logo

фарҳанг

"ХАЛҚ ОВОЗИ": ШУМОРАИ 20 000-УМ

Баъди Истиқлолияти давлатӣ дар фазои иттилоотии кишвар воситаҳои ахбори омма хеле рушд карданд. Дар қатори онҳо боз нашрияҳои собиқадоре ҳастанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкилшавии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба нашр мерасанд.   Яке аз онҳо нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Халқ овози» мебошад. 1 декабри соли 2016 «Халқ овози» шумораи 20 000-уми худро ба нашр расонд. Рӯзнома бори аввал моҳи феврали соли 1929 бо номи «Қизил Тожикистон» нашр шудааст ва то соли 1955 бо ҳамин ном аз чоп мебаромад. Баъдан бо қарори Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон номи он ба «Совет Тожикистони» иваз гашт. Дар солҳои аввал нашрия бо ҳуруфи арабӣ, баъдан бо ҳуруфи лотинӣ нашр мешуд. Аз соли 1940 бо алифбои кириллӣ аз нашр мебарояд. Рӯзнома ҳамчун минбари ҳукумати вақт ба майдон омад ва мардумро ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуд.
Рӯзнома 17 октябри соли 1963 ба муносибати  бо теъдоди 100 000 ба нашр расиданаш  бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат қадр шуд.
Дар ҳамон солҳо хабарнигорони ҷамоатии рӯзнома тақрибан 2 ҳазор нафарро ташкил медод.  Шахсиятҳои таърихӣ дар он фаъолияти пурсамар доштанд. Шумораи аввали «Қизил Тожикистон» бо имзои сармуҳаррир М. Ҳасанов ба нашр расидааст. Баъдан дар вазифаи сармуҳарририи рӯзнома К. Тереғулов, Н. Деҳқонов, С. Ғаффоров, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик  Бобоҷон Ғафуров, Т. Ҳайитов, Муҳаммад Муродов, доктори илмҳои таърих Ҳамид Гадоев ва нависандаи машҳур Ҳоҷӣ Содиқ фаъолият бурдаанд. Баъд  аз  онҳо Мухторҷон Баҳриддинов, Музаффар Солиев, Тоштемир Ҷӯрабоев, Абдусаттор Аҳмадалиев, Исмоилҷон Муҳсинов ва Ҳайдар Ҷӯраев рӯзномаро сарварӣ намуданд.
Дар солҳои аввали истиқлолият рӯзнома номи худро ба «Халқ овози» иваз кард. Ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.
Имрӯз «Халқ овози» дар инъикоси  ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи алоҳида дорад. Яке аз вазифаҳои асосии рӯзнома тарғиби сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, инчунин мубаллиғи робитаҳои  дӯстии абадии ду халқ - тоҷику ӯзбек  мебошад. 
Имрӯз дар рӯзнома саҳифаҳои махсус, аз ҷумла «Дунё  сиёсат саҳнасида» («Дунё дар саҳнаи сиёсат»), «Ҳикмат нури» («Нури ҳикмат»), «Сафобахш  Хатлонзамин» («Хатлонзамини сафобахш»), «Зарнисор муждалари» («Муждаҳои Зарнисор»), «Суғд насими» («Насими Суғд»), «Аёл дунёси» («Дунёи зан») нашр мешаванд ва барои хонандагон  хеле  ҷолибанд. Нақши рӯзнома ҳамчун нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии кишвар хеле чашмрас буда, дар самти ҳимояи манфиатҳои давлатӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ дар қатори нашрияҳои дигари бонуфузи ҷумҳурӣ меистад.
Зуҳриддин УМАРОВ,
мухбири махсуси «Халқ овози»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2016    №: 248    Мутолиа карданд: 1910

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед