logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ШАҲРИ КАНДИ

15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ба шаҳри Канди, ки дар қисмати марказии ин давлат ҷойгир мебошад, ташриф оварда, аз ибодатхонаи Дандони Буддо, осорхонаи байналмилалии буддоӣ ва боғи ботаникии Парадения дидан намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ибодатхонаи Дандони Буддо омада, бо намунаи ёдгориҳои таърихии осорхонаи байналмилалии буддоӣ шинос шуданд.
Ибодатхонаи Дандони Буддо дар соҳили кӯл, дар наздикии Қасри Шоҳ қомат афрохта, барои намояндагони аҳли буддои сайёра макони аҳамияти муҳимдошта маҳсуб мегардад ва дар ин ҷой муқаддасоти Дандони Буддо нигоҳ дошта мешавад. Ибодатхонаи Дандони Буддо соли 1988 ба рӯйхати Мероси байналмилалии таърихии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Осорхонаи байналмилалии буддоӣ низ як ҷузъи маҷмааи таърихии ибодатхонаи Дандони Буддо буда, дар он намунаи ҳайкалу муҷассамаҳои будҳо ва лоиҳаи ибодатхонаҳои буддоии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба маъраз гузошта шудаанд.
Баъди боздид аз мавзеъҳои таърихии ибодатхонаи Дандони Буддо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузоштанд.
Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба боғи подшоҳии ботаникӣ, воқеъ дар шаҳраки Парадения ташриф оварда, бо тарзи парвариш ва нигоҳубини ниҳолу дарахтони маҳаллӣ ва гулу гиёҳҳои шифобахш шинос шуданд. Боғи подшоҳии ботаникии Парадения дар масоҳати 60 гектар доман паҳн карда, дар он намунаи зиёда аз 4 ҳазор гулу гиёҳ, рустаниҳои шифобахш ва дарахтон парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд.
Худи шаҳраки Парадения аз ҷумлаи мавзеъҳои машҳури сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола зиёда аз 2 миллион нафар ба тамошои ин шаҳрак меояд.
Дар анҷоми боздиди худ аз боғи подшоҳии ботаникӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва дӯстии бардавоми мардуми Тоҷикистону Шри-Ланка дар ин боғ як ниҳоли гули ҳамешасабз шинонданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2016    №: 247    Мутолиа карданд: 1916

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед