logo

фарҳанг

ФАРҲОД РАҲИМӢ: "МУТААССИФОНА, МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ КАМ НЕСТАНД"

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, зимни баргузории ҷаласаи  солона иброз намуд, олимони соҳаи астрофизика  ҷирмҳои нави  осмонӣ ва объектҳоеро, ки ба замин наздик мешаванд, аксбардорӣ ва астероиди динамикиеро кашф намуданд. Кормандони  Институти  геология майдонҳои нави маъдандорро пайдо карданд. Пойгоҳи баландкӯҳи илмие, ки дар мавзеи Ҷелондии ноҳияи  Шуғнон, дар баландии 3400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, пурра таъмир гардид. Кормандони  Институти физика бо истифода аз нитрогени моеъ дастгоҳи наве сохтанд, ки он барои ҷарроҳӣ  истифода мешавад. Дастгоҳ аз ҷониби табибони кишвар мавриди истифода қарор гирифт. Бо истифода аз  он то имрӯз 51 ҷарроҳӣ  бо натиҷаи хуб анҷом дода шуд.
Президенти академия  натиҷаи корҳои олимони соҳаи кимиёро низ хуб арзёбӣ намуд. Олимони соҳа барои ҳамгироии илм бо истеҳсолот корҳои назаррас  анҷом дода истодаанд. Яке аз онҳо коркарди нуриҳои минералии фосфордор аз конҳои маҳаллӣ мебошад. Ояндаи наздик хоҷагиҳои кишоварзӣ бо чунин нурӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар ҷаласа тадбиқи дастовардҳои илмӣ мушкили асосӣ арзёбӣ гардид. «Дар робита ба ин масъала давоми сол ба корхонаҳои саноатӣ, идораву коргоҳҳои истеҳсолӣ ду маротиба  мактуб ирсол намудем. Гуфтем, ки интизори фармоиши шумоем. Дар кадом самт мехоҳед, ки олимон саҳм гузоранд?  Мутаассифона, аз ҳеҷ вазорат, идора ва корхона  фармоиш ё супориш нагирифтем. Ба хулосае омадем, ки роҳи тадбиқи дастовардҳои илмиро бояд худамон пайдо кунем. Пеш аз ҳама, механизми тадбиқи  дастовардро коркард намоем. Ин яке аз вазифаҳои асосии мо дар соли  2017  хоҳад буд», - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Дар масъалаи ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию - таҳқиқотӣ зикр шуд, ки ҳоло дар заминаи магистратура ва аспирантураи академия зиёда аз 800 нафар ҷавон таҳсил мекунад. Зиёда аз 400 ҷавони то 35 - сола  дар сохтори гуногуни илмӣ кору фаъолият дорад. Ҷойи таассуф аст, ки академия барои чунин нафарон ҳатто хобгоҳ надорад ва наметавонад онҳоро бо манзили зист таъмин намояд. Аз хобгоҳи муштараки аспирантон танҳо 30 дарсадаш барои онҳо пешбинӣ гардидааст, ки  кифоя нест. Аз ин рӯ, таъмини аспирантон бо ҷойи зист ҳамоно аз мушкилии ҳалношуда аст.
Сифати корҳои илмӣ - таҳқиқотии олимон низ на ҳамеша хуб аст. Ҳоло олимон аз рӯйи 338 мавзӯи фармоишӣ корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ мебаранд. Аз ин 96 мавзӯъ дар  академия,  боқӣ дар вазорату идораҳое амалӣ шуда истодаанд, ки дар сохторашон муассисаҳои илмӣ доранд.
 «Мутаассифона,  сифати иҷрои корҳо ғайриқаноатбахш аст. Чанде пеш аз як вазорат мавриди иҷрои 7 мавзӯи илмию таҳқиқотӣ ҳисобот гирифтем. Маълум шуд, ки бар ивази 400 - 500 ҳазор сомонӣ, ки ин пули кам нест ва он аз буҷети давлат ҷудо мегардад, натиҷаи кор - як барномаи таълимӣ, 1 силабус ва 1 рисолаи магистрӣ аст.  Ин на кори илмию таҳқиқотӣ, балки сарбории фаъолияти  як устоди донишгоҳ буда метавонад. Маблағҳои ҷудогардидаро бояд, ки мақсаднок истифода барем. Ин маблағҳо бояд барои омӯзиши мавзӯъҳое равона гарданд, ки дар иқтисодиёти кишвар аҳамияти амалӣ доранд», -  таъкид намуд  Фарҳод Раҳимӣ.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 1774

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед