logo

иқтисод

«АХТАРИ МЕҲР». 40 ДАСТГОҲ БАРОИ ДАСТОНИ МОҲИР

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Ҷамоати деҳоти  Сағирдашти  ноҳияи  Дарвоз  аз  тарафи  соҳибкорони  маҳаллӣ корхонаи дӯзандагии “Ахтари  меҳр” бунёд гардид.

Ба  иттилои  Моҳхоним  Нурмамадова, муовини  раиси  ноҳия, Сарвари давлат   28  сентябри  соли  равон,  ҳангоми  сафари  корӣ  ба Ҷамоати деҳоти  Сағирдашт, супориш  дода  буданд, ки  то  ҷашни  Наврӯзи  соли  оянда  барои   занону   бонувони хонашин корхонаи  дӯзандагӣ  бо  50 ҷои корӣ  сохта,  ба истифода диҳанд. Инак, боиси хурсандист, ки коргоҳ пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхонаи “Ахтари  меҳр”   бо  40  мошини дӯзандагӣ   ва  6 дастгоҳи адрасбофӣ таъмин шудааст. Ба  мақсади таълим додани  ҳунари адрасбофӣ  аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд устодони  ин  касбро   даъват намуданд, ки  онҳо  дар  давоми  як  моҳ  ба  бонувони хонашин нозукиҳои  ин  касби қадимаро  омӯзонданд. Ҳамчунин, ба хотири фаъолияти босамари коргоҳ бештар  аз 40  нафар занон   дар Маркази ҳунаромӯзии бонувони «Меҳри модар»-и ноҳияи Дарвоз  тайи як моҳ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Дар  маросими  ифтитоҳи корхона  Шодихон  Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  изҳор дошт, ки бунёди чунин  корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар манотиқи дурдасти кишвар бори дигар аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин минтақаҳо  ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони он шаҳодат медиҳад. Ин дастгириву ғамхориҳо ҳар шаҳрвандро водор месозанд, ки ҷиҳати иҷрои  дастуру супоришҳои Пешвои миллат камари ҳиммат баста, дар  рушду равнақи кишвар саҳми арзанда гузорад. Итминони  комил аст, ки  бо  дастгирии Ҳукумати  кишвар  то  ҷашни  Наврӯзи соли оянда    дар  ин  гӯшаи  зебоманзари  Тоҷикистони  азизамон  боз  коргоҳу  корхонаҳои  нави  дигаре  қомат  афрохта, нафарони   зиёд бо  ҷои  кори  доимӣ  таъмин хоҳанд гашт.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 1324

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед