logo

ҳуқуқ

ВАБОИ АСР. АЗ ПАЁМАДҲОИ МАНФИИ ИҚТИСОДӢ ТО МАҲВИ ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ

Вусъати амалҳои террористиву экстремистӣ ва паёмадҳои фоҷиабори он дар соли 2016 низ аз мавзӯъҳои меҳварӣ ва мавриди баҳс дар маҳофили сиёсии ҷаҳон буд. Бо вуҷуди тадбирҳои амниятӣ ва муборизаҳои шадид алайҳи терроризму ифротгароӣ то кунун ҷомеаи ҷаҳон ба заволи падидаи номатлуб даст наёфта, ҳамоно таҳдиду хатарҳои он боқӣ мондаанд. Зимни таҳлилҳо аксари коршиносон тарафҳои сиёсиву иҷтимоии мавзӯъро ба доираи баҳс мекашанд, вале ба омилҳои иқтисодии терроризм таваҷҷуҳи камтар зоҳир мегардад.

Дар ҳамин ҳол, Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, ки агар қаблан терроризм асосан объекти пажӯҳиши илмҳои криминология ва сиёсатшиносӣ буд, ҳоло дар таҳлили он тамоми илмҳои ҷомеашиносӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, низ шомил гаштааст. Мо дар суҳбат бо Аброр Мирсаидов мавзӯи терроризм ва паёмадҳои иқтисодии онро дар миён гузоштем, ки шарҳи мухтасари он чунин аст:
-Табиист, ки омодагӣ ва ташкили ҷиноятҳои террористӣ ва сифати экстремистидошта хароҷоти гаронро талаб менамояд. Аммо,   новобаста аз он, ки солҳои охир амалҳои террористӣ ва экстремистӣ  пай дар пай рух медиҳанд, далелҳои боэътимоди маблағгузории он расман ошкор нашудааст. Пешгирӣ ва муборизаи беамон алайҳи ин ҳодисоти мудҳиш, пеш аз ҳама бояд ба муайян намудану решакан кардани асосҳои молиявии он равона бошад. Аз ин лиҳоз, таҳлили иқтисодии ҳодисоти террористӣ ва ҳаракатҳои экстремистӣ дар низоми мубориза ба ин ҷиноятҳо нақши калидӣ дорад.
Коршиносони Институти иқтисодиёт ва сулҳи ҷаҳон (The Institute for Economics and Peace) мегӯянд, ки соли 2014 террористон ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳадде зиён расондаанд, ки то кунун бесобиқа будааст. Тибқи иттилои онҳо, соли 2014 ҳаҷми талафи иқтисодӣ 52,9 миллиард долларро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки ба ин рақам танҳо талафи дороиҳои  истеҳсоливу молиявӣ, фавт ва маҷрӯҳ шудани одамону муолиҷаи онҳо, гум кардани маош дохил шудааст. Агар хароҷот барои пурзӯр намудани амният, зиёд шудани андозаи суғурта, таъсир ба инфрасохтори шаҳрҳо ва ғайра  дохил мешуданд, пас ҳаҷми талаф боз бузургтар мешуд. Дар соли  2014 нисбат ба соли 2000 амалҳои террористӣ 10 маротиба афзудааст. Ҳаҷми талафи иқтисодии соли 2014 нисбат ба талафи иқтисодии соли 2013-ум 20 миллиард доллар зиёд аст. Даҳштовар он аст, ки харобазор гардондани тамаддуни ҳазорсолаҳо офаридаи  инсоният, ки арзиши иқтисодии беченак дорад, дар фаъ-олияти ғоявию амалии террористон ҷой гирифтааст. Ин ҳодисоти тамаддункушро таърихи башарият то ин замон надида буд.
Дар бисёр мамлакатҳои ноороми ҷаҳон террористон ба иқтисодиёти миллии онҳо талафи хеле калон расондаанд. Масалан, иқтисодиёти  Ироқ дар давраи солҳои 2005-2014 беш аз 159 миллиард доллар зиён дидааст. Дар Нигерия терроризм ба воридшавии сармоягузории хориҷӣ  таъсири манфӣ расондааст, ки танҳо соли 2010-ум 6,1 миллиард доллар ва ё 30 дарсадро ташкил медиҳад.
Мамлакатҳои Шарқи наздик ва Африқои Шимолӣ аз нигоҳи сурат гирифтани амалҳои  террористӣ нооромтарин минтақаи ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Беш аз 78 дарсади тамоми кушторҳо дар Афғонистон, Ироқ, Нигерия, Покистон ва Сурия дар пайи амалҳои террористӣ ба амал омадаанд. Гузашта аз ин, аз амалҳои террористиву экстремистӣ ҳаҷми бузурги сармояҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва инсонии ҷомеаи муосир, натиҷаҳои меҳнати созандаи инсонӣ талаф ёфта истодааст. Пас, терроризм ҳавасмандии инсонро барои бунёди арзишҳои нав заиф менамояд, эътимоди онро ба оянда ноустувор мегардонад, умуман ба қонунияти объективии инкишофи муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатҳо зарба мезанад.
Терроризм яке аз омилҳои ноустувории иқтисодиёти ҷаҳони имрӯз ҳам мебошад. Аз ин рӯ, тадқиқу таҳлили иқтисодии амалҳои террористии ҷаҳони имрӯз дар илмҳои иқтисодӣ ҷойгоҳи хос пайдо карда, пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки дар замони муосир таъсири манфии терроризм ба ҳаёти иқтисодиву сиёсии ҷаҳон хеле афзудааст. Агар қаблан терроризм муаммои давлатҳои алоҳида буд, имрӯз ба муаммои глобалӣ табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз, мафҳуми «терроризми байналмилалӣ», ки яке аз ҳодисоти манфии глобалиро ифода менамояд, ба майдон омад. Аз нигоҳи консепсияи геоиқтисодӣ терроризм аслан аз солҳои 70-уми асри гузашта шакли ҳодисоти устувори таърихи башариятро касб намуда, аз ҳодисоти эпизодӣ ба омили доимии ҳаётии тамоми олам табдил ёфтааст. Ҳодисоти куштори 11 нафар варзишгари изроилӣ аз ҷониби террористони фаластинии «Сентябри сиёҳ» дар олимпиадаи Мюнхен (соли 1972) ва куштори собиқ сарвазири  Италия А. Моро аз тарафи  «Бригадаи сурх» (соли  1978)  дар саҳифаҳои аввали таърихи терроризм сабт шудааст. То солҳои 90-уми асри гузашта ҷаҳон воқеан ҳам ба марзҳои нуфузи таъсир тақсим шуда буд ва ҳар тараф террористони «бегонаро» маҳкум намуда, террористони “худиро” аёну ноаён дастгирӣ менамуданд. Метавон гуфт, ки чунин ҷараён дар замони имрӯз низ идома дорад. Бинобар он, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва вазъи ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».
Ҳоло таъсири терроризм аз модели иқтисодиёти кишварҳо вобастагӣ дорад. Он дар кишварҳое бештар доман задааст, ки тавонмандии хешро аз даст дода, рукнҳои давлатдориашон заиф гардидаанд. Чунин вазъро сифати геоиқтисодии терроризм ва манфиатгароии қудратҳои ҷаҳонӣ, ки ҳадафи азнавтақсимкунии иқтисодиву ҳудудии ҷаҳонро доранд, ба миён овардааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2016    №: 246    Мутолиа карданд: 3664

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед