logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

КАНАЛИ МАГИСТРАЛИИ ВАХШ
Сохтмони зарбдори умумииттифоқӣ ва нахустин иншооти миқёсан бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали солҳои 30-юми асри гузашта буд. Канал иншооти асосии шабакаи обёрии водии Вахш мебошад. Аз дарёи Вахш об гирифта, тӯлаш 28,7 км, бараш ба ҳисоби миёна 36 м, чуқуриаш 4,5 м мебошад. Аз саргаҳ  210 м3/сония об мегирад. Баробари сохтмони НБО-ҳои Шаршара (1958) , Сарбанд (1963) ва Марказӣ дарозии Канали магистралии Вахш нисбат ба пештара хеле афзуд.
Канал дорои якчанд иншооти гидротехникӣ буда, ба шохаҳо: каналҳои Ҷӯйбор  (дарозиаш 25,6 км, сарфи об дар саргаҳ 52 м3/cония), Октябр (дарозӣ 2,6 км, сарфи об 21 м3/сония), Гулистон (дарозиаш 37,5 км, сарфи об 37 м3/сония) ,  Қумсангир (дарозиаш 61,2 км, сарфи об 51 м3/сония), Ҷиликӯлкофир бо поёнобаш канали Ҷиликӯл (35,2 км, сарфи об 36 м3/сония) тақсим мешавад. Ба воситаи канал 90 ҳазор га замин, аз ҷумла 55 ҳазор га пахтазори шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ обёрӣ мегардад.
Канали магистралии Вахш  13 сентябри соли 1933 ба истифода дода шуда, дар бунёди он бисёр коргарону муҳандисон ва мутахассисони шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Тошканд ва ИМА ширкат доштанд.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ

«МИНТАҚАИ 51»: МАВЗЕИ МАНЪШУДАТАРИНИ ДУНЁ
Дар биёбони Невада маҳалест, ки онро дар ягон харитаи ҷаҳон пайдо кардан натавон. Ин пойгоҳи махфии «Агеа – 51» («Минтақаи 51») мебошад, ки дар ҳудуди он тайёраҳои ҳарбиро аз санҷиш мегузаронанд ва ҳам табақчаҳои паррони ношинос (НЛО) - ро меомӯзанд. Аммо то чӣ андоза ин аниқ аст, яъне сарҳади ҳақиқат дар куҷо анҷом мепазираду марзи тахайюлот оғоз меёбад, маълум нест.
… соли 1955. Аёлати Невада, 150 километр ба шимол аз Лас–Вегас. Тайёраи хурдакаки якмуҳаррика дар болои биёбони беҳудуд чарх мезанад, як бор, ду бор… Дар кабинаи сарнишин Тони Jle Вир ва Дорси Каммерир нишастаанд. Ду рӯз мешавад, ки онҳо дар ҷустуҷӯянд. Онҳо мавзеъҳои зиёди пурнаҳси азёдбаровардаи Худоро дар Аризона ва Невада таҳқиқ кардаву акс бардоштанд. Ва ана Грум–Лейк — ҳамвории васеъ, аз гармӣ сӯхта ва аз ҳар тараф бо кӯҳҳо печида. Ин садди табиӣ касеро ба макони асосии шоёни дидан: дар наздикӣ майдони машқу санҷиш доман густурдааст, ки ба комиссияи оид ба неруи атом мутааллиқ аст ва дар ин ҷо бомбаҳои ҳастаиро месанҷанд,  роҳ намедиҳад. Тайёра дар болои ин маҳал каме чарх зада ғайб мезанад. Яке аз рӯзҳои моҳи январи соли 1955 ба охир мерасид. Ба наздикӣ ба ин ҷо сохтмончиёни аввалин меоянд…
Имрӯз дар Грум–Лейк иншооте ҷой гирифтааст бо номи «Минтақаи 51», вале дар харитаҳои топографӣ номаш нест. Вай номи худро солҳои 50 – уми асри ХХ ҳангоми иҷрои нақшаи нахустин гирифтааст. Дар ин нақша биёбони Невада, ки дар он бомбаи ҳастаӣ санҷида мешуд, ба минтақаҳои мураббаъшакли зиёд тақсим карда шудааст ва ҳар яке рақами алоҳидаи худро дорад. Аз ҳама махфиаш рақами 51 ба ҳисоб меравад, ки бо деворҳои баланд иҳота гаштааст. Дар паси ин деворҳо чӣ асрорест?
Бо ин минтақа овозаҳои ҳайратангезу шигифтовар ва ақлнопазир алоқаманданд: гӯё дар ин ҷо аҳли сайёраи бегона ва табақчаҳои ношиноси паррон омӯхта мешуда бошанд. Деворҳои осмонбӯс дар назди техникаи имрӯза чӣ садде буда метавонанд? Ба дохили он назар медӯзем!
Аз зери замин ангарҳо, хонаҳо, зарфҳои бузурги захираи сӯзишворӣ, роҳҳои асфалтпӯш, ки аз ҳама дарозтаринаш ба 9600 метр мерасад, ба чашм мехӯранд. Дар аксҳои тавассути спутникҳо гирифта зиёда аз 100 иншоот: театр, ҳавзи шиноварӣ, хобгоҳҳо ва биноҳои хизматиро дидан метавон. Шаҳраки ҳақиқӣ! Бузургтаринаш «Ангар – 18» аст, ки дар он тайёра бо ҳамроҳии киштии кайҳонии «Спейс шаттл» ҷой мегирад. Бунгоҳҳои зиёди назоратӣ ва нақбҳо сохта шудаанд. Аз таваққуфгоҳи махсуси фурудгоҳи Лас – Вегас ҳар рӯз тайёраҳои «Боинг – 737» то 1500 нафарро ба биёбони Невада меоранд. Ҳамаи онҳо кормандони «Минтақаи 51» мебошанд. Касе, ки ба деворҳои ин ҷо наздик меояд, 6000 доллар ҷарима мешавад. Вале ҳастанд шахсоне, ки дар тарабхонаи хурдакаки Little A’Le’Inn («Майдаяки И. Н. Планетянин»), баъди се – чор қадаҳ бардоштан махфиёна аз асрори ин минтақаи махфӣ хабар диҳанд. Мегӯянд, ки дар паси ин деворҳои баланд киштии кайҳонии аз дигар сайёраҳо парида омада ва кайҳоннавардони онҳо нигоҳ дошта мешаванд ва ҳам табақчаи паррони ношиноси соли 1947, ки онро дар мавзеи Розуэлли Ню – Мексико дида буданд, дар ҳамин ҷост.
Ҳамаи овозаҳо аз куҷо сарчашма гирифтаанд? Яъне, гӯё моҳҳои июн ё июли соли 1947 (ҳатто моҳаш аниқ нест) кадом фермере бо номи Уилям Брезел аз ҳавлиаш 11 километр дуртар шикастапораҳои аҷоибро дарёфт кардааст. 8 июл Уолтер Хот ба журналистон қоил гашт, ки шикастапораҳои «табақчаи паррон» - и ёфтаи онҳоро ҳарбиён бурда дар ҷое пинҳон кардаанд. Худи ҳамон рӯз оҷонсии United Press Association ин хабарро пахш намуд ва дигар рӯзномаҳо онро паҳн намуданд. Аммо ҳарбиён изҳорот доданд, ки як метеоаэростати онҳо ба садама дучор шуд ва шикастапораҳо ба вай дахл доранд. Ҳамин тавр шавқ ба «асрори Розуэлл» худ ба худ аз байн рафт. Вале хоҳари шафқате навиштааст, ки ӯ ҷасадҳои кайҳоннавардони бегонаи ба садама афтодаро аз наздик дида буд. Баъди ин боз дар расонаҳо ҳангомаҳо авҷ гирифтанд. Аммо касе ин хоҳари шафқатро бо чашмаш надидааст. 
Ҳарбиёни амрикоӣ қоил мешаванд, ки дар пойгоҳи онҳо ягон хел НЛО нест, лекин ҷонибдорони «табақчаҳои паррон» бовар доранд, ки онҳо ҳастанд ва он рӯз дур нест, ки ҳақиқат ба рӯи об мебарояд. Шояд ягон вақт парда аз асрори ин хабар низ бардошта шаваду мо шоҳиди ҳақиқат гардем.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

ШАХС ВА ШАХСИЯТ
Дар замони шӯравӣ ба адибон ҳангоми нашри асарҳояшон ҳаққи қалами хубе медоданд. Агар теъдоди нашр, яъне адиб хонандаи зиёд дошта бошаду ҳаҷми асар бузург, ҳаққи қалам боз ҳам меафзуд. Нависандаи машҳури рус Олешко, ки қиссаву романҳои калонҳаҷм менавишту хонанда ҳам дошт, аз чунин бахт бенасиб набуд.
Боре Олешко барои гирифтани ҳаққи қалам ба хазинаи нашриёте сар мезанад. Хазинадор, ки корманди нав ва аз адабиёт бехабар буд, бо иллати бо худ надоштани шиноснома аз додани маблағи таъйиншуда худдорӣ мекунад.
- Ба шумо маблағро диҳаму пагоҳ каси дигар омада худро Олешко муаррифӣ намояд, чӣ мегӯям? – гуфт корманди нав.
- Ташвиш накашед, бародар, - посух медиҳад бо мулоиматӣ нависанда. - Чунин як Олешкои дигар дар сад соли дигар ҳам пайдо намешавад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ

НОМГУЗОРӢ. ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ
Вобаста ба номгузорӣ дар мамолики пешрафтаи дунё кайҳо боз қонуну қоидаҳои махсус амал мекунанд. Барои мисол дар Олмон аз рӯйи талаботи муқарраршуда дар номи шаҳрвандон бояд унсурҳои муайянкунандаи ҷинсият мавҷуд бошанд, яъне ба духтарон гузоштани номҳои дорои хосияти мардӣ мумкин нест. Ҳамзамон, ба одамон додани номҳое, ки шахсро аз ҷиҳати рӯҳӣ озор дода метавонанд, қатъиян манъ шудаанд. Ба кӯдакон гузоштани номи ашёҳо низ мамнӯъ мебошад.
Тибқи қонун дар Шветсия номҳое, ки шахсро нороҳат месозанд ва ё номҳое, ки бо сабабҳои гуногун ба номгузорӣ иртибот надоранд, сабт карда намешаванд. Дар Дания рӯйхати 7000 номҳои иҷозатшуда мавриди амал қарор дорад.
Аз соли 1991 дар Исландия кумитаи махсус оид ба номгузорӣ  созмон дода шудааст. Кумита  «Феҳристи миллии номҳо» - ро таҳия намуда, раванди риоя шудани онро назорат менамояд. Агар номи интихобнамудаи падару модари кӯдаки навзод дар феҳрист набошад, пас барои гузоштани он боҷи давлатӣ ситонда мешавад. Дар Португалия ҳам ба рӯйхати миллии номҳо аҳамияти махсус дода мешавад. Аз ҷумла, ба кӯдакон гузоштани номҳое, ки дар таркибашон ҳарфҳои португалӣ надоранд, манъ аст. Ҳамчунин, ба кӯдакон гузоштани тамоми номҳои хориҷӣ, қатъи назар аз шабоҳаташон ба номҳои португалӣ, манъ шудаанд.
Таҳияи Умари ШЕРХОН

ЧАТРИ ДОНО
Собиқ муҳандисони ширкати Samsung чатри «доно» - и Opus One – ро ихтироъ намуданд. Пеш аз ба кӯча баромадан истифодабаранда аз дастаки чатр дошта, онро бояд сахт афшонад. Пас аз иҷрои ин амал индикатор ранги сабз ё сурхро нишон медиҳад. Ин ишора ба он аст, ки ҳаво боронӣ ё офтобӣ мешавад.
Чатри мазкур тавассути Blutooth фаъол мегардад. Инчунин, касро дар бораи зангҳо ва СМС паёмакҳои воридотӣ огоҳ карда метавонад. Агар истифодабаранда смартфони худро фаромӯш карда, аз мавқеи ҷойгири он хеле дур равад, чатри доно бо ба ларзиш даромадани дастааш дар ин бора соҳиби худро хабардор мекунад.
Таҳияи Л. ШАРИФ

«КАМП НОУ» – БУЗУРГТАРИН МАЙДОНИ ФУТБОЛИ АВРУПО
Чунин ном дорад аз машҳуртарин ва бузургтарин майдони футболи Аврупо, ки дар пойтахти вилояти мухтори Каталонияи Испания – Барселона қомат афрохтааст. Аз забони каталонӣ мафҳуми «камп ноу» маънои «замини нав» ё «майдони нав»-ро дорад. Майдон ба дастаи футболи «Барселона» тааллуқ дошта, гунҷоишаш  99 354 тамошобинро ташкил медиҳад. 
Бунёди майдони «Камп Ноу» моҳи марти соли 1953 оғоз ёфта, 24 сентябри соли 1957 ба анҷом мерасад. Ҳангоми ифтитоҳ он бо гунҷоиши 90 000 тамошобин яке аз майдонҳои калонтарини ҷаҳон ба ҳисоб мерафт.
Дар ибтидо ба нақша гирифта буданд, ки майдонро ба номи асосгузори дастаи футболи «Барселона» –  Ганс Гампер мегузоранд, вале, баъдан, аз ин ният даст кашиданд. Пас аз ҳафт соли бунёди майдон, президенти вақти дастаи «Барселона» Энрик Лаудет ба хотири гузоштани номи расмӣ ҷаласа даъват намуд, ки дар он майдон ба худ номи Estadio del Club de Futbol Barcelona (майдони дастаи футболи «Барселона»)-ро гирифт. Аммо, қатъи назар аз ин, миёни халқ онро ҳамчун «Камп Ноу» ном мебурданд. Аз ин рӯ, соли 2001 президенти навбатии дастаи «Барселона» Хуан Гаспар ҷаласаи нав даъват кард ва бо бештари овозҳо ба майдон номи «Камп Ноу» гузошта шуд. 
Қобили зикр аст, ки соли 1989 дар ҳудуди майдони «Камп Ноу» осорхонаи дастаи футболи «Барселона» ифтитоҳ ёфт, ки он дар баробари калисои Саграда Фамилия ва Кушки Милаи вилояти Каталония мавзеи сертамошобин ба ҳисоб меравад ва то имрӯз аз он наздики 15 миллион нафар боздид ба амал овардааст.
Масоҳати «Камп Ноу» 55 000 метри мураббаъ буда, баландиаш 48 метрро ташкил медиҳад. Соҳибмулкони он ният доранд, ки дар ояндаи наздик «Камп Ноу»-ро таҷдиду азнавсозӣ карда, гунҷоиши онро ба 105 000 расонанд. 
Ш. ШОКИР

ПОДОШ
Зан дар зимистони бас сард барои мурғакон, парандаҳо он рӯз ҳам дон пошид ва бо андуҳ ба дил гуфт: «Охирин захираи донамро барои шумо додам. Намедонам, ки фардо бароятон чӣ бидиҳам». Фардо дон пайдо кард ва хост онро бо шодмонӣ бипошад. Аммо ҳеҷ мурғаке, парандаеро дар он ҷо надид. Рафта ва дар он қитъаи замин, ки дон мехӯрданд, ангуштарини тилло гузошта буданд.
Абдулқодири РАҲИМ

КАДОМ САБАҚҲОИ ЗИНДАГИРО ТО 30 – СОЛАГӢ БОЯД АЗ ХУД КАРД?
1. Зиндагии шумо аллакай оғоз ёфт. Дар он танаффус намешавад. Зиндагӣ тафсири озмоишӣ нест. Ҳар қарори шумо аҳамият дорад.
2. Дӯстони мукотибавӣ дӯстони ҳақиқӣ нестанд. Бисёри онҳо ба шумо кор надоранд ва вақте бо фалокате дучор мешавед барои дастгирӣ намеоянд.
3. Раванди омӯзиш бо хатми донишгоҳ хотима намеёбад. Донишҳо барои муваффақияти шумо ниҳоят муҳиманд. Агар аз зиндагӣ ақиб мондан нахоҳед омӯзишро қатъ накунед.
4. Аз ҳама шахсони муҳим дар зиндагии шумо аъзои оилаатон  мебошанд. Танҳо барои онҳо сиҳативу муваффақияти шумо воқеан ҳам муҳим аст. Ба қадрашон расед ва бо онҳо эҳтиёткорона муносибат намоед.
5. Заифии шумо ягон аҳамият надорад. Ин воқеиятро дарк намоед. Танҳо ҷонибҳои қавии шумо аҳамиятноканд. Онҳоро мукаммал гардонед.
6. Ҳар кори арзанда вақтро талаб мекунад. Набояд умедвор шуд, ки ба мақсадҳои худ зуд комёб мешавед. Шояд он вақти бештареро фаро  гирад.
Макс ЛУКОМИНСКИЙ
(Аз русӣ тарҷумаи Ш. ҚУРБОН)

ЧИН. РАҚАМҲОИ АҶИБИ ИҚТИСОДӢ
Фурудгоҳи нави Пекин, ки соли 2019 ба истифода дода мешавад, бузургтарин терминали  нақлиёти ҳавоӣ дар ҷаҳон мебошад. Масоҳати умумии он наздики 2 700 гектар буда,  метавонад дар 1 сол қариб  ба 45 миллион мусофир  хизмат расонад. Барои сохтмони он  13 миллиард доллар ҷудо гардидааст.
***
Дар Чин беш аз 300 ҳазор  пул мавҷуд аст. Дарозии  ҳазортои  он зиёда аз  як километрро ташкил медиҳад.
***
94 дарсади маҳсулоти содиротии Чин молҳои саноатианд. Дар ин кишвар содироти канданиҳои маъдании хом ва маҳсулоти кишоварзӣ қатъиян манъ мебошад.
***
Соли 1990 - ум 5 дарсади истеҳсолоти ҷаҳон ба  Чин рост меомад, ин рақам соли 2016 ба  беш аз 50 дарсад расид.
***
Чин  бузургтарин воридкунандаи нафт дар дунё  мебошад: 6.1 миллион баррел дар як рӯз.
***
То соли 2016 Чин дар Антарктида панҷ  истгоҳи доимӣ  кушода,  нақшаи  солҳои наздик ба  10 адад расондани онҳоро дорад.
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ

99 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ИНСОН
1. Инсон ягона мав-ҷудотест, ки ба пушт хоб мекунад.
2. Одам 90 дарсади хобашро фаромӯш мекунад.
3. Дар бадани одам на камтар аз 700 фермент кор мекунад.
4. 80 дарсади  гармии бадани инсон аз сар мебарояд.
5. Вақте ки шумо сурх мешавед, меъдаатон низ сурх мешавад.
6. Дар охири умр инсон 150 миллион бит маълумотро ба хотир мегирад.
7. Дар айёми 4 – солагӣ кӯдак дар як рӯз 450 савол медиҳад.
8. Дандон ягона қисми организми инсон аст, ки қудрати мустақилона барқароршавиро надорад.
9. Дарозии мӯй дар сар дар давоми ҳаёт 725 километрро ташкил медиҳад.
10. Рӯдаи борики одам замони зинда буданаш 2,5 метр дарозӣ дорад. Баъди маргаш, ки мушакбандии деворҳои рӯда суст мешавад,  он ба 6 метр  мерасад.
11. Вазни умумии бактерияҳое, ки дар организми одам зиндагӣ мекунанд, 2 килограммро ташкил медиҳанд.
(Давом дорад)
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА

КИТОБҲОИ ВАҲШАТАНГЕЗ
Ҳангоми ба рӯйхатгирии навбатии китобҳои яке аз машҳуртарин макотиби олии олам Ҳарвард таваҷҷуҳи мутахассисонро се китоби шубҳанок ба худ кашид. Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки рӯйкаши китобҳо чизи дигаре ҷуз пӯсти инсон нест.
Ин китобҳои ваҳшатангез – «Фалсафаи фаронсавӣ», «Қонунгузории асримиёнагии испанӣ» ва «Мунтахаби ашъори шоирони Рум» мебошанд. Ба ақидаи муҳаққиқон дар муқоваи яке аз китобҳо пӯсте истифода шудааст, ки  аз бадани одами зинда канда гирифта шудааст. Ин фикри худро онҳо ба мазмуни матни дар китобҳо дарҷгардида асоснок менамоянд.  Ба ақидаи мутахассисон дар асри 17 истифодаи пӯсти инсон барои рӯйпӯш кардани китобҳо роиҷ буд. Бештар пӯсти одамро дар муқоваи китобҳои анатомия истифода мекарданд. 
Аз рӯйи гуфтаҳои роҳбари китобхонаи донишгоҳ Сидний Верта китобҳои ба наздикӣ пайдошуда ягона набуда, мумкин аст, баъди ташхиси дақиқ боз чунин китобҳо пайдо гарданд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

ОЁ МЕДОНЕД, КИ РОНАЛДУ ДУ НОМ ДОРАД?
Алорағми мафҳуми маъмулу паҳншуда Роналду насаби ситораи футболи ҷаҳон нест, балки номи дувуми футболбози «Реал» ва тими мунтахаби Португалия мебошад. Баҳс миёни падару модари бозигари маъруф дар мавриди номгузории ӯ то ҷое расид, ки футболбоз соҳиби ду ном гашт. Модар мехост кӯдакро Криштиану биномад ва падар бошад, барои португалиҳо номи ғайриодии Роналдуро гузорад. Ба хотири он, ки вай солҳои 1980 – ум аз номи президенти онвақтаи ИМА ва актёри маъруф Роналд Рейган ба ваҷд  омада буд.
Билохира, волидон ба натиҷае расиданд, ки фарзандашонро ҳам Криштиану ва ҳам Роналду биноманд.
Ном ва насаби пурраи футболбози беҳтарини ҷаҳон ва дорандаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2016 Криштиану Роналду  душ Сантуш Авейру мебошад.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

УСЕЙН БОЛТ РӮ БА ФУТБОЛ МЕОРАД
Давандаи маъруф, қаҳрамони нуҳкаратаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ Усейн Болт аз Ямайка, тасмим гирифтааст футболбози касбӣ шавад. Дар рӯзҳои наздик ин варзишгари 30 – сола ният дорад, ки дар чанд тамриноти «Дортмунд» - и  Борусия (Олмон) ширкат намояд ва пас аз тарки варзиши сабук, футболбоз гардад. Орзуи Болт дар тими «Манчестер Юнайтед» (Англия)  ҳунарнамоӣ кардан аст.
«Худро месанҷам ва мебинам, ки ин чи натиҷа медиҳад. Агар ба ман имкон даст диҳад ва дар ҳайати «Манчестер Юнайтед»  ба бозӣ бароям, пас ба орзуи аслиам мерасам», - гуфтааст давандаи маъруфу овозадори ҷаҳон.
Таҳияи И. РАҶАБОВ

ХӮШАЕ АЗ ГӮШАЕ
Зиндагӣ кардан аслан касб аст, ки бояд омӯхт, вале аксари мардум ба худфаъолиятӣ машғуланд.
***
Оне, ки ҷавонӣ мегузарад, ин ҳанӯз ними бадбахтӣ аст. Худи бадбахтӣ он аст, ки баъд аз ин пирӣ меояд.
***
Даҳшат он нест, ки инсон дар камбағалӣ ба сар барад, балки он аст, ки камбағалӣ дар инсон зиндагӣ кунад.
***
Тости беҳтарин
Субҳи барвақт, ба ифтихори зодрӯзам дӯстон бароям чунин тост гуфтанд: «Ба шумо саломатӣ, муваффақият ва сарвати зиёд мехоҳем. Боқӣ ҳама чизро худатон доред».
Аз ин тост то ҳанӯз  дар фикрам.

Таҳияи Л. РОЗИЕВА

4,8 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ПИРОҲАНИ МЕРЛИН МАНРО
Пироҳане, ки бо он ҳунарманд ва сарояндаи амрикоӣ Мерлин Манро суруди «Зодрӯз муборак, ҷаноби Президент» - ро суруда буд, моҳи ноябри соли равон дар музояда бо маблағи 4, 8 миллион доллар фурӯхта шуд. Пироҳанро тарроҳ  Жанна Луи омода ва  бо 2500 булури кӯҳӣ оро дода буд. Он аз гаронтарин пироҳанҳое ба шумор меравад, ки ба тариқи музояда фурӯхта шудааст.
Мерлин суруди «Зодрӯз муборак, ҷаноби Президент» -  ашро ба 45- умин солгарди Президенти ИМА Джон Кеннеди бахшида буд ва он аз сурудҳои машҳураш ба шумор мерафт.
Соли 2011 пироҳани дигар, ки сароянда онро дар мазҳакаи «7 – соли орзуҳо»  ба бар намуда буд, 4,6 миллион доллар фурӯхта шуд. Костюми дар мазҳакаи «Дар ҷаз танҳо духтарон» бабарнамудаашро бошад, 450 ҳазор доллар фурӯхтаанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2016    №: 247    Мутолиа карданд: 2097

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед