logo

фарҳанг

ГАҲВОРАИ ТАМАДДУН АЗ ИБНИ ҲАЙЁН ТО ҲАКИМ МАЙСАРӢ

Тоҷикон чун аз қадимтарин мардумони ориёии сокини Осиёи Марказӣ дар робитаҳои гуногунҷабҳаи Шарқу Ғарб ва гуфтугӯи тамаддунҳо саҳми босазо гузоштаанд. Кишвари бостонии Бохтару Суғд, ки онҳоро «гаҳвораи нахустини давлати тоҷикон» номидаанд, ба тамаддуни олам дастовардҳои азиме ҳадя кардааст, ки барои пешрафти ҷомеаи инсонӣ то имрӯз хидмат менамоянд.  

Асрҳои 9 - 10, яъне аҳди Сомониён замони пешрафтҳои куллии соҳаҳои гуногуни илму фан, тиҷорату кишоварзӣ, иқтисоду фарҳанги Хуросону Мовароуннаҳр буд. Донишмандони форсу тоҷик дар муҳити созгоре, ки муҳайё шуд, ба омӯзиши амиқи илму дониши халқҳои гуногуни олам, бахусус Юнону Рими Бостон, Ҳинду Чини қадим пардохта, муҳимтарин осори онҳоро  ба забонҳои арабиву форсӣ тарҷума карданд.
Кашфиёту дастовардҳои илмии донишмандони тоҷик хеле зиёд буда, мутаассифона, ҳанӯз ҳамаҷониба таҳқиқ нашудааст. Ин ҷо ба чанде аз онҳо, ки воқеан ҷавҳари гуфтугӯи тамаддунҳо дар он асрҳо мебошанд, ишора мешавад.
Кимиёдони маъруфи хуросонӣ Ҷобир ибни Ҳайён назарияи пайдоиши филизотро кашф кард. Муҳаммад Закариёи Розӣ осори Гиппократу Гален ва дигар донишмандони Юнону Рум, Ҳинду Миср, Чину Сурияро омӯхта, тибби назариро бо амалӣ пайваст. Ӯ бори аввал фарқи бемории обиларо аз сурхак муайян карда, усули гулбуриро дар муолиҷа истифода намудааст. Ба ақидаи Ю. Нуралиев «Розӣ аввалин донишмандест, ки имконияти бо усули кимиёвӣ сохтани доруҳои сунъиро ба аҳли башар пешкаш намудааст. Ӯ усули алкаҳол (Spiritus vini) ва сулема – дихлороди симобро (Hudraryrum dichioratum) кашф намудааст ва аввалин табибест, ки тори (кетгути) аз рӯдаи борики гӯсфанд сохтаро барои дӯхтани захм ва докаро барои бастану захму ҷои ҷарроҳӣ истифода бурдааст. Ӯ чангаки махсуси фулузиро барои бартараф намудани ҷисми ба гулӯ афтода ихтироъ кардааст».
Абуабдулло Муҳаммади Хоразмӣ рақамҳои ба истилоҳ арабиро, ки решаи ҳиндӣ доранд, дар илм ҷорӣ намуд, ки имрӯз дар истифодаи аҳли олам аст.
Дар таҳкими робитаҳои илмии Шарқу Ғарб бахусус хидмати ду донишманди бузурги ин даврон Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ хеле бузург аст. Онҳо дар ин роҳ тамоми неруву заковати худро сарф намуда, осори гаронбаҳое офариданд.
Ибни Сино дар пешрафти илмҳои тиб, кимиё, риёзиёту ҳандаса, маъданшиносӣ, набототшиносӣ, ҳайвонотшиносӣ, физикаву геология, фалсафаву мантиқ ва амсоли инҳо саҳми калон гузошта, ганҷинаи илми ҷаҳониро бо кашфиёту дастовардҳои илмии худ ғанӣ гардондааст. «Ал - Қонун» - и Ибни Сино доиратулмаорифи тиббиест, ки тамоми дастовардҳои тибби ҷаҳониро то он замон ҷамъбаст намуда, сипас дар тӯли асрҳо китоби дарсии донишкадаҳои тиббии Аврупо будааст. Кашфиёти ӯ дар соҳаҳои гуногуни тиб хеле фаровон буда, аввалин рисолаи илмиро дар бораи муолиҷаи бемории қалб навиштааст ва садҳо доруи навро сохтааст. Дар осори фалсафии Ибни Сино, бахусус «Шифо» - и ӯ гуфтугӯҳои фалсафаву ҳикмати Шарқу Ғарб эҳсос мешавад.
Абурайҳони Берунӣ низ дар соҳаҳои гуногуни илм кашфиёту ихтирооти зиёд карда, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Ӯ андешаи низоми гелиосентрии оламро қабл аз Коперник баён кард. Берунӣ ҳарчанд дар кишваркушоиҳои Султон Маҳмуд дар Ҳиндустон ширкат варзида, чандин бор ба он кишвар сафар кард, вале ӯ бо худ донишу ҳикмат бурд ва дар зимни сафарҳо ба омӯзиши забону фарҳанги ҳиндувон пардохта, шоҳасари худ «Китоб фӣ таҳқиқи молилҳинд» - ро офарид. Ӯ, ҳамчунин, барои пайвастани комёбиҳои ҳисоби юнониву ҳиндӣ кӯшишҳо ба харҷ додааст.
Берунӣ дар китоби «Сайдана» дар бораи 1116 даво маълумот дода, номи 4500 даворо ба забонҳои арабӣ, форсӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, лотинӣ, чинӣ ва ғайра сабт намудааст.
Аббос Маҷусии Аҳвозӣ, Абулҳасани Табарӣ, Абумансури Қамарӣ, Абусаҳли Масеҳӣ, Абубакри Бухорӣ, ҳаким Майсарӣ ва амсоли онҳо бо омӯзиши манбаъҳои тибби Юнон, Араб, Ҳинд ва таҷрибаҳои табибони кишварҳои гуногун осори зиёде офаридаанд, ки бештари онҳо ба забонҳои аврупоӣ чоп гардиданд.
Нақши   ин давлат дар пешрафти  адабиёт низ хеле назаррас аст.
Адабиёти аҳди Сомониён дарвоқеъ аз дурахшонтарин давраҳои таърихи адабиёти бостонист, ки ганҷинаи тамаддуни ва ҷаҳонро бо дурдонаҳои гаронбаҳои худ ғанӣ намуда, бунёди адабиёти нави форсиро гузоштааст, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол сайру такомулу таҳаввул дорад. Ин адабиёт на танҳо бо миқдори адибону осори онон, балки бо мазмуну андешаҳои баланди башардӯстиву ватанпарастӣ, масоили муҳими иҷтимоиву ахлоқӣ ва шеърияту сабки шевои худ низ мумтоз аст.
Аксари донишмандон барҳақ давлати Сомониён ва вазъи пешрафти иқтисоди кишварро дар аҳди ҳукмронии онон аз авомили асосии ривоҷи адабиёту фарҳанг донистаанд. Дарвоқеъ, давлати Сомониён аз тавонотарину бонизомтарин давлатҳои ҷаҳонӣ буда, дар силсилаи давлатдории бостонии мардумони эронинажод чун ҳалқаи заррин ҷилвагар мешавад. Маҳз ба шарофату баракати давлати Сомониён, бахусус кӯшишу талошҳои давлатмардони номии он чун Исмоили Сомониву Наср бинни Аҳмад шаҳрҳои азиму ободи Бухорову Самарқанд, Фарғонаву Хуҷанд, Марву Нишопур, Балху Рай аз нав ривоҷ пайдо карда, ба марказҳои иқтисодиву тиҷоратӣ табдил ёфтанд, деҳоту рустоҳои Уструшанаву Бутамон, Шумону Чағониён, Рашту Хуталон бо ашёву колоҳои гаронбаҳои худ шуҳраи ҷаҳон гаштанд.
Чунин мисолҳоро аз соҳаҳои дигари илму адаб ва фарҳанг ҳам метавон овард, ки бештари онҳо аз равобити мутақобилаи илму фарҳанги кишварҳои Шарқу Ғарб гувоҳӣ медиҳанд.
Мирзо МУЛЛОАҲМАД,
узви вобастаи  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 1839

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед