logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "МО ШАРОИТИ ОЗОДИ РАҚОБАТРО ФАРОҲАМ ОВАРДАЕМ".

 

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НАМОЯНДАГОНИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРИЮ МОЛИЯВИИ ШРИ - ЛАНКА

Имрӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка дар шаҳри Коломбо мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин кишвар баргузор шуд.
Дар оғоз сурудҳои миллии Тоҷикистону Шри - Ланка садо дод ва  чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Шри - Ланка Ҳарша Де Силва ифтитоҳ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорон суханронии пурмуҳтаво намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон ин мулоқотро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодии кишварҳо арзёбӣ карда, барои доираи васеи намояндагони соҳибкорию молиявии Шри - Ланка имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолатҳо ва имтиёзҳои зиёдеро муқаррар намудааст, аз ҷумла дар доираи Кодекси андоз барои пешрафти соҳибкорӣ беш аз 240 номгӯйи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо шароити озоди рақобатро, ки ба тиҷорат ва воридоту содироти озоди сармоя, мубодилаи пурраи дохилии асъор мусоидат менамоянд, фароҳам овардаем. Узвияти кишвари мо дар Созмони умумиҷаҳонии савдо аз мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.
Лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори туризм, иртибототу нақлиёт, содироти оби нӯшокӣ барои кишвари мо аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо доираи соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.
Аз доираи соҳибкорон ва сармоягузорони Шри-Ланка даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу мутақобилан судманд ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаҳои занбӯриасалпарварӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, нахи пахта ва алюминийи аввалия, ҳамчунин рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳӣ, ки ба шарикони байналмилалӣ аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоваранд, иштирок намоянд.
Дар анҷоми мулоқот имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ба таври муфассал муаррифӣ гардида, миёни аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони доираи тоҷирону сармоягузорони Шри - Ланка мубоҳисаи судманд баргузор шуд.
Дар ҳамин ҷо ба хотири рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Шри - Ланка ва Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи тиҷорати Коломбо оид ба рушди тиҷорати дуҷониба ва ҳамкории соҳибкорони ду кишвар ба имзо расид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2016    №: 246    Мутолиа карданд: 1870

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед