logo

сиёсат

"БАҲОРИ АРАБӢ". НИГОҲЕ БА ДИРӮЗИ ДУРАХШОН ВА ИМРӮЗИ ПАРЕШОНИ ЛИБИЯ

Дер боз кушторҳои бераҳмонаю ҳаводиси даҳшатбори террористӣ сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор дода, таҳдиди хатарҳо ба аҳли башар ҳамоно домангири ҷаҳони муосир аст. Ғолибан, дар ҷаҳони имрӯз кишваре нест, ки аз таъсири гурӯҳҳои террористӣ дар олам нигарон набошад. Вале, ҳақиқати таърихӣ ин аст, ки фаъолияти ҷараёнҳои мазҳабии тундгаро, гурӯҳҳои террористиву ифротгарои динӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик баъд аз оғози ҳаводиси «Баҳори арабӣ» дар соли 2011 нуфузи бештар касб карданд. Ба дунболи инқилобҳои мардумӣ дар ин кишварҳо, ки дасти абарқудратон дар онҳо инкор намешавад, чанд давлати арабӣ заиф ва ба майдони ҷангу хунрезиҳо мубаддал шуд. Мардуми фирефташуда, дар пайи инқилобҳо осоиши рӯзгори худро аз даст дод, ки дар ин маврид таҷрибаи талхи мардуми Либия барои дигар мамолики сайёра сабақи таърихист…

Либия дар соҳили баҳри Миёназамин, дар шимоли  Африқост ва бо давлатҳои Тунис, Чад, Алҷазоир, Нигерия, Судону  Миср ҳаммарз аст. Дар ин кишвар соли 1969 таҳти роҳбарии Муаммар Қаззофӣ инқилоб бархоста, ҳокимияти шоҳии ғарбпарастро шикаст дод ва шакли нави давлатдориро ба вуҷуд овард.
Соли 1972 Муаммар Қаззофӣ маҷмӯи ақидаҳои сиёсии худро бо номи «Китоби сабз» чоп намуда, дар он муҳтавои назарияи давлати худро дар шакли ҷадид, на капиталистиву на сотсиалистӣ, балки сирф иҷтимоӣ рӯи кор овард. Қаззофӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат давлате барпо намуд, ки аз лиҳози иҷтимоӣ, инсоният то кунун мислашро надидааст. Дар қатори давлатҳои нимҷазираи Арабистон ва Ироқ давлати Либия яке аз асоситарин содиркунандагони нафт, на танҳо дар мамлакатҳои арабӣ, балки дар тамоми дунё маҳсуб меёфт. Муаммар Қаззофӣ аз фурӯши сӯзишвориҳои нафтӣ даромади давлатро ба ҳар сари аҳолӣ ба 14192 доллар расонд, ки дар ҳамон давра беҳтарин нишондиҳанда буд. Аз ҳисоби фурӯши нафт, барои ҳифзи иҷтимоии мардум Қаззофӣ, ҳамасола ба ҳар як сокини мамлакат зиёда аз 1000 доллар чун даромад - дивиденд пардохт менамуд. Ба оилаҳои ҷавони барпошуда барои харидани манзил ба миқдори 65000 доллар ва ба кӯдаки тавлидшудаи либиягӣ, ҳамчун кумак 7000 доллар ба суратҳисобаш ирсол мегардид. Маоши халқи заҳматкаш дар ин кишвар дар қиёс бо давлатҳои манотиқи Африқо ва ҳатто Аврупо ба маротиб зиёд ва фарқкунанда буд.
Даврони Муаммар Қаззофӣ беҳтарин даврае буд, ки биёбон ба гулистон табдил шуд. Ҳама намуди таҳсил ва хизматрасониҳои тиббӣ, истифодаи барқ ройгон пешкаш мегардид. Ба шаҳрвандон қарзҳои бефоизи бонкӣ дода шуда, барои оилаҳои серфарзанд мағозаҳои фурӯши маводи арзон ва дорувориҳоро ба роҳ монданд. Шахсоне, ки кор намекарданд, ҳар моҳ 730 доллар ёрдампулӣ мегирифтанд. Тамоми мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёт, бонкҳо, табибон, муҳандисон, омӯзгорон дар хориҷа пурра аз ҳисоби давлат таҳсил намуда, такмили ихтисос низ  бо маблағҳои буҷети давлатӣ сурат мегирифт. Либия дар муддати кӯтоҳ аз як давлати қашшоқ ва ақибмондатарини Африқо  ба кишваре табдил ёфт, ки на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон намунаи беҳтарини риоя намудани ҳуқуқҳои  иҷтимоии инсон ба шумор мерафт. 
Давлати Либия дар зарфи 40 сол, на танҳо мустаҳкаму муттаҳид, балки иқтисодиёташ имкон фароҳам овард, ки ба миллатҳои озодихоҳ барои расидан ба истиқлолият ёрӣ расонад. Илова бар ин, ташаббусҳои навини иқтисодиро дар манотиқи гуногун роҳандозӣ намуда, қавму қабилаҳоро барои ҳамзистии осоишта даъват менамуд, ки барои рушди миллатҳои муқими Африқо заминаи мусоид фароҳам  меовард. Ин ташаббусҳо, ки аз ҷониби  собиқ «хайманишинҳои саҳроӣ» (Қаззофӣ ва тарафдорони онҳоро ғарбиён ҳамин хел ном мебурданд) пешниҳод мегардид, мақбули сарватмандони Аврупо нашуд...
Маҳз ҳамин нотавонбиниҳо аз сӯи давлатҳои Ғарб ва шинохти нодурусти ҳаводис аз ҷониби мусулмонони дохилӣ боиси аз байн рафтани як кишвари пешрафта гардид. Дар пайи инқилобҳои тарҳрезишудаи ба истилоҳ «Баҳори арабӣ» Либияи мутараққӣ суқут кард ва Муаммар Қаззофӣ ваҳшиёна ба қатл расид. Зиндагии осудаву босаодати мардуми кишвар қурбони ҳавою ҳаваси демократияи ғарбӣ шуд. Қудратҳои манфиатдор ба баҳонаи сарнагунии режими Қаззофӣ ҳамаи неъматҳоро аз мардуми Либия барои ҳамеша гирифтанд. Мардуми кишвар бадбахт, сарсону парешон шуд. Бар пояи гузоришҳои дастрас, кунун 260 ҳазор кӯдаки замоне нозпарвар аз таҳсил маҳрум шудаанд. 1400 мактаб дари худро ба рӯи хонандагон баст. Муассисаҳои таълимӣ ба қароргоҳи ҷангиён табдил шуда, аз илму маърифат нишоне боқӣ намондааст. Мардум саросар дар ҳоли табоҳ қарор дошта, гуруснагиву нодорӣ ва касалиҳои сироятӣ доман задааст.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки тангназарӣ, шинохти носаҳеҳи рақобати қудратҳо ва бозиҳои сиёсӣ,  мунтаҳо бар зарари кор аст, то ба ҳадде, ки давлатҳои миллиро аз миён хоҳад бурд. Дар ҳамин замина, ҳар шахси солимфикрро зарур аст, ки аз сабақҳои талхи мардуми Либия таҷриба ҳосил кунад. Ҳаводиси ин кишвар нишон дод, ки мардум то ҷое ба неъматҳои дастёфтаашон аз сиёсати инсондӯстонаи Муаммар Қаззофӣ носипосӣ намуда, ба шоми торик расиданд, ки ҷуброннопазир аст.
Аз ин рӯ, дар пасманзари ин ва дигар ҳаводиси ҷаҳони муосир аз ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳ тақозо мешавад, ки барои ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ иқдом кунанд ва барои таъмини саодати рӯзгору рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд, то ҳеҷ неруи аҳримание натавонад, фазои осудаи рӯзгори моро халалдор созад.
Сафаралӣ СОБИРОВ,
мудири маорифи ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2016    №: 248    Мутолиа карданд: 1810

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед