logo

иқтисод

КОНИБОДОМ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ - РУШДИ РӮЗГОРИ МАРДУМ

«Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд».

Ин нукта дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат 20 январи соли 2016 таъкид шуда буд, ки дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ натиҷаҳои судманд ба бор овард. Вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо дастури Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, даҳҳо коргоҳҳои нав бунёд ва ҷойҳои зиёди корӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар ин давра 6 коргоҳи саноатӣ бунёд ва 170 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Дар ин замина марти соли ҷорӣ дар деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом корхонаи коркарди нафти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон» бо иқтидори 70 ҳазор тонна коркарди нафт дар як сол ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар натиҷа 80 ҷойи кори доимӣ фароҳам омад. Ин коргоҳ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёд гардида, дар он навъҳои гуногуни маҳсулоти нафтӣ истеҳсол мешаванд, ки ба гуфтаи масъулони соҳа то андозае барои қонеъ гардондани талаботи шаҳру вилоят бо сӯзишворӣ мусоидат хоҳад кард.
Гузашта аз ин, ба манзури коркард ва содироти меваи хушк дар шаҳр коргоҳи “Меваи канд” бунёд шуд, ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол 1200 тонна мебошад. Дар ин корхона, ки бо технологияҳои замонавӣ таҷҳизонида шудааст, 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидааст. Яқинан, таъсиси чунин коргоҳ  дар шаҳри Конибодом, ки ба таъбири Президенти мамлакат боғдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи мардуми он аст, ба рушди соҳа, истеҳсол ва содироти меваи хушк такон бахшида, барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон ва ғанӣ гардондани буҷет низ таъсирбахш хоҳад буд.
Соли ҷорӣ, ҳамчунин 60 нафар сокини шаҳри Конибодом дар пайи таъсиси коргоҳҳои истеҳсоли гаҷ ва гипсокардон соҳиби ҷойи кор гардид. Ин навгонӣ дар ҳолест, ки Конибодом яке аз шаҳрҳои саноатии мамлакат ба ҳисоб рафта, бино ба гузоришҳои оморӣ, айнӣ ҳол дар ҳудуди он 50 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият мекунанд. Тибқи гузоришҳои дастрас, танҳо дар 15 соли охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр 8 баробар ва майдони боғҳо 3 ҳазор гектар афзуда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 25 баробар зиёд гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, гузориш аз ҷараёни маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2016, ки дастраси “Ҷумҳурият” гардид, нишон медиҳад, ки дар ин муддат аксар соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбат ба даст овардаанд. Чунончи, дар зарфи 11 моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 109 миллиону 889,4 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 316 миллиону 147,2 ҳазор сомонӣ, сармоягузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо 21 миллиону 166,2 ҳазор сомонӣ, гардиши савдои чакана 310 миллиону 55,6 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ 170 миллиону 779,3 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.
Дар ҳудуди шаҳр 222,3 километр роҳ таъмир, зиёда аз 5 километр пурра мумфарш, 54,1 километр шағалпӯш ва 165,2 километр таъмири ҷорӣ бо асфалт сурат гирифтааст. Мутаассифона, дар ин давра коргоҳҳои саноатии Ҷамъияти саҳомии «Конибодом» ва Ҷамъияти саҳомии «Ресмон» тамоман фаъолият накарданд, ки сабаби он бемасъулиятии соҳибмулкон арзёбӣ мешавад.
Зимни натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолият таъкид гардидааст, ки оид ба  таъмини дурнамо ва уҳдадории коргоҳҳои саноатии шаҳр, махсусан, ҶДММ “Новопласти Конибодом”, “Ниҳол ГДТ”, “Ресмон”, “Ассор”, “Конибодоммаснуот” ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои амалӣ андешида шаванд. Ҳамчунин, пурзӯр намудани кор дар самти пешгирии падидаҳои  номатлуб, аз ҷумла ҷудошавии оилаҳо ва суиқасд ба ҷон, назорати иҷрои қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таъмини мактабҳои ғайритоҷикӣ бо мутахассисони таълими фанни забони давлатӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шудааст.
Дар маҷмӯъ шаҳри Конибодом дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, чун дигар гӯшаҳои Тоҷикистони азиз дар партави сиёсати бунёдгарои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушд намудааст. Мушоҳидаҳои мо зимни як сафар ба Конибодом, ки ду моҳ қабл сурат гирифта буд, далели пешравиҳоро собит сохт ва бо чашми худ дидем, ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳр симои наву замонавӣ касб намудаанд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 1326

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед