logo

иҷтимоиёт

ШУҶОАТ. ДАР БОРАИ ШОДӢ ШОКИРОВИ САРБОЗ

Қумандони қисми ҳарбӣ, полковник Виталий Челидий омодагии мошинҳои ҳарбии боркашро санҷида, аз натиҷааш қаноатманд гашт. Ба сержанти хурд Шодӣ Шокиров, ки масъулияти дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани техникаи ҳарбиро ба уҳда дошт, арзи сипос намуд. Шодӣ аз ваҷоҳату ташвиши қумандони қисми ҳарбӣ ҳис кард, ки қатори навбатӣ дар ҳимояти гурӯҳи фаврӣ шабона ё субҳидам ба роҳ мебарояд.
Қисми низомӣ интиқоли бору муҳимотро аз бандари Ҳайратон то шаҳрҳои Кобулу Ҷалолобод, Қандаҳору  Ҳирот ва  Чоряккор ба зимма дошт. Муҳофизати қатори мошинҳои пурбор ҳам бар дӯши ҷанговарони ин қисми низомӣ буд. Дар он рӯзҳо бору муҳимоти ҷангӣ, сӯзишворӣ ва маводи хайрия чунон зиёд буд, ки ҳар рӯз мебоист, садҳо тонна бор беталаф ба ҷойи зарурӣ расонда шавад. Шодӣ ва ҳамсилоҳонаш дар ин роҳи хеле пурхатар равуо намуда, ба ҳамлаҳои ногаҳонии муҷоҳиддин ва чирикҳои навбаромад истодагарӣ мекарданд. Бахусус, дар минтақаи Пули Хумрӣ, болотар аз шаҳри Ҷабал - ус -  Сироҷ, наздикиҳои ағбаи Соланг ва гузаргоҳи нақб ҳамлаҳо бештар рух медоданд.
Моҳи апрели соли 1987. Қатори мошинҳо минтақаи Хайрхонаро убур менамуд. Шодӣ сари чамбари  мошини «Зил-131»  аз қафои  қатор   ҳаракат мекард. Аз чӣ бошад, ки зуд-зуд даст ба автомат мебурд. Дар сафарҳои қаблӣ ҳатто дар кабина вуҷуд доштани силоҳро фаромӯш мекард… Шаҳраки Ҷабал - ус - Сироҷ ҳам паси сар монд. Акнун аз ағбаи Соланг бояд убур мекарданд. Шодӣ аз мухобира садои қумандони қаторро шунид: «Ҳамла!». Яке аз мошинҳо таркид ва алангаи оташ ба осмон печиду роҳ баста шуд.
Бо фармони қумандон Павел Боршаков тавассути БТР-ҳо ба душман зарбаҳои ҷавобӣ зада шуд ва монеаи эҷодшуда бартараф гашт. Бо вуҷуди ин душманон аз снайперҳо оташ мекушоданд. Дар ин амалиёт се нафар ярадор шуд. Шодӣ, гаваккашон ба назди онҳо омад ва ёрии аввалияи тиббӣ расонд. Бо пайдо шудани чархболҳои зарбазан муҷоҳиддин фирор намуданд. Сарбозони маҷрӯҳро тавассути яке аз чархболҳо ба Кобул интиқол доданд. Шодӣ Шокиров онҳоро ҳамроҳӣ намуд.
Рӯзи дигар расонаҳои хабарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гузориш пахш карданд, ки як қатор қумандонҳову сарбозони диловар, бо вуҷуди талафоти моддӣ, ба ҳамлагарон зарбаҳои ҷонкоҳ заданд. Дар ин амалиёт қумандони муҷоҳиддин бо исми Носираймоқ ба даст афтод. Корнамоии аксар ҷанговарон бо ордену медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ гардид. Аз ҷумла, сержанти хурд Шодӣ Шокиров, барои шуҷоату диловарӣ ва наҷоти ҳамяроқон бо медали ҷангии «Барои шуҷоат» мукофотонида шуд. Баъди аз Афғонистон баргаштан солҳо омӯзгор буд. Ҳоло муовини раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони башардӯсти назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад.
Ин ва дигар ҳаводиси даврони сарбозиро Шодӣ Шокиров ҳеҷ вақт аз ёд намебарад. Ҳоло ҳам онҳо мисли навори филм дар пеши назараш намудор мешаванд. Он замон ӯ ҳамагӣ 21 сол дошт.
Муродалӣ СОБИР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 2460

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед