигори «Ҷумҳурият».
Банди 211 - и «Қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, сокинони пойтахтро чунин ҳушдор медиҳад: «Нигоҳ доштани баллонҳо бо газҳои сӯзанда дар хонаҳо, ҳуҷраҳо ва ҳуҷраҳои истиқоматии фардӣ, инчунин дар ошхонаҳо, дар роҳҳои таҳлия, дар ошёнаҳо ва ҳуҷраҳои таҳхонаҳо ва болохонаҳо, дар балконҳо ва пешайвонҳо манъ аст».
Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар фасли сармо дар биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе ҳар рӯз санҷиш гузаронда мешавад. Ҳамчунин, дар ҳар ноҳияи шаҳр ду нафарӣ нозири хурд фаъолият мекунанд, дар байни аҳолӣ ва корхонаҳо оид ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор ва тарзи дуруст истифода бурдани таҷҳизоти барқӣ ва гази моеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Дар ҳолати иҷро нагардидани қарор ва тавсияи мутахассисон аз тарафи раёсат санади маъмурӣ тартиб дода шуда, аз вайронкунандагони қоидаҳо ба маблағи аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ситонда мешавад.
- Ба истифодаи гази моеъ танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки баллон дар беруни ҳуҷра ҷойгир бошад. Бояд барои баллон қуттии оҳанин монда, бо қубур то ҷои даркорӣ оварда, тавассути рӯдаи резинӣ гузаронда шавад, - гуфт Ш. Ғафуров.
Зарфҳои гази моеъ, ки аз 5 то 30 литр ғунҷоиш доранд, дар кишвари мо зиёд истифода мешаванд. Дар фасли сармо, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон интиқоли неруи барқ тариқи реҷа сурат мегирад, сокинон барои пешбурди рӯзгор, хусусан пухтани хӯрок аз ин навъи баллонҳои газӣ истифода мекунанд.
Солҳои пеш борҳо аз таркиши баллони газ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳодисаҳои сӯхтор ба амал омада, боиси талафоти ҷонӣ низ гардидааст.
Баъди пурзӯр гардидани санҷиши нозирони раёсати Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе оид ба истифодаи баллонҳои гази моеъ дар хонаҳои сокинон ва пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, масъулони ШСХК «Барқи тоҷик» - ро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуши аз истифодаи газ сарзананда барои  таъмини аҳолии пойтахт бо неруи барқи доимӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Зеро аз оғози фасли сармо қатъ гардидани неруи барқ дар чанд маҳаллаи пойтахт ба чашм расид. Дар ин ҳолат сокинон, ки иҷозати истифодаи газро низ надоранд, ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2016    №: 246    Мутолиа карданд: 2456

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед