logo

иқтисод

"ХАТЛОН: ЧАРО ТАЛАБОТИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТРО НОДИДА МЕГИРЕМ?"

Мақолаи «Хатлон: чаро талаботи қарори Ҳукуматро нодида мегирем?», ки 9 ноябри соли 2016 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 222 нашр шудааст, дар ҷаласаи назди раиси шаҳр бо иштироки муовини  соҳавии раиси шаҳр ва роҳбарони идораю ташкилотҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки айни замон қарори раиси шаҳри Қӯрғонтеппа аз 11 июни соли 2016, № 284 «Дар бораи қарори раиси вилояти  Хатлон аз 18 майи соли 2011, № 121 «Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, № 97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи  безараргардонӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои каммасрафи симобдор» мавриди амал ва таҳти назорат қарор дорад.
Вобаста ба иҷрои қарори мазкур дар КДФ «Хоҷагии коммуналӣ» - и шаҳр нуқтаи марказии қабул, захира ва нигоҳдории лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям ташкил карда шудааст. Ҳамаи лампаҳои  корношоям, ки дар нуқтаҳои қабули маҳаллаҳо аз тарафи  корхонаю ташкилотҳо ва аҳолӣ ҷамъоварӣ мегарданд, ба нуқтаи марказии қабули  «Хоҷагии коммуналӣ» супурда мешаванд. Аз соли 2011 то инҷониб, мувофиқи маълумоти «Хоҷагии коммуналӣ» ва КДФ «ИТИМ» - и шаҳр, дар анбори марказии «Хоҷагии коммуналӣ» - и шаҳр зиёда аз 15100 адад лампаҳои каммасрафи симобдори корношоям қабул ва захира карда шудааст.
Гарчанд дар банди 2 – и қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 майи соли 2011, № 121 омадааст, ки дар давоми  солҳои 2011 – 2012 бо дастгирию кумаки ташкилоту корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ва грантҳо барои харидорӣ ва ба истифода додани на камтар аз 2 дастгоҳи безараргардонии лампаҳои симобдори аз истифода баромада ё барои истифода корношоям тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд, мутаассифона, ин банди қарор то ҳол иҷро нагардидааст.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа оид ба татбиқи барномаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ байни КДФ «Хоҷагии коммуналӣ» - и шаҳри Қӯрғонтеппа, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қарордод ба имзо расида, айни ҳол барнома мавриди амал қарор дорад. Дар барномаи мазкур таъмири нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, таъмини қуттиҳои партов, мустаҳкам намудани базаи моддӣ – техникии корхона, ба тартиб даровардани партовгоҳи марказӣ ва дар марҳилаи чоруми татбиқи барнома  насб намудани таҷҳизоти  безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдор ба нақша гирифта шудааст.
 Бо мақсади пешгирӣ намудани хатари партовҳои хавфноки  лампаҳои каммасрафи симобдор  дар партовгоҳи «Хоҷагии коммуналӣ» - и шаҳр бо маблағи 110 ҳазор сомонӣ насб намудани таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои симобдори корношоям дар назар дошта шудааст.
 Мувофиқи барномаи «Рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Қӯрғонтеппа барои солҳои 2016 – 2020» дар солҳои 2017 – 2018 барои  сохтмони бинои таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои корношоям аз ҳисоби  буҷаи маҳаллии шаҳр 90 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳри Қӯрғонтеппа минбаъд низ иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 3 марти  соли 2011, № 97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи  безараргардонӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» зери назорати доимии худ қарор хоҳад дод.
Т. Ҳ. ҚОСИМЗОДА,
муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2016    №: 248    Мутолиа карданд: 1377

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед