logo

иқтисод

“ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ”. ЭЪТИМОДИ КИШОВАРЗОН МЕАФЗОЯД

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии  “Тоҷикагролизинг” бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дар  бобати механиконии соҳаи кишоварзӣ, бахусус дар вилояти Хатлон, корҳои муҳимро ба сомон расонд. Танҳо соли равон  дар ноҳияҳои Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бохтар, Шаҳритуз ва Сарбанд  марказҳои нави хизматрасонии техникӣ таъсис дода, шумори умумии онҳоро ба 20 адад расонд.

Ҳамин гуна маркази хизматрасонии техникӣ 17 декабр дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ ёфт.
- Маркази навтаъсис бо комбайн, тракторҳои шудгоркунандаи истеҳсоли Ҷумҳурии Федералии Олмон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, олотҳои кории истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва корхонаҳои ҷумҳурӣ ҷиҳозонда шудааст, - гуфт зимни кушодани коргоҳ директори КВДҶ “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф Акрам. – Барои таъсиси он 808 220 сомонӣ харҷ шудааст. Марказ дорои дастгоҳҳои ёридиҳанда, аз қабили кафшерҳои барқу газ, оҳангарӣ, харротӣ, пармакунӣ, маводи хоҷагидорӣ мебошад, ки дар давраи кишту кори тирамоҳию зимистонӣ дастгири кишоварзон мегардад. Алҳол аз хизмати марказ кишоварзони ноҳияҳои ҳамсоя низ истифода бурда метавонанд.
Зикр гардид, ки бисёр ширкату корхонаҳои хориҷӣ барои нишон додани техникаю таҷҳизоти худ омодаанд ба КВДҶ “Тоҷикагролизинг” ба маблағи як миллион доллари амрикоӣ бе пешпардохт маҳсулоти хешро пешниҳод намоянд.
Соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба техникаю таҷҳизоти муосир ниёз дорад. Зеро аз истифодаи техникаи куҳна кишоварзон зарар мебинанд. Тавре профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Музаффар Каримов иттилоъ дод, ҳангоми дарави ғалладона бо комбайнҳои куҳна аз ҳар гектар қариб 10 сентнери ҳосил талаф меёбад. Истифодаи техника ба афзудани ҳосил низ мусоидат мекунад. Чунончи, агар картошка дастӣ шинонда шавад, нисбат ба картошкаи шоинондаи техника камаш 15 дарсад кам ҳосил медиҳад. Ё агар зимни кишти дастӣ дар як гектар пиёз 18 – 20 кг тухмӣ сарф шавад, истифодаи тухмипошак масрафро хеле кам мекунад.
- Вахш  яке аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурист, - мегӯяд Шарбатулло Азизулло.  – Ҳар сол мо дар 16 ҳазор гектар пахта мекорем. Барои киштукор ва коркарди байни қаторҳо техникаҳои пуриқтидор ва ҳамакори сермаҳсул лозиманд. Дар ноҳия ба ҷойи 10 хоҷагии калони пештара зиёда аз 6,5 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Хоҷагиҳои, ки аз 0,5 то 19 гектар замин дошта, қудрати хариди техникаи навро надоранд. Аз ин рӯ, ба фаъолият шурӯъ кардани маркази хизматрасонии техникӣ ва ба кишоварзон тариқи лизинги молиявӣ пешниҳод кардани техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ба нафъи кишоварзон мебошад.
Дар семинар директори ширкати “Агролиз”-и Олмон дар Тоҷикистон Улрих Пингел омодагии ширкаташонро барои дастгирии кишоварзони ҷумҳурӣ изҳор дошт.
- Техникаҳои кишвари мо метавонанд 15 амалиётро анҷом дода, ба деҳқонон ёрдами хуб расонанд. Ба хоҷагидорон лозим меояд, ки техникаи пурқудрати сермаҳсулро ба мутахассис бовар созанд. Зеро истифодаи ноуҳдабароёна метавонад, техникаи пурқиматро пеш аз муҳлат аз кор барорад.
 - Дар минтақа 10 ноҳия бо марказҳои хизматрасонии техникӣ таъминанд. МТХ-и ноҳияи Восеъ хеле беҳтар бо таҷҳизот таъмин буда, ба деҳқонон хизмати хуб мерасонад. Ҳоло зиёда аз 300 трактори шудгоркунанда мавриди истифода қарор дорад. Дар мавсими кишти тирамоҳӣ мо ба мавзеи Олимтой, ки дар ин ҷо ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминободу Данғара ва Восеъ заминҳои  ғаллакорӣ доранд, зиёда аз 50 трактори МТЗ – 82-ро бароварда, ба деҳқонон дар шудгору кишти зиёда аз 10 ҳазор гектар ёрӣ расондем.
Ҳадаф он аст, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо чунин марказҳои бо техникаю таҷҳизоти пуриқтидор таъсис дода, кори деҳқонон сабук гардонда шавад. Самараи истифодаи техникаҳои КВДҶ «Тоҷикагролизинг» буд, ки имсол маъракаи дарави ғалла дар минтақа 20 рӯз пештар ба охир расид, - гуфт дар суҳбат Бобохон Ҷаъфаров, мутахассиси КВДҶ “Тоҷикагролизинг” - и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб.
Дар семинар иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таъсис додани марказҳои хизматрасонии техникӣ дар назар аст. Аммо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо то ҳанӯз барои марказҳо замин ҷудо накардаанд, ки ҳалли масъаларо то андозае душвор намудааст.
Мирзои ФИРӮЗ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 1421

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед