logo

иқтисод

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. ТАШКИЛИ КЛАСТЕРҲОИ ИННОВАТСИОНӢ НОГУЗИР АСТ

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки соли ҷорӣ кишоварзони кишвар дар бахшҳои мухталиф ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ ба қадри назаррас афзуда, ҳосили фаровони меваю ангур парвариш ва ҷамъоварӣ шуд. Дар майдони 4244 гектар боғ ва 461 гектар токзори нав бунёд гардид, аз ҷумла 1296 гектар боғи нав дар заминҳои лалмӣ. Гузарондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ барои рӯёндани ду ҳосил ба кори доимию муқаррарии деҳқонон табдил ёфтааст. Саршумори чорвои калону майда пайваста меафзояд. Хушзоткунӣ то дараҷае афзоиши маҳсулнокии чорводориро таъмин карда истодааст. Дар умум, соҳа барои расидан ба ҳадафи муҳими стратегӣ - таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши калидиро соҳиб гашта, ҳамзамон, соҳаҳои дигари иқтисоди миллиро бо ашёи хом таъмин менамояд.
Мутаассифона, бояд иқрор намоем, ки ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ҳанӯз қонеъкунанда набуда, баръакс, боиси нигаронист. Ҳоло ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ҳосилнокии ғалладона 27,1 ва картошка 222,8 сентнер, ширҷӯшӣ 1600 - 1800 литрро ташкил медиҳад, ки хеле кам аст. Таҷрибаи хоҷагиҳои пешқадам нишон медиҳад, ки самаранокии истеҳсолот дар ҳоли ба 32 сентнер расондани ҳосилнокии ғалладона 22 дарсад, ба 250 сентнер расондани ҳосилнокии картошка 23 дарсад, маҳсулнокии чорво дар ҳоли ҷӯшидани 4000 литр шир аз як сар модагов 33 дарсадро ташкил медиҳад. Барои расидан ба ин дастовардҳо батадриҷ бартараф сохтани мушкилиҳои соҳа (норасоии таъминот, нобаробарии нархҳо, рақобати бозорӣ, вазъи чарогоҳҳо, таъминот бо об, хӯрокиҳои омехта, хушзотгардонӣ ва ғайра) ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ногузир аст. Ҷиҳати бартарафсозии ин мушкилиҳо ташкили шакли муосири идоракунии истеҳсолот (ба истилоҳ - кластерҳо) дар соҳаҳои мухталифи истеҳсолоти кишоварзӣ омили бесобиқа ба ҳисоб меравад. Яке аз асосгузорони таълимот Майкл Портер кластерро чунин муаррифӣ кардааст: гурӯҳи аз ҷиҳати ҷуғрофӣ наздику бо ҳам вобастаи коргоҳу иттиҳодияҳое, ки фаъолияти умумӣ доранд ва якдигарро пурра мегардонанд. Самаранокии истеҳсолоти кластерӣ нисбат ба ҷамъи самаранокӣ аз фаъолияти алоҳидаи корхонаҳо хеле зиёдтар мебошад. Дар иқтисодиёт ин падида ҳамчун самараи синергӣ маъмул аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ муфид будани кластеронии соҳаро собит сохтааст.
Мувофиқи иттилои сарчашмаҳо, айни ҳол 60 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии маҳсулоти хӯрокворӣ ба кластерҳо рост меояд.
Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дорои захираҳои ғании меҳнатӣ ва зеҳнӣ буда, дар ҳолати истифодаи самараноки онҳо бо ташкил намудани кластерҳои инноватсионӣ дар баробари расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчунин, барои таъмини саноати маҳаллӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва рушди соҳаҳои дигари хизматрасонӣ ҳиссагузори асосӣ мегардад. Аз рӯи таҳқиқоти олимони Академияи илмҳои Русия, ҳамагӣ як дарсад иловатан афзудани маҳсулоти молии соҳаи кишоварзӣ ба 0,33 дарсад афзудани самаранокии хизматрасонии нақлиёт, 2,5 дарсад инфрасохтори саноатӣ, 2,7 дарсад савдо ва 1,4 дарсад соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Дар Тоҷикистон ташкили кластерҳои инноватсионии истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзии воридотивазкунанда ва содиротӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ ва истеҳсоли ашёи хом барои саноати ватанӣ, талаботи замон аст. Дар кооперативи истеҳсолии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор аз натиҷаи ҷорӣ кардани инноватсия самаранокии истеҳсолот 21 дарсад афзуд. Чорводорони хоҷагӣ дар сурати якхела будани саршумор аз ҳисоби ҷорӣ кардани навгониҳо самаранокии истеҳсолотро 26 дарсад боло бурданд. Дар кооперативҳои истеҳсолии ноҳияҳои Хуросону Ёвон низ натиҷаҳо назаррасанд. Дар сурати ҷорӣ кардани кластерҳои инноватсионӣ то 30 – 35 дарсад афзудани самаранокии истеҳсолот имконпазир аст. Кластерҳои инноватсиониро дар заминаи субъектҳои хоҷагидории минтақаҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, олимону мутахассисисон бо ҷалби маблағҳо аз буҷетҳои маҳаллӣ, марказӣ ва сармоягузории хусусии соҳибкорони ватанию хориҷӣ ташкил кардан мумкин аст. Аъзоёни кластер мустақилияти идоравиро нигоҳ дошта, ҷиҳати самаранокии истеҳсолот кӯшиш ба харҷ медиҳанд, зеро онҳо ба гирифтани даромади тавассути самараи синергӣ иловашуда манфиатдоранд. Самараи синергӣ аз фаъолияти дастаҷамъона дар натиҷаи поён бурдани арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшуда ва беҳтар намудани сифати он, ки аз паст кардани хароҷоти транзаксионӣ, ҷорӣ кардани навгониҳо дар истеҳсолоту хизматрасонӣ ва мавқеъ пайдо кардан дар бозор ташкил меёбад, вобастагии қавӣ дорад. Бо ташкили кластерҳои инноватсионӣ тавассути самараи синергӣ манфиати иштирокчиёни кластер боэътимод ҳимоя карда, дар баробари ин, ҷиҳати рушди соҳа шароити мусоид пайдо мешавад. Кластерҳои инноватсионӣ нуқтаи созиш дар муносибатҳои нави истеҳсолӣ буда, ҳамчун институти рушд эътироф шудаанд. Дар ҳамин асос кластерҳои инноватсионӣ дар такмил додани идоракунии истеҳсолот нақши меҳварӣ доранд.
Муназзамии истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмини рушди ояндаи он ба такмили сохти идоракунии истеҳсолот, хусусан ташкили кластерҳои инноватсионӣ иртиботи мустақим дорад.
Ғаюр ДОСТИЕВ,
коршиноси масоили кишоварзии Институти иқтисодиёт
ва демографияи АИ ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2016    №: 248    Мутолиа карданд: 1451

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед