logo

иқтисод

ЯК СОЛИ БАДАХШОН

Дар муддати камтар аз як сол дар ноҳия амалҳои зиёди  ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагие ба сомон расиданд, ки дар даврони шӯравӣ дар даҳсолаҳо ба ҷо оварда намешуданд. Дар ноҳия бештар аз  даҳ иншооти самти иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаи дӯзандагӣ барои 100 нафар бону, коргоҳи истеҳсоли меваю сабзавот, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, бозори нав дар маркази ноҳия, пули мошингузар дар мавзеи Бодавди шоҳроҳи  байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ - Қулма,  маркази саломатӣ дар деҳаи Гармчашмаи Ҷамоати деҳоти Рованд, бинои мактаб дар деҳаи Шавуди Ҷамоати деҳоти Язгулом, кӯдакистон дар Ҷамоати деҳоти Муҳаммадулло Абдуллоев, инчунин   садҳо манзилҳои истиқоматии  замонавӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Имрӯзҳо дар маркази ноҳияи Ванҷ бунёди панҷ иншооти калон - Кохи фарҳанги дуошёнаи дорои зиёда аз 600 ҷойи нишаст, биноҳои сеошёнаи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 барои 640 хонанда, иморатҳои шуъбаи амнияти миллӣ ва маркази калони савдо босуръат идома доранд.  Бинокорон тасмим гирифтаанд, ки ин биноҳоро то охири сол сохта ба истифода диҳанд.
Орзуву армони деринаи  сокинони на танҳо деҳоти Вознавд, Шидз ва Шпади ноҳияи Рӯшон, балки Ҷамоати деҳоти Язгулом низ ҷомаи амал пӯшид. Бо дастури Пешвои миллат хати баландшиддати 35 - киловолтаи барқи Вомар – Деҳ -  Язгулом   бунёд гашта, дар  арафаи Паёми  навбатии Президенти   мамлакат кошонаҳои аҳолии рустоҳои баландкӯҳи Шавуд, Андарбак, Будун, Ҳамагии водии Язгулом равшан ва гарм гаштаанд. Ҳамзамон, сохтмони неругоҳи барқи обии деҳаи Мотравн, ки  Пешвои миллат 28  сентябр  ба рафти сохтмони он зимни сафари кориашон  ба водии Язгулом шинос гашта буданд, босуръат идома дорад. Ба ғайр аз ин, азнавсозии неругоҳи барқи обии деҳаи Андарбак ва таъмири асосии ду агрегати  неругоҳи барқи обии  маркази ноҳия  ба анҷом расонда шуд. Мардуми Ванҷ ба мисли  сокинони  шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъа аз он  хурсанд ва шукргузоранд, ки  саросари маркази ноҳия ва деҳоти он аз неруи барқ пурра таъмин аст.
Ҳамчунин, дар ин диёри пурфайзу баракат, ки  онро Ванҷи пурганҷ низ меноманд, дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, нигоҳдории тандурустӣ, роҳу алоқа низ пешравиҳои намоёне ба амал омадаанд. Ноҳия калонтарин минтақаи истеҳсоли ғалла, картошкаву сабзавот, мева ва чормағз дар Бадахшон мебошад. Себу нок ва чормағзи овозадори  Ванҷ ба  хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад. 
Дар Паёми  январии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Барои ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардондани роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб - Қалъаихумб - Хоруғ - Қулма имсол оғози таҷдиди ду қисмати душвортарини он, яъне Кӯлоб - Шӯрообод (Шамсиддини Шоҳин) ба масофаи 32 километр ва Шкев - Қалъаихумб ба масофаи 26 километр ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии он беш аз 800 миллион сомониро ташкил медиҳад». Сокинони Дарвози бостонӣ аз он ифтихорманд ва шукргузоранд, ки қитъаҳои аз ҳама мушкилгузар ва хавфноки Шамсиддини Шоҳин – Шоҳон – Зиғар – Шкев ба шоҳроҳи  тахту ҳамвори ба ҳамаи меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ табдил дода шудааст. Дар мавзеъҳои Кишт, Хирманҷой ва Оби Ниёв се пули калонтарин бо қудрати борбардории зиёда аз 100 тонна ва  дар минтақаҳои дигари ин роҳ зиёда аз 10 пули нақлиётгузар бунёд гаштааст. Ронандагон пештар роҳи 170 - километраи Қалъаихумб - Кӯлобро дар 10 соат тай  мекарданд, ҳоло  бошад, онро дар 3 - 4 соат мепаймоянд.
Дар фосилаи аз Паём то Паём дар  ноҳия 12 иншооти нав, аз ҷумла  бинои касалхонаи минтақавӣ ва бозор дар Ҷамоати деҳоти Нулванд, инчунин марказҳои савдо ва хӯроки умумӣ, бунёд гаштанд. Маркази ноҳия - шаҳраки Қалъаихумб бо иншоот ва  биноҳои навсохти баландошёнаи зебояш бо  рушдёфтатарин ноҳияҳои кишвар рақобат карда метавонад.
Роҳи маркази Ҷамоати  деҳоти Сағирдашт тахту ҳамвор ва мумфарш гардид.  Корхонаи дӯзандагӣ  барои 50 нафар духтар бо номи «Ахтари модарон» ба кор даромад. Низомиён низ, ки хизмати Ватан - Модарро бо сарбаландӣ ба ҷо меоранд, дар ин минтақаи баландкӯҳ соҳиби  биноҳои нав гардиданд. Бо дастури Президенти кишвар муассисаҳои давлатии нигаҳдории  роҳҳои автомобилгарди  рақамҳои 1 ва 2, ки нигаҳдории  роҳи ағбаи баландкӯҳи Хобурубот ба зиммаи онҳо вогузор шудааст, техникаи нав гирифтанд.  Зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба сохтмони бинои  баландошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 санги асос гузоштанд. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, дар муҳити сарду барфистони ағбаи Хобурубот ин аввалин  иншооти самти иҷтимоии баландошёнаи соҳаи маориф мегардад, ки аз дуриҳо намудор аст.
Амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар минтақаҳои поёнии Бадахшон - ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз то мавзеъҳои дигари Боми ҷаҳон, то  дуриҳои Помири Шарқӣ, ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим хеле бешумор ва беқиёсанд. Аз ин хотир, мардуми ин сарзамини зебо ва пурасрори Тоҷикистон барои пешрафти диёр, рӯзгори  осуда ва босаодаташон ба Пешвои маҳбуб гаштаю баргашта изҳори сипосмандӣ ва арзи садоқатмандии бепоён менамоянд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 1473
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед