logo

иҷтимоиёт

Ӯ БА ИЛМ СОДИҚ БУД. БАРДОШТЕ АЗ ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИК ҲАЙДАР ҶУМОНҚУЛОВ

Инсони комил, шахси барҷастаи илму маърифат, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академики Академияи кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳайдар Ҷумонқулов аз шумори шахсиятҳои накукор ва илмдӯст буд. Баъди хатми техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара бо дипломи аъло барои идомаи таҳсил ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) роҳхат гирифт ва соли 1949 соҳиби унвони донишҷӯй шуд.

Профессор Ҷамол Қосимов мегӯяд: «Ман Ҳайдар Ҷумонқуловро аз курси аввал мешиносам, чунки декани факулта будам. Аз рӯзҳои аввал ӯ донишҷӯи фаъол, ҷиддӣ буд, ба хониш шавқу ҳаваси хосе дошт, аъло мехонд. Барандаи стипендияи ба номи Калинин буд. Ҳамеша адабиёт мутолиа  мекард, ба устодон саволҳои мураккаб медод. Донишҷӯён ва устодон ӯро ҳурмат мекарданд, дӯст медоштанд. Ман фахр мекунам, ки ҳамчун муаллими Донишгоҳи аграрӣ ба Ҳайдарбек ва ӯ монанд донишҷӯёни болаёқати факултаи агрономӣ сабақ додам».
Кӯшиш ва мутолиаҳои зиёдаш самар овард. Дар соли 1954 факултети аграномии донишгоҳро бо ихтисоси  пахтакор бо дипломи аъло  хатм  кард ва ҳамчун корманди хурди илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи пахтакорӣ фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. Вале меҳри донишгоҳ  ӯро ба сӯяш кашид.  Соли 1956 ба сифати ассистент, баъд  устоди калони кафедраи агрохимия ба кори илмӣ – таълимӣ  гузашта, то соли 1963 фаъолияташро  идома дод ва рисолаи номзадиашро соли 1961 дар мавзӯи «Перекрестное внесение удобрений в подкормках  хлопчатника» зери роҳбарии профессорон Я. Нагибин ва А. Мешеряков ҳимоя намуд.  Акнун мақсади асосӣ ва  соҳаи фаъолияти муҳаққиқ  баланд бардоштани илми зироаткорӣ ва самаранокии он буд. Ӯ аз зумраи донишмандоне шуд, ки дар фаъолияти  ҳар корманди илм худогоҳию худшиносӣ ва нисбат ба худ серталаб буданро  талаб мекард. «Худатро ба тарозуи ақлат баркаш, сонӣ ба иҷрои коре даст бизан. Дар мактаби олӣ хондан,  пас ба касби интихобкардаат кор карданро агар лозим медонӣ, бояд ҷиддӣ рафтор бикунӣ,  вагарна  гаҳвари  мақсуд ба даст намеояд», - мегуфт устод ба унвонҷӯёни ҷавон. 
Олими зироатшинос Ҳайдар Ҷумонқулов дар корҳои илмиву ҷамъиятӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ  иштироки фаъолона дошт.  Ӯро соли 1963 ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - таҳқиқотии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон интихоб карданд.  Дар ин вазифа ӯ  ҳашт сол, то соли 1971 содиқона хизмат намуд.  Боз 11 соли дигар,  то соли 1982  ҳамчун сарвари Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ  фаъолияти назаррас дошт. 
Ӯро барои тарғиб ва ташвиқи фаъолона дар кори ҷамъияти умумииттифоқии генетикҳо ва селексионерон Ҷамъияти умумииттифоқии «Знание»  бо медали  ба номи  С. И. Вавилов (1971, Москва) қадр кард. 
Бо ташаббуси   олими варзида Институти илмӣ - тадқиқотии кишоварзии ҷумҳурӣ корҳои илмиро оид ба маҳлули ғизоӣ, обмонии дохилизаминӣ (хокӣ) гузаронид. Дар натиҷа  на танҳо об камтар сарф шуд, балки  истифодаи нурӣ низ кам гардида, ҳосилнокии пахта то 80 с/га зиёд гашт. Мавзӯи тадқиқотҳои вай масъалаҳои истифодабарии нуриҳо (хусусан, калийдор)  барои пахта (воя, муҳлат, усулҳо) - ро  дар бар мегирад.  Аз натиҷаҳои таҳқиқотҳои бисёрсолаи худ ӯ ин қонуниятро муқаррар кард, ки ҳангоми парвариши  пахта  таъсири  нурӣ аз ҳисоби серҳаракатии калий дар хок таъмин карда мешавад.  Ҳамзамон нишон дод, ки захираи калий дар хок ба самараи истифодабарии нуриҳо ва паҳншавии вилт намуди  касалии бактериявии ниҳоли пахта, таъсир менамояд. Пахта бо калийи серҳаракат аз хок таъмин бошад, тобоварии он ба бемории вилт зиёд мегардад. Ҳамаи ин тадқиқотҳои олим  ва   шогирдонаш имконият доданд, ки самаранокии  истифодабарии нуриҳои калийдор дар пахтакорӣ ба таври илмӣ асоснок гардад. Самтҳои фаъолияти илмии ӯ васеъ буд, натиҷаҳо  дар ихтироотҳои зиёд акс ёфтанд. Барои фаъолияти ихтироотӣ Ҳайдар Ҷумонқулов ба нишони сарисинагии «Изобретатель СССР» сазовор шуд. Ӯ, воқеан, олими пурмаҳсул буд.
Чун олими пешбари соҳа ӯро дар  марказҳои илмӣ – таҳқиқотии собиқ давлати Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои он хуб мешинохтанду эътироф мекарданд. Чандин маротиба дар конфронсҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Русия, Австралия, Англия, Эрон, Сурия дастовардҳои илми кишоварзии тоҷикро муаррифӣ кардааст.
Донишгоҳ ӯро боз ба сӯи худ кашид.   Соли 1982 дар асоси озмун ба вазифаи мудири кафедраи агрохимия ва хокшиносӣ гузашт ва 11 сол  дар ин бахш хизмат кард, кори илмӣ ва тарбияи олимони ҷавонро идома дод.  Соли 1990 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Оптимизация условий минерального питания хлопчатника» дар Русия аз рӯи тахассуси агрохимия дифоъ кард. Соли 1993 ба ӯ унвони профессориро муносиб донистанд.
Ҳайдар Ҷумонқулов ҳамеша мегуфт:  «То дона напошӣ, хирман барнагирӣ. Ин  ҳикмати падарон ва даъвати айём буд, ки ба кори илмӣ ва тадқиқи зироат рӯй овардам”. Дар тарбияи олимони ҷавон хизмати  назаррас кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ 11 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд. Имрӯз аксарияти онҳо олимон ва чеҳраҳои шинохтаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд.
Соли 1994  Ҳайдар Ҷумонқулов узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд  ва  ба унвони фахрии «Агрономи хизматнишондодаи Тоҷикистон» сазовор гашт. Соли 1995   саркотиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон интихоб гардид  ва то соли 2001 дар ин вазифа фаъолияти пурсамар дошт.
Мавсуф муаллифи қариб  250  асару мақолаҳои илмӣ - оммавӣ оид ба натиҷаҳои  тадқиқотҳои соҳаи зироаткорӣ, тухмишиносӣ, хокшиносӣ ва сабзавотпарварӣ мебошад.  Ӯ  бештар ба масъалаҳои муҳимтарин - ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, ба вуҷуд овардани тухмиҳои беҳтарини зироат, рушд, таҳқиқи физиология ва таҳлили илмии он таваҷҷуҳи зиёд додааст. 
Моҳи декабри соли 2001 Ҳайдар Ҷумонқулов академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. «Унвони баланд водор мекунад, ки дучанд меҳнат намоӣ, худро бештар нишон диҳӣ, масъулиятро зиёдтар ҳис бикунӣ», - мегуфт ӯ.  Дар солҳои 2006 - 2011  мушовири илмии Институти хокшиносии ҷумҳурӣ  буд. Собиқаи умумии корияш 63 солро ташкил медиҳад.  20 августи соли 2011 дунёро падруд гуфт.
Олими машҳури рус, академик В. Минеев дар асари бузургҳаҷми худ «История и состояние агрохимии на рубеже XXI века» (М., 2006, саҳ. 795) дар бораи фаъолияти пурсамар ва рӯзгори ибратомӯзи ин устоди асил маълумоти пурра дода, қимати пажӯҳишҳо ва аҳамияти онро дар рушди соҳа бозгӯ мекунад. Ҳамчунон, моҳияти кашфиётҳои ӯро барои хоҷагии деҳот бисёр муҳим ва саривақтӣ медонад.
Хизматҳояш бо  ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Нишони фахрӣ», медали сарисинагии «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Собиқадори меҳнат»,  ифтихорномаҳои фахрии Раёсати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва унвони «Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон» қадр шудааст. Мавсуф то охири умри пурбаракати худ ба илм содиқ монд. 
Мубаширахон РАҲИМОВА,
доктори илмҳои кимиё, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2016    №: 247    Мутолиа карданд: 2668

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед