logo

фарҳанг

«ОДОБИ ИНСОН» АЗ ДИДИ ҲАКИМ ТИРМИЗӢ

Ҳаким Тирмизӣ, ки дар оилаи зиёӣ ба дунё омад, дар ҷавонӣ аз олимони шинохтаи замони худ таълим гирифтааст. Дертар бо мақсади рушди дониш ва таҷриба ба шаҳрҳои мутараққии мамолики Шарқ, аз қабили Балх ва Нишопуру Бағдод сафар карда, аз баҳсу мунозираҳои илмии уламои замон баҳраманд гаштааст. Бо шайхони номдори Хуросон Абутуроб ан - Нахшабӣ ва Аҳмад ибн Ҳадравайҳ муносибати дӯстона дошта, бо Яҳё ибн ал - Ҷалол ал - Бағдодӣ ҳамкорӣ кардааст. Асарҳои шайхи мактаби Шом Антокиро азхуд намуда, ба мартабаи шогирдӣ расидааст. Бо мактаби маломатиҳои Нишопур низ робита доштааст. Дар натиҷа, Ҳаким Тирмизӣ ба тариқати ҳакимияи суфия асос гузошта, таълимоти худро ба воситаи асарҳояш паҳн кардааст, ки дар ин бобат китоби «Давои дилҳо» – и Антокӣ ёрирасони ӯ шудааст.

Ҳаким Тирмизӣ баробари омӯхтани илмҳои исломӣ ва фанҳои табиӣ, барои офаридани асарҳои худ аз манбаъҳои  мухталиф истифода бурдааст. Ӯ муаллифи аввалини асарҳоест, ки дар онҳо оид ба ҳастӣ ва инсон баҳс меравад ва илмҳои антропология, психология, гносеология ва теологияро бо ҳам вобастааст.
Новобаста аз ин, дар асарҳои ӯ илмҳои антропология ва гносеология мавқеи алоҳида доранд. Ҳаким Тирмизӣ дар таҳқиқоти антропологии худ доир ба идора кардани фаъолияти инсон мавҷуд будани cе марказ: сар, дил ва шикам ҳарф задааст. Ба фикри ӯ сар хонаи ақл, шикам манбаи нафс ва дил сарочаи маърифат (дониш) буда, ориф  тавассути саъю риёзат вақте пардаи нафсро аз пеши нури илоҳӣ мебардорад, маърифати ирфонӣ ҳосил мегардад.
Яке аз мавзӯъҳои асосии асарҳои Ҳаким Тирмизӣ валоят (валигӣ) буда, ин мавзӯъ дертар дар мактаби Ибн ал - Арабӣ ривоҷ ёфтааст.
Умуман, Ҳаким Тирмизӣ зидди ҳамаи хислатҳои баде, ки аз ҷониби инсон содир мегарданд, мебошад. 
Доир ба шумораи асарҳои Ҳаким Тирмизӣ низ маълумоти гуногун мавҷуд аст. Аз ҷумла, олими мисрӣ Абдулфаттоҳ Абдуллоҳ Барака менависад, ки Ҳаким Тирмизӣ зиёда аз 400 асар офаридааст, наздик ба 60-тои он то ба мо расидаанд. Муҳаққиқи эронӣ Фарибо Мавлоӣ, ки таҳқиқоти худро ба ҳаёт, фаъолият, асарҳо ва нуқтаи назари ирфонии аллома бахшидааст, шумораи асарҳои ӯро 80 - то ҳисобида, доир ба онҳо маълумот додааст.
Аксарияти асарҳои Ҳаким Тирмизӣ дар ҳолати дастхат дар фонди дастхатҳои шаҳрҳои Париж, Қоҳира, Димишқ, Искандария, Истанбул, Лондон ва Тошканд маҳфуз аст. Барои мукаммал омӯхтани мероси илмии Ҳаким Тирмизӣ аз забони арабӣ тарҷума кардани асарҳои аллома аҳамияти муҳимро касб менамояд.
Рисолаи ирфонии «Адаб ун - нафс» («Одоби инсон») - и Ҳаким Тирмизӣ асари психологиест, ки аз нукоти ирфонӣ саршор аст. Дар ин хусус ба тавсифи муҳаққиқони эронӣ Фарибо Мавлоӣ, ки бо истинод ба шарқшиноси олмонӣ Б. Радтке натиҷа гирифтааст, метавон такя кард. «Адаб ун - нафс» асари яклухтест, ки аз чанд боби аз ҳам ногусастанӣ иборат буда, ба тарбияи ҷисми инсон тавассути қалби ӯ ва ба ин васила аз нафси ҳавои раҳоӣ ёфтан бахшида шудааст.
Дастхати асар иборат аз 32 саҳифаи рисола дар китобхонаи Асъад Афандӣ, таҳти рақами 1312 нигоҳдорӣ шудааст. Асари мазкур бори аввал аз ҷониби шарқшиноси англис Артур Арберри ва олими араб Абдулқодир соли 1947 дар Қоҳира чоп шудааст. Ин нашр аз 69 саҳифа иборат аст. Бори дувум аз ҷониби Аҳмад Абдураҳмон ас - Соиҳ соли 1993 дар нашриёти «Дор – ул - мисрийя ал - лубнанийя» - и Қоҳира рӯйи чопро дида, аз 130 саҳифа иборат аст.
Маънои ибораи «Адаб ун - нафс» «тарбияи бадан» буда, боби якуми асар низ «Адаб ун - нафс» ном дорад. Аммо аз ҷиҳати ифодаи мазмун ва моҳияти бобҳо, аз ҷумла, «Тарбияи тан», «Риёзати тан»,«Бовари қатъӣ ба Худо», «Хусусияти қалб», «Мадад», «Зинда шудан», «Ҳирси нафс» ва «Ҳирси нафс ба чӣ оварда мерасонад», ки дар онҳо тарбияи тан, тозагии ҳирс ва нафс, қалбро пок нигоҳ доштан сухан меравад, асар «Одоби инсон» ном гирифтааст.
«Адаб ун - нафс» бо хусусиятҳои психологӣ, ирфонӣ, фалсафӣ, антропологиаш аҳамияти бузургеро касб намудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати ирфонии асар дар тавҳид, тавассути бовари комил ба Офаридгор, таваккул, сабр ва ризо ифода ёфтааст. Барои ин танҳо ба воситаи риёзату ҷаҳд метавон аз нафси ҳавоӣ раҳо ёфт. Ин ва дигар мулоҳизаву  андешаҳо дар роҳи риёзат ва худшиносӣ ҷиҳатҳои фалсафии асарро ташкил медиҳанд. Ҷиҳатҳои антропологӣ ва психологии асар бошад, ба ҳам омезиш ёфтаанд. Онҳо тавассути мавзӯъҳои чун таъсири узвҳои бадани инсон дар ташаккули психологияи ӯ, инъикоси дунёи моддӣ ва маънавии инсон дар тимсоли қалб ва ҷисм ҳаллу фасл гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки «Адаб ун - нафс» бештар ба нуқтаи назари ирфонӣ такя карда, дар он мавзӯи психологияи инсон мавқеи асосиро ишғол намудааст. Муаллиф дар ин асари худ оид ба манбаи хулқи бад ва аъмоли бади инсон – нафси бад ва роҳҳои мубориза бар зидди он сухан рондааст.
Комилҷон РАҲИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2016    №: 246    Мутолиа карданд: 2049

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед