logo

иқтисод

ТАСАРРУФ. СУХАН ДАР БОРАИ АЗХУДКУНИИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ МЕРАВАД

Соли 2016 дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави вилояти Суғд роҳҳои зиёди аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллидошта таъмиру навсозӣ шуданд. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи таъмиру навсозии роҳҳо миёни шаҳру навоҳии Ҷаббор Расулов – Конибодом –Исфара ба маблағи зиёда аз 51 миллион доллар оғоз ёфт, ки то соли 2018 ба поён хоҳад расид.
Илова бар ин, аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ-мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту соҳибкорон даҳҳо километр роҳҳои байни шаҳриву маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд.
Тибқи иттилои Хоҷарой Латипова, сардори Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд, соли равон аз ҷониби идора дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8,4 километр, Зафаробод 7,5, шаҳри Бӯстон 2,6, шаҳри Гулистон 3, ноҳияи Ҷаббор Расулов  4, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 1,8 ва дар шаҳри Хуҷанд 5,8 километр роҳҳо мумфарш шуданд.
Вале боиси нигаронист, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми таъмиру навсозии роҳу пулҳо иштибоҳу камбудиҳо низ ҷой доранд.
Масалан, санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба нигаҳдории роҳҳои автомобилгард, истифодаи самараноки маблағҳои ҷудогардида, сифати роҳҳои навсохташуда ва таъмири роҳҳои дар истифода қарордошта аз ҷониби мақомоти прокуратура як қатор камбудиву қонуншиканиҳоро ошкор намуд.
Бино ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Пардазода, сардори шуъбаи назорати қонунгузории гумрук ва нақлиёти прокуратураи вилояти Суғд, сарфи назар аз корҳои анҷомшуда дар қисми таъмиру навсозии роҳу пулҳо қонуншиканиҳо ва қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ вобаста ба сифати таъмири роҳҳо ба чашм мерасанд.
Санҷиш нишон додааст, ки ҳарчанд роҳҳои автомобилгарди шаҳраки Ғафуров-Овчиқалъача дар 6 километр ба тозагӣ таъмири ҷорӣ гузаронда шуда бошад ҳам, иҷрои кор куллан бесифат буда, аллакай ниёз ба таъмир пайдо шудааст. Роҳҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ёва то маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд қисман фарсуда шудаанд. Роҳи автомобилгарди қисми болои маҳаллаи 18-ум то 3-юми шаҳри Хуҷанд дар 3 километр вайрон гардида, ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиётро халалдор месозанд. Якчанд пулҳо дар Ҷамоати деҳоти Хонаобод ва деҳаи Офтобрӯяи Ҷамоати деҳоти Навгилеми Исфара дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва бояд таъмир шаванд. Аломатҳои одитарини роҳ дар ин ҷо насб нагардидаанд. Оид ба иқтидори вазнбардории пулҳои мошингузар низ аломате мавҷуд набуда, дар ҳолати ҳаракати мошинҳои вазнашон аз 10 тонна бештар сар задани садамаҳо аз эҳтимол дур нест.
Таҳлилҳои прокурорӣ баёнгари онанд, ки дар минтақаҳои роҳҳои автомобилгарди Шӯрчӣ-Рӯдакӣ, Куркат-Ширини ноҳияи Спитамен дар масофаи 11,8  километр, Бобоҷон Ғафуров-Булоқ-Пунгон дар масофаи 8 километр ва даромад ба шаҳраки Адрасмон 25 километр, Исфара-Ворух 17 километр даромад ба шаҳраки Шӯроб 7 километр, даромад ба ноҳияи маркази Деваштич ба масофаи 16 километр муддатҳои зиёд аз таъмир берун монда, ҳолатҳои садамавиро зиёд карданд. Мутаассифона, то ба имрӯз ин масъалаҳо ҳалли худро пайдо намекунанд. Бинобар гузаштани муҳлати истифодаи роҳҳои автомобилгарди зикршуда вайроншавии қабати мумфарши онҳо ба миён омадааст, ки ниёз ба таъмири асосӣ доранд.
Дар ҷараёни санҷишҳо ҳолатҳои азхудкунӣ ва исрофкории маблағҳои буҷетӣ ҳангоми таъмиру навсозии роҳҳои нақлиётгард низ ошкор ва дар доираи қонунгузорӣ чораҳои мушаххас андешида шуданд. Ҳамзамон, зимни санҷиши ҳифзи моликият, бахусус техника ва таҷҳизоти техникӣ сарфи мақсадноки маблағҳо барои таъмиру навсозии роҳҳо қонуншиканиҳо ошкор ва дар ин замина ҳафт ҳолати ҷинояткорӣ сабт шудааст.
Масалан, сармуҳосиби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Деваштич Зарулло Саъдуллоев давоми солҳои 2015 ва 10 моҳи соли ҷорӣ бо роҳи нодуруст ҳисоб кардани маблағҳои музди меҳнати кормандони дар рухсатӣ қарордошта, нодуруст нархгузорӣ кардани маводи харидшуда барои таъмири роҳҳо ё исрофкории маблағҳои буҷетӣ 7 ҳазору 136 сомониро тасарруф кардааст. Ё ин ки мудири амволи ин муассиса Муҳаддис Шокирова бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш моҳҳои феврал-марти соли равон ҳангоми таъмири роҳҳо ба азхудкунии маблағи хариди сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 1 ҳазору 734 сомонӣ даст зада, ба буҷет зарар расондааст. Дар ноҳияи Ашт низ масъулони соҳа Содирҷон Ҳошимов ва Муҳиддин Абдуллоев бо роҳи барзиёд нишон додани ҳаҷми кор дар санадҳои иҷроиши онҳо ба миқдори 23 ҳазору 886 сомонӣ маблағҳои буҷетиро азони худ карданд.
Тибқи  фармоиши идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳбари ҶДММ «Хуҷандроҳ» Шуҳрат Ашӯров ҳамчун пудратчӣ ба ҳисоби 6,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ корҳои таъмиру сохтмонро гузаронда, бо роҳи барзиёд нишон додани арзиши масолеҳ ва сохтакории борхатҳои хароҷотӣ 81 ҳазору 531 сомонӣ маблағи буҷетиро азони худ кардааст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2016    №: 246    Мутолиа карданд: 1542

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед