logo

сиёсат

ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ. НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БЕДОРИИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Имрӯз мо дар марҳалаи хеле ҳассос ва таърихӣ қарор дорем. Вазъи ноороми ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани равияҳои гуногуни бегонаи динӣ - иртиҷоӣ, ки ба анъана, расму оин, таъриху фарҳанги мо ягон иртибот надоранд, миллати тоҷикро водор месозанд, ки  аз ҳарвақта дида бештар ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамкорӣ, ахлоқи ҳамида, худшиносии таърихию фарҳангӣ рӯ биёрад. Дар ҳалли ин масъалаҳо, яъне эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар ин рӯҳия ташаккул ва такомул ёфтани худшиносии миллат асари бунёдии арбоби намоёни давлатию сиёсӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» нақши муассир дорад.
Диққати муаллифро, пеш аз ҳама,  ҷанбаҳои   асосии пайдоиш ва инкишофи давлатдории миллии тоҷикон дар аҳди Сомониён  ба худ ҷалб сохтаанд, ки дар  ташаккули худшиносии миллӣ нақши  бориз доранд. «Шубҳае нест, ки, - зикр мекунад  Эмомалӣ Раҳмон, - яке аз сарчашмаҳои асосии худшиносии миллӣ маҳз дӯст доштан ва рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихору қаҳрамононаи халқи худ, ҳифз ва инкишофи мероси маънавии ниёгон ба шумор меравад». Дар  ин замина муаллиф таъкид менамояд, ки мо бояд аз омӯзиш ва  эҳёи нусхабардоронаи таъриху фарҳанги қадима ва асримиёнагии тоҷикон даст кашем. Ва таърихро, чи тавре ки буд ва эҷод  шуд, ҳамон тавр омӯзем, аз вай сабақ гирем, то ки хатоиҳо ва иштибоҳҳои гузаштагонамонро  дар давраҳои гуногуни таърихӣ такрор накунем. Дар таърих ҳама ҳодисаҳо як бор ба вуқӯъ мепайванданд. Таърихи инсоният бебозгашт ва такрорнашаванда аст. Масалан, таҷрибаи давлатдории Сосониён дорои хусусиятҳои хоси худ буда, нодир ва арзишманд аст. Муаллиф мехоҳад бори дигар ба хонанда гӯшрас намояд, ки мо бояд мероси пурғановати фарҳангию таърихиеро, ки аҷдодони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаанд, ҳифз ва нигоҳ дорем. Аммо онро айнан такрор ва нусхабардорӣ накунем. Чунки таҷрибаи таърихӣ ва фарҳангии  гузаштагонамон  минбаъд, яъне баъди чандин даҳсолаҳо ва ҳазорсолаҳо, дар шакли тамоман дигар,  дар намуди дигар зоҳир шуда, идома меёбад. Ва, агар мо хоҳем, ки фардои боэътимод дошта бошем, бояд пайвастагии имрӯзу гузаштаро хирадмандона ва боэҳтиромона ба роҳ монем  ва ба  гузаштаи  худ ҳамчун ба мактаби ҳикмат, ахлоқ, давлатдорию донишомӯзӣ нигоҳ кунем.
Дар ин ҷо муаллиф ба чанд масъалаи сирф назариявию методологӣ рӯ ба рӯ мешавад. Чӣ тавр метавон имрӯзро бо гузашта пайваст намуд, дар сурате, ки  ҳаёти имрӯза ҷиҳатҳои тамоман навро дорост? Чӣ тавр аз он ғояҳо, ақидаҳо ва таълимоти ифротие, ки дар таърихи миллати мо рух дода буданд ва ҳоло барои миллати мо хатарнок мебошанд, раҳоӣ ҷӯем?
Эмомалӣ Раҳмон ба ин савол ҷавоби эътимодбахш дода, таъкид менамояд: «Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриодӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Охир, як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, пеш аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошанд. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳакими одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд».
- Мо, давом медиҳад фикрашро муаллиф,- ба таърих ҳамчун ба мактаби таҷрибаи ҳаёт, худшиносии миллӣ, дарси давлату давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ ва баҳри амиқ фаҳмидани имрӯзу оянда рӯ меорем ва онро меомӯзем. Барои асоснок намудани хулосаҳояш муаллиф ба  манбаъ ва сарчашмаҳои гуногуни эътимодбахши таърихӣ рӯ оварда, баҳси  илмӣ ороста, ба мисли  «хиради кулли» Гегел сайри дарки таърихи ҷаҳонӣ карда, давраҳои асосии камолот ва ташаккули халқи тоҷик ва фарҳанги онро дар заминаи равандҳои ҷаҳонӣ борикбинона ва мӯшикофона  нишон додааст.
Муаллиф бо таассуф таъкид мекунад, ки таърихи халқи тоҷик пур аз ҳодисаҳои фоҷиабор ва даҳшатангез аст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо аз тарафи кӯчиёну ғоратгарон вайрону валангор шудани ҳазорҳо масоҷиду хонақоҳҳо, шаҳрчаҳою қалъаҳо, қасрҳои муҳташами шоҳон ва сарзаминҳои ҳосилхезу шукуфон шуда метавонад.
Халқ аз ҷониби ғосибони бегона борҳо таъқибу таҳқир дидааст, вале ҳеҷ гоҳ аз асолати миллии худ даст накашидааст. Дар ҳеҷ гуна вазъият ӯ шараф, номус ва ифтихори миллии худро аз даст надод. Забону фарҳанги худро гум накард. Ба ҷисму рӯҳи ӯ гарду чангу ғубори таърих ҳам сироят карда натавонистааст.
Муаллиф ҳамчун тадқиқгари комилан касбӣ бо далелҳои раднашаванда алоқамандии омилҳои табиию иқлимӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва рӯҳиву маънавиро, ки дар натиҷа ба ташаккул ва инкишофи тамаддуни халқи тоҷик мусоидат намуданд ва мероси маънавии ӯро ғанӣ гардондаанд, мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Дар қатори дигар омилҳо ба бунёди роҳҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Оид ба аҳамият ва зарурати роҳҳо дар инкишофи тамаддун ва давлат менигорад: «Тавассути Шоҳроҳи бузурги абрешим ба сарзамини аҷдодии мо на танҳо молу матоъ ва маводи рӯзгор интиқолу мубодила мегардид, балки осори тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ роҳ меёфт. Роҳи бузурги абрешим бо роҳу пайраҳаҳои  сершумораш дар ҷисми сарзамини ниёгони мо - Бохтару Суғди қадим мисли рагҳои хунгарде буд, ки ҳаёти маданиву иқтисодии шаҳрҳоро ба гардиш меовард, бунёди бозору корвонсаройҳоро тақозо мекард, ба рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳунармандӣ мусоидат менамуд».
Ҳамин тавр, ба ифодаи муаллиф, роҳҳо минтақаҳоро бо ҳам  алоқамандӣ мебахшиданд, ба ривоҷи савдо мусоидат мекарданд, ба рафтуомади халқҳо тавсеа мебахшиданд ва ба ин восита ба ғанӣ гардидани маънавиёти табақаҳои иҷтимоию маданӣ шароит фароҳам меоварданд. Роҳи бузурги абрешим чун дигар роҳҳои бешумори алоқа дар тӯли асрҳо ба инкишофи мамлакатҳо, пешгирии буҳронҳои иқтисодӣ, таҳкими шаъну шукӯҳи давлат ва афзудани арзишҳои мадании халқи тоҷик мусоидат намуд. Дар китоб ба таври рӯшан сарзамини қадимаи Бохтар, ҳамсоли оғозёбии таърихнависӣ, макони устураҳои қадима ва афсонаҳо, музеи абадии таърих тасвир меёбад.
Дар асар омадааст, ки ҳар як инсон бояд муқаддасоти хешро дошта бошад. Бе муқаддасот инсон наметавонад  кору зиндагӣ карда, ба мақсади ниҳоии худ расад. Ҳар як миллати мутамаддин арзишҳои худро дорад.  Дар илми фалсафа муқаддасотро арзиш меноманд. Мо бештар дар бораи онҳо аз минбарҳои баланди давлатӣ ва дар мубоҳисаҳои илмӣ сухан меронем. Яке аз чунин муқаддасоти миллат шиносномаи аҷдоди ориёҳо «Авасто» мебошад. Ба ин рисолаи таърихӣ дар асари худ Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус медиҳад.  Дар асоси таҳқиқи амиқи сарчашмаҳои нодири таърихӣ ва таҳлили матнҳои худи «Авасто», муаллиф аҳамияти  ин ёдгории таърихиро дар омӯзиши паҳлуҳои гуногуни таърих, адабиёт,  санъат, устурашиносӣ, фалсафа, диншиносӣ, кайҳоншиносӣ, ситорашиносӣ, ҷуғрофия ва илмҳои дигар  махсус зикр намудааст. Матнҳои «Авасто» оид ба илм ва тарзи зиндагию маишии халқҳои ориёӣ, анъанаву суннатҳои онҳо маълумоти зиёде медиҳанд. Дар ин матнҳо тасаввуроти нахустини аҷдоди мо оид ба хайру шарр, усулҳои  тарбияи фарзандон, муносибати эҳтиромона ба замин, об, оташ ва ғайра инъикос ёфтаанд. Маҳз дар ҳамин асос Эмомалӣ Раҳмон китоби «Авасто» - ро донишномаи нахустини аҷдодамон, гаҳвораи тифлии онҳо, ганҷинаи нахустини фарҳанги ориёӣ, гузаштаи тоҷикон ва бисёр халқҳои дигар номидааст.
Бохтару Суғдро гаҳвораи нахустдавлати тоҷикон шумурда, муаллиф зикр мекунад, ки бори аввал маҳз дар ин ҷо тасаввуроти парокандаи тоҷикон оид ба бунёди олам, гузашта ва ҳозира сарҷамъ шуда, раванди ташаккули худшиносӣ ва маърифати илмии ҷаҳон оғоз ёфт, тасаввурот оид ба вазифаи таърихии давлат ба миён омада ва ба бунёди идораи давлат  асос гузошта шуд. Ташаккул ва инкишофи забон, пайдоиши хат ва такмили тиҷорати фарҳанги шаҳриёна аз вуруди аҷдодони тоҷикон ба арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Моҳиятан ин давраи инкишофи шаҳрҳои қадима буд.
Муаллиф қадам ба қадам, аз як сулола то сулолаи дигар раванди ташаккул ва инкишофи моддию маънавӣ, гузаштани халқи тоҷикро ба тамаддуни нав ва ҳамзамон, боло рафтани сатҳи худшиносии фарҳангию таърихии онро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст. Дар боби «Тахти Ҷамшед ва кашфи асрори се давра» муаллиф аз  ин ёдгории таърихӣ ёдовар мешавад. Ӯ дар харобаҳои Тахти Ҷамшед дастоварди беназири санъати меъмории даврони қадимро мебинад, ки ҳосили заҳмати бисёрсолаи ҳазорон шаҳрсозону ҳунармандон будааст.
Дар харобаҳои Балхи куҳан, қасри шоҳ Кайқубод ва Тахти Сангин, дар вайронаҳои Афросиёб ва Варахша, дигар шаҳрҳои сӯхтаву вайроншуда, ба ифодаи муаллиф, таърихи зиндаи ҳазорсола ниҳон аст. Онҳо ҳамчун нишона аз рӯзҳои гузашта, ҳаёти пурмашаққату пурзаҳмат, кору пайкори гзаштагонамон чун панде ба наслҳои имрӯзаву оянда боқӣ мондаанд.
Муаллиф баъди сайри таърихи ҳазорсола ба таҳлили таърихи имрӯза мепардозад ва аз қуллаи асри нав ба роҳи тайкарда нигариста, мекӯшад  дурнамои миллатамонро муайян кунад, зеро мо, яъне насли имрӯза, ҳалқаи навбатие дар занҷири таърихи  миллатем, ки се давра ва се замонро бо ҳам мепайванданд. Муаллиф дар асоси омӯзиши гузашта имрӯзро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ба фикри ӯ, дар замони ҷаҳонишавӣ ва тақдирсоз,  ки бисёр халқу миллатҳо роҳи ояндаи худро интихоб мекунанд, ба мо - тоҷикон зарур аст, ки гузаштаи дуру наздики худро таҳлил намоем, аз таърих сабақ бардорем, мавқеъ ва нақши худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созем. Чунки таърих ба мо имкон медиҳад, ки дар ҳар як давру замони инкишофи миллат ба пастию нишебӣ, бархостану афтоданҳои он нигоҳ накарда, саҳми наслҳоро  дар ганҷинаи моддию маънавии инсоният равшан муайян намоем. «Танҳо тавассути ба даст овардани худшиносии миллӣ имконият ва тамоюли ояндаро муайян кардан, асосҳои мустаҳкамеро, ки наслҳои нав рӯи онҳо зиндагии худро хоҳанд сохт, бунёд намудан имконпазир аст», - менависад Эмомалӣ Раҳмон. Ҳақ ба ҷониби муаллиф аст, ки мегӯяд: «Бе донистани таърих худшиносии миллӣ нест, ватандӯстӣ нест, ворисияти наслҳо имкон надорад. Бе гузаштаи таърихӣ ифтихори миллӣ ба худпарастии миллӣ ва ватанпарастии дурӯғин табдил меёбад».
Моҳияти илмии асари мазкур дар он аст, ки муаллиф нигоҳашро ба замонҳои қадим дӯхта, мекӯшад гузаштаи бузурги миллати тоҷик, дирӯзу имрӯзи ӯро мавриди омӯзиш  ва баҳрабардорӣ қарор диҳад. Хизмати шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар илми ҷомеашиносии тоҷик, агар мухтасар номбар кунем, пеш аз ҳама, иборат аз ҷустуҷӯи  ҳақиқату адолати таърихӣ, нишон додани саҳми халқи тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ, муайян намудани решаҳои таърихии он дар эҳёи рӯҳияи миллӣ, ифтихор аз миллату аҷдоди хеш, ташаккули худшиносии миллӣ мебошад.
Абдусамад САМИЕВ,
доктори илмҳои фалсафа,
профессори  Донишгоҳи славянии Русия - Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2016    №: 246    Мутолиа карданд: 2299

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед