logo

иҷтимоиёт

РОҲҲО. САФАР БА ЗАРАФШОН РОҲАТ АСТ

Хушбахтона, имрӯз кишвари азизамон дар қатори дигар давлатҳои соҳибистиқлол ва мутамаддин рушд карда истодааст. Сохтмони иншоотҳои бузурги аср, бунёди роҳҳо ва нақбҳо, саноатикунонии мамлакат, сохтмони корхонаҳои хурду бузург аз шумори дастовардҳои беназиранд, ки бо заҳмату кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амалӣ гардидаанд. 
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати дохилии кишвар бунёд ва азнавсозии роҳҳои мошингард мебошад. Ободӣ ва бунёдкории роҳҳо барои ҳар як давлат хеле муҳим аст. Маҳз тавассути роҳҳо амнияти давлат, рушди иқтисодиёти миллӣ ва таъминоти иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Чуноне ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ дар водии Зарафшон қайд кардаанд: “Роҳ барои ҳар як мамлакат аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва тақдирсоз дорад. Бо дарки ин воқеият Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар ва ба хотири некуаҳволии мардум барномаи доманадори сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ, азнавсозии роҳҳои куҳна, бунёди пулҳо ва нақбҳоро ба ҳаёт татбиқ намуда истодааст, ки натиҷааш ба ҳамаи сокинони кишвар ба хубӣ маълум аст”.
Бунёд ва азнавсозии роҳҳо имконият медиҳанд, ки сокинони мамлакат дараҷаи баланди рушди зиндагиро соҳиб гарданд. Махсусан, барои мардуми кӯҳистон, бунёди роҳҳои мошингард аҳамияти бузург дорад. Яке аз чунин минтақаи кӯҳӣ водии Зарафшон мебошад. Азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент барои сокинони минтақа шароит фароҳам овард, то ки онҳо дар ҳама гуна фасли сол тавонанд ба дигар мавзеъҳо рафтуомад карда, мушкили иқтисодию иҷтимоии худро бартараф созанд. Ревад деҳаест дар домани кӯҳҳо. Мардуми ин деҳа дар давоми солҳо аз бад будани вазъи роҳҳо душворӣ мекашиданд, хусусан дар фасли сармо мушкилӣ дучанд мегардид. Ҳоло сокинон, чи хурд ва чи бузург, аз ободии маконашон хушҳоланд. Хушҳоланд, ки бо заҳматҳо ва ободкориҳои Пешвои миллат соҳиби роҳҳои мутобиқ ба стандарти ҷаҳонӣ шуда истодаанд. Ҳамаи ин хизматҳои Сарвари давлатро қадр намуда, баҳри ободии Ватан саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Ҳоҷизода АЛИНАЗАР, донишҷӯи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 2560

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед