logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Амиршо Миралиев сиёсатмадорест, ки ӯро ба шарофати фаъолияти пурсамараш мардум чун ходими давлатӣ ва ҳамзамон шахсияти кордон ва мушфиқу ғамхор шинохт.

Солҳои зиёд дар вазифаҳои комсомолӣ ва ҳизбӣ кор кард. Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ Москва), раиси вилояти Хатлон, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо, вакил, раиси комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шӯрои нозирони ҶСК «Соҳибкорбонк» буд. Алҳол раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон мебошад.
Маҳз ҳалолкорияш буд, ки дар ин муддат ҳам ба некӣ шуҳрат ёфт ва ҳам маҳбубият касб кард.Хизматҳояшро бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени ба номи Исмоили Сомонӣ, дараҷаи II, ордени «Содружество» (мукофоти олитарини Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ), медалҳои «Барои меҳнати шоён», «10 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр намуданд.
Хоксорӣ беҳтарин сифати ходимони давлатӣ ва роҳбарон маҳсуб мешавад. Аз ин сифат Амиршо Миралиев аз оғоз бархӯрдор буд ва як умр он бо ӯ монд. Мардум ба ин хотир бештар дӯсташ дошт ва дӯсташ медорад. Ҳамкорону дӯстон ҳам бештар аз ҳама ин сифати ӯро тавсиф кардаанд ва низ аз он барои намунаи дигарон ёдовар мешаванд.
Дониши васеъ, ҷаҳонбинии фарох ва таҷрибаи зиёди корӣ ва зиндагӣ дорад. Роҳи ҳалли мушкилотро ба осонӣ меёбад. Маслиҳати дуруст дода метавонад.
Ҳама корро ҳамеша дар сатҳи баланд ва ба ҳамин сифат ба фарҷом расондааст. Аз ҳама имконоти мавҷуда самаранок истифода бурдааст. Фаъолияти пурсамараш ҳамеша шаффоф буд ва муносибаташ низ самимист.
Ӯ аз оғоз то ба имрӯз дар ҳар вазифае, ки буд, як мақсад дошт: саҳм гирифтан дар ободӣ ва рушди кишвар. Аз ӯ боре барои рӯзнома пурсиданд, ки кадом ҷойи коратон писанду манфиатовар буд. Албатта, ҳар нафари дигар дар ин маврид андак меандешид ва ба тавсифи яке, ки бештар дар он ба мардуми кишвар нафъ расондааст, мегузашт. Аммо посухи ӯ ғайричашмдошт мебошад ва дурусту дақиқу ҳадафрас. Мо аз ин посух бори дигар ба донишу маҳорат, садоқат, ҷасорат, зиракӣ ва ҳозирҷавобияш зуд пай бурда метавонем. Посухи ӯ ба ин сурат буд: «Аслан ман ба пешниҳоди суол бо чунин тарз розӣ нестам. Аз лиҳози мантиқ низ чунин саволгузорӣ дуруст нест. Зеро, вақте шахси мансабдор аз он нуқтаи назар, ки кадом вазифа барояш писанд ва манфиатовар аст, хулосабарорӣ ва фаъолият намояд, он гоҳ поквиҷдонӣ, меҳнати софдилона ва садоқат ба миллату меҳан зери суол мемонад.
Дар тамоми зинаҳои фаъолият поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиро шеваи асосии фаъолият қарор додааму ҳаргиз аз он даст намекашам. Бароям муҳим нест, ки дар кадом вазифа қарор дорам, балки муҳим самараи меҳнати ман ва нақши он дар пешрафти мамлакат аст».
Оре, ба ҳақиқати ин суханон на он замон ва на ҳолиё ҳеҷ кас шубҳа накарда ва намекунад. Матбуот ва шахсиятҳои маъруфи сиёсию фарҳангӣ ҳамеша дар ҳаққаш суханони некро бедареғ ба табъ расондаанд.
Аз ҷиддият ва сахтгирии ӯ низ навиштаанду гуфтаанд. Аммо он ҳаргиз маънои манфиро ба худ касб накарда буд. Ба шарҳи он меафзуданд, ки роҳбар бояд дар кор ҷиддӣ ва сахтгир бошад.
Ӯ нафарест, ки аз шумори ҷавонони ватандӯст ва масъулиятшиносу поквиҷдон шогирдони зиёд дорад. Бо ин, албатта, ифтихор низ менамояд. Бархе ба дурустӣ изҳор медоранд, ки ӯ соҳибмактаб аст ва дар он бисёр шогирдон дуруст тарбия ёфтанду ба камол расиданд.
Шахсиятҳои маъруф ва барҷастаи кишвар низ дар ҳаққаш беҳтарин суханонро бо муҳаббат ва садоқат иброз доштаанд. Аз ҷумла: Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Зиндагиномаи Миралиев намунаи хуби аз коргари одӣ то ба вазифаҳои баланди давлативу ҷамъиятӣ расидани як фарди худогоҳу ватандӯст аст. Ӯ шахсиятест, ки дар кураи зиндагӣ комилан обутоб ёфтааст».
Маҳмудзода Маҳкам Азам, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик: «Дар тӯли солҳое, ки Амиршо Миралиевро мешиносам, хислатҳои накуи инсониаш бароям дар шаклҳои гуногун баръало шудаву дар ин замина эҳтирому ихлосам нисбат ба ин шахс тамоюли афзоишро касб намуд… Ҳамрадиф бо ин омилҳо манфиати давлату миллатро аз ҳама чиз боло мегузорад, аз ҳеҷ гуна душворӣ намеҳаросад ва ғайрати беандоза дорад. Ин шахс, ба маънои томаш қонунмеҳвар буда, ба риояи бечунучарои қонуният бисёр ҷиддӣ ва бо қатъият рафтор мекунад».
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи ҷумҳурӣ: «Ба андешаи ман, Амиршо Миралиев шабеҳи оташ аст. Оташе, ки нур мебахшад, гармӣ медиҳад ва агар нуқсоне ба амал ояд, месӯзонад».
Ҳамин тавр, ин шахсияти маъруфу маҳбуб бо одамияти баланд, донишу таҷриба, заҳмат ва фидокорӣ барои ободию рушди кишвар тавонист, ки дар дилу дидаи мардум ҷой бигирад ва низ кору зиндагияш намунаи ибрати дигарон бошад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2016    №: 248    Мутолиа карданд: 2860
31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ

ДАР ЧИН ДАВОИ КОРОНАВИРУСРО ДАРЁФТ НАМУДАНД

ДОНАЛД ТРАМП ВА СИ ҶИНПИН ЗИДДИ COVID - 19 ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРАНД

БУНДЕСТАГ ТАСМИМИ ИМА - РО ОИД БА НИГОҲ ДОШТАНИ ТАҲРИМОТ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ МАҲКУМ КАРД

СУКЕРБЕРГ ВА ГЕЙТС БАРОИ МУБОРИЗА БО ВИРУСИ НАВ $25 МИЛЛИОН МАБЛАҒ МЕДИҲАНД

САРВАТМАНДТАРИН ЧИНӢ БАРОИ ТАҲИЯИ ВАКСИНА АЗ COVID-19 $14,4 МИЛЛИОН ДОД

Ҷаҳон дар як сатр

19.03.2020


МАСТЧОҲ. НАМОИШИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ

18.03.2020


КОРШИНОСОН ГУРӮҲИ АЗ КОРОНАВИРУС ОСЕБПАЗИРИ ХУНРО МУАЙЯН НАМУДАНД

БА ӮЗБЕКИСТОН ТАБИБОНИ ЧИНӢ МЕОЯНД

МИШУСТИН ВАЗЪИЯТИ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМТОЁНАШ АЗ ИДМ БАРРАСӢ НАМУД

ЁРИИ БОР БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID-19

Ҷаҳон дар як сатр

МАШЪАЛИ ОЛИМПӢ. 20 МАРТ БА ТОКИО МЕРАСАД

17.03.2020


ОЗМУНИ "НАРОДНАЯ ГАЗЕТА" ҶАМЪБАСТ ШУД

МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗ

ШИФО ЁФТАНИ БЕШ АЗ 85 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ДАР ЧИН

МИШУСТИН: «РОССИЯ БАРОИ СУБОТИ ИҚТИСОДӢ ЗАХИРАИ КОФӢ ДОРАД»

ДАР НУР - СУЛТОН ПАРАД БА ИФТИХОРИ 75 - СОЛАГИИ ҒАЛАБА МАНЪ ШУД

МАҚОМОТИ ВИЖАИ ҚАЗОҚИСТОН АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТИРО ПЕШГИРӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.03.2020


ВАРЗОБ. САФИ ЗАНОНИ КАСБОМӮЗ РӮ БА АФЗУДАН ДОРАД

АЗ БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТИИ УХАН ОХИРИН БЕМОРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ДАР ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДОНИ ШАШ КИШВАРИ ҶАҲОН ДАР КАРАНТИН МЕБОШАНД

СУТ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУСИ COVID-19-РО ЭЪЛОМ ДОШТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед