logo

иқтисод

ИСТЕҲСОЛИ ЧОЙ. ИМКОНИЯТҲОРО НОДИДА МЕГИРЕМ, ЧАРО?

Воқеан, имрӯз ҳаёти худро бе як пиёла чой тасаввур кардан душвор аст.  Зеро як пиёла чойи гарм лаҳзае моро гирди ҳам меоварад, ҳисси хастагиро бартараф месозад. Махсусан, агар чой аз ҷиҳати сифат ва бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ бошад. Боре андеша кардаем, ки оё чойи  истеъмолкардаамон чӣ гуна чой аст?    

Феълан дар бозорҳои кишвар ва нуқтаҳои фурӯш чой бо нархҳои гуногун ба мизоҷон пешниҳод мегардад. Намуди чойҳо бо назардошти ҷамъоварӣ ва коркард аз ҳамдигар тафовут доранд, масалан, чойи дона-дона, халтагӣ, чойи фишурда… Давлатҳои Чин, Ҳиндустон ва Покистон дар истеҳсоли чой пешсафанд. Ба кишвари мо чойҳои истеҳсоли чинӣ бештар ворид мегарданд. Чойи олисифат чойест, ки баргҳои он бо даст чида, хушк карда мешавад. Вале бо мақсади ба даст овардани фоида тавассути истеҳсоли ҳаҷми зиёди маҳсулот кишоварзон чойро бо техника ҷамъоварӣ мекунанд, ки  хосияти табииашро гум карда, илова шудани хокаи чой сифат ва бехатарии онро зери суол мегузорад. Ин аст, ки аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт 582 тонна чой аз рӯйи сифат, бехатарӣ ва тамғагузорӣ, ки асосан маҳсулоти воридотианд, ғайристандарт дониста шуд.
Саидаҳтам Акрамов, гиёҳшинос, сардори корхонаи истеҳсоли чойҳои шифобахши “Шифочой” – и ноҳияи Муъминобод, аз таҷрибаи худ дар истеҳсоли чойи шифобахши маҳаллӣ ибрози андеша намуда гуфт, ки ҳоло дар нуқтаҳои савдои ҷумҳурӣ чойҳои пастсифати ба саломатӣ зиёоновар ба фурӯш бароварда мешаванд ва қобили қабул нестанд. Зарурат пеш омадааст, ки бо коркарди ашёи хоми ватанӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғул шавем. Аз ин лиҳоз, корхонаи мо бо ҷалби занони маҳаллӣ ба ҷамъоварии то 20 намуд гиёҳҳои шифобахш, аз қабили лимӯгиёҳ, бодраҷбӯя, фаранҷи мушк, кокутӣ, бобуна, чойгиёҳ, марварак, розиёна ва амсоли инҳо ба истеҳсоли 8 намуд чой машғул мебошад. Дар таркиби шифочой микроэлементҳои фтор, оҳан, руҳ, калсий мавҷуданд, ки барои пешгирии фишорбаландӣ, бемориҳои асаб, талхадон, гурдаю меъда ва шуш муфиданд. Чой аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бе таъсири манфӣ ба саломатӣ метавонад чойҳои истеъмолкардаамонро иваз намояд. Феълан аз ҷониби кормандони корхона гиёҳҳои зарурӣ барои истеҳсоли боз 2 намуди дигари чой мавриди омӯзиш қарор доранд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли гузашта 30 ҳазор қуттӣ чойро ташкил дод. Бо назардошти талаботи мизоҷон ҳаҷми истеҳсолот сол то сол меафзояд ва маҳсулот бештар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд интиқол дода мешавад.
Чойе, ки мо истеъмол менамоем, одатан аз барги дарахти ороишии махсуси дар доманакӯҳҳо парваришёфта истеҳсол мегардад. Масалан, дар Чин ин дарахт танҳо дар қисмати ҷанубии иқлимаш нисбат ба дигар минтақаҳо гарм парвариш меёбад. Дар Ҳиндустон низ ҳамчунин. Кишвари мо, агарчи табиатан офтобӣ бошад ҳам, дар доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво нисбатан сард мешавад ва парвариши чунин дарахт барои истеҳсоли чой ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои манотиқи кишвар мавҷуд будани шумораи зиёди алафҳои табиӣ ва гиёҳҳои шифобахш барои истеҳсоли чойи худӣ имконият медиҳад. Коркард ва татбиқи он дар истеҳсолот на  танҳо барои таъмини мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ, балки барои пешрафти иқтисоди мамлакат ва ивази маҳсулоти воридотӣ бо маҳсулоти ватанӣ воситаи хуб аст. 
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16,12,2016    №: 247    Мутолиа карданд: 1698

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед