logo

иҷтимоиёт

РАҲМОНОБОД ОБОДИИ ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДА АЗ ОФАТИ ТАБИАТ

Ӯ дасти модари пирашро гирифта, аз ҳавлӣ берун шуд ва ба кӯдаконаш гуфт, ки аз пасаш оянд. Мардум ба талвоса афтода буданду садои гиряву фиғони занону кӯдакон ба фазо мепечид. Осмонро низ абрҳои тирафом фаро гирифта буд. Марде ба ёрии онҳо шитофт  ва ҳар ду кӯдакашро бардошта, ба баландие, ки аз он ҷо роҳ ба тарафи  Хоруғ мерафт, расиданд.

Ин ҳодиса тобистони соли гузашта, замоне ки Саврибегиму фарзандонаш ба деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ба аёдати модар омада буданд, иттифоқ афтод. - Рӯзи 22 - юми июл, тақрибан соати 15 хабари мудҳиши омадани селро расонданд ва аз тамоми сокинон хоҳиш карданд, ки зуд деҳаро тарк намоянд ва ба кӯҳ бароянд.  Ман ҳайрон будам, ки дасти модарамро гирам ва ё фарзандони хурдсоламро, - афзуд Саврибегим ва дар дидагонаш ашк пайдо шуд.
Дар идомаи роҳ модари Саврибегим Ёрмаҳмадова - холаи Амалбегим Абдуназарова нафасгир шуда, дигар маҷоли роҳ рафтан надошт. Саврибегим модарро  ба канори роҳ шинонд. Сели даҳшатнок барқосо бо шӯру шааф хонаҳои наздисоҳилиро чун хаспора бардошта, тагурӯкунон  мебурд. Саврибегим шоҳиди он гардид, ки сел чӣ тавр хонаи бародарашро валангор кард ва аз он осоре намонд. Аммо ба модараш дар ин бора ҳарфе нагуфт, зеро бе ин ҳам фишори ӯ хеле баланд буд. Вақте ки сел хонаи модарашро пахш кард, аз яъсу ноумедӣ дидагонаш пурнам гардид ва сарашро ба осмон бардошт, лабашро зери дандон гузошт, то аламу ғиреве, ки дар гулӯяш ҷамъ шуда буд, фурӯ барад ва модар аз ин ҳолат чизеро пайхас накунад. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиву намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомадагонро водор менамуданд, ки боз ба баландӣ бароянд. Вале модари Саврибегим тавони роҳ гаштан надошт. Аз ин рӯ, онҳо хостанд тавассути нақлиёт ба тарафи Хоруғ раҳсипор шаванд. Намояндагони мақомот ба ин амр иҷозат надоданд, зеро хавфи баъзе  аз манотиқи роҳро гирифтани сел вуҷуд дошт. Онҳо масъулиятро ба дӯши худ гирифта, ба роҳ баромаданд ва хушбахтона, бе ягон осебу ташвиш  ба маркази вилоят расиданд.
Баъди чанд рӯз ба деҳаи Барсем баргаштанд ва ба қавле дуд аз димоғашон баромад. Хонаҳоро вайрону валангор ёфтанд. Аз аксарияташ осоре намонда буд. Оҳи модар гӯё осмонро сӯрох мекард. Ба зарардидагони офати табиӣ дар ҳамворие баландтар аз деҳаи Манем хаймаҳо барафрохтанд. Бо ҳидояти Сарвари давлат ҳар рӯз аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат  ба онҳо ёрӣ, аз қабили маводи ғизоӣ, либосворӣ ва дигар амволи рӯзгор меомад.
- Аввалин мошине, ки омад, дар пеши он навиштаҷоти «Ёрӣ аз ҷавонони Хатлон» буд. Сипас, шоҳиди ёрӣ аз Кӯлобу Рашт, Ҳисору Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо гардидам, -  мегӯяд Саврибегим. - Ман он лаҳзаҳоеро, ки 29 июли соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назди зарардидагони офати табиат  омаданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Заррардидагон бо дидагони пурумед Сарвари раиятпарвари хешро истиқбол гирифтанд. Президенти кишвар онҳоро дилбардорӣ карда гуфтанд, ки ман барои шумо хона месозам. Пас аз ин дидор ва суханони Сарвари давлат мардум рӯҳбаланд гаштанд, аз дидагонашон ашки шодӣ равон шуд ва боварӣ ба фардои босаодати зиндагӣ дар вуҷудашон шӯълавар гардид. Муҳлати  хонасозӣ ду моҳ таъйин шуд. Воқеан, дар ин муҳлат хонаҳо бунёд ёфта, тамоми ашёи рӯзгорро  то  сӯзан муҳайё  намуданд. Мардум неруи иттиҳод ва ваҳдату якдилиро бештар ҳис карданд. Аслан, фоҷиа мардумро ба ҳам меоварад. Аз ин ҷост, ки Шайх Саъдӣ фармудааст:


Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Оре, дар як муддати кӯтоҳ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як дашти  беобу нообод деҳае бунёд гардид, ки бо тақозо ва исрори худи мардум онро Раҳмонобод номиданд.
Назар ба гуфтаи Саврибегим Ёрмаҳмадова, дотсенти кафедраи кимиёи татбиқии факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, як сайёҳи амрикоӣ ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз шаҳраки навбунёд ба ваҷд омада, иброз доштааст, ки ягон давлати абарқудрат дар чунин фосилаи кӯтоҳ ба зарардидагони офати табиат дар шароити баландкӯҳ чунин шаҳраке насохтааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2016    №: 246    Мутолиа карданд: 2346

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед