logo

иҷтимоиёт

АДАМИ ЭҲТИРОМ. Ё ЧАРО ДАР БАРОБАРИ БЕАДАБОН ХОМӮШЕМ!

Субҳи дирӯз воқеаи ҳузнангезе рух дод. Дар хатсайри 13-и шаҳри Душанбе дохили нақлиёти мусофирбари маъмул бо номи Старекс мусофирон ҳамроҳи ронандаву кондуктораш дар маҷмӯъ 15 нафар мерафтанд. Ҳол он ки дар мошини хурд кондуктор як шахси зиёдатист. Аз роҳ як нафар зани солхӯрдае ба мошин нишаст ва кондуктор ҳам ба зӯрӣ худро ғунҷонд, шумораи одамон ба 16 расид. Зан дилгир шуд ва фиғон баровард: аз оне, ки болои сарам истода, ҷои тангро тангтар мекунӣ, нафасгир шуда истодаам, ба як мошини хурд пулчин чӣ лозим?
Ин шиква шунида шуду маломати кондуктор оғоз шуд: агар маъқул нест, бо таксӣ рав, ба пулчинии ман кордор мабош, пули сӯзишвориву андози нақлиётро ту намедиҳӣ…
Албатта, аз байни мусофирон касе пайдо нашуд, ки ба чунин гуфтугузори нохуш ҳамроҳ шуда, аз ҳуқуқҳои зани солхӯрда дифоъ кунад. Зан, ки аллакай аламу номусаш боло гирифта буд, аз мошин фаромад, аз ҳамёнчаи худ 10 сомонӣ бароварда дар ҷои нишастааш гузошту оромона гуфт: «Писар, ин пулро бигиру худат бо таксӣ рав. Намехоҳам имрӯзҳо асаби ман барин даҳҳо модарҳоро абгор намоӣ. Дуввум ин ки, фарзандам бо ман то ҳол чунин муносибат накарда буд, ки ту бо ман кардӣ. Ба модарат тавфиқ мехоҳам»…
Ин ҳодиса як эътирозе буд ба рағми поймолшавии иззати нафси инсонӣ. Ва воқеан ҳам, шаъну шараф аз арзишҳои олии инсонист, ки месазад дар вазнинтарин давру замон ва ҳассостарин лаҳзаҳо дифоъ аз онҳо кард.
Нақлиёти мусофирбар ба ҳаракат даромад, аммо ногаҳ неруе маро водор кард, то бигӯям: «Нигаҳ доред!». Ман ҳам аз мошин фаромадам. Гӯё ҳамроҳонам низ ҳамин иқдомро интизор буданд, ки як-як аз нақлиёт пиёда шуданд. Бо вуҷуди ин, ду нафари дигар нафаромаданд ва мошин роҳашро идома дод. Ба ҳар ҳол, ҳамон рафтори одилонаву оқилонаи бонуи ношинос сабаб шуд, ки ҳадди ақал 7-8 нафар ба худ биёянду нангу номусашонро бедор кунанд, дарк намоянд, ки шаҳомату ашрофзодагии инсонро наметавон ба ду тангаи сиёҳ фурӯхт, ғурури худро наметавон дар пеши чашми ҳар касу нокас буғӣ карду кушт.
Аз дили ду нафар мусофире, ки бепарвоёна аз мошин нафаромада рафтанд, шояд гузашта бошад: «Ҳар касро сари худу савдои худ. Ба ман чӣ?». Албатта, ин беэътиноии шумо ҷавобгарӣ намехоҳад, аммо имрӯз не, фардо не, шояд пасфардои дигар ин моҷаро ба сари шумо, ба сари ҳамсару хоҳару ниҳоят модари шумо омаданаш мумкин аст.
Боре ба нақлиёт нишинеду ба ин ё он бонуе, ки дар баратон танг нишаставу аз расиши тану либосаш худро сахт ноҳинҷор ҳис мекунад, назари инсоф афканед. Нек дармеёбед, ки ба ҷои онҳо азизони мо бошанд, корд ба устухон мерасад.
Модаре, ки мо аз ҷон бештар дӯсташ медорему касе дар ҳаққаш ноҷо сухан гӯяд, шӯрида мешавем, шояд имрӯзҳо дар хатсайрҳои гуногуни шаҳр ба чунин муносибати дағал ва ноҳинҷориву дилшикастагӣ гирифтор бошанд. Шумо инро медонед, бовар дорам, ки намедонед!!!  Ман ҳам намедонистам, то замоне, ки шоҳиди чунин ҳодиса нагаштам.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2016    №: 246    Мутолиа карданд: 2445

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед