logo

иқтисод

ТАДБИРҲО БОЯД САМАР ДИҲАНД

Мутобиқи моддаи 61 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» дар асоси қарорҳои раёсати БМТ аз 13 декабри соли ҷорӣ фаъолияти маъмуриятҳои муваққатӣ дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСП «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк» ба анҷом  расид. Роҳбарияти ин бонкҳо вазифадор карда шуданд, ки дар муддати як моҳ нақшаи беҳбудӣ бахшидан ба вазъи молиявиро таҳия ва ба Бонки  миллӣ пешниҳод намоянд. Дар ин бора 14 декабр сомонаи расмии БМТ хабар  додааст.
Тоҷиддин Пиров аз нав  роҳбарии «Тоҷиксодиротбонк» - ро бар дӯш гирифт. Ҷаласаи васеи ғайринавбатии саҳомони ТСБ, ки 13 декабр бо иштироки Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ ва Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси БМТ, баргузор шуд, дар ин бора тасмим гирифт. Ҷамшед Зиёев, дорандаи қисмати калони саҳмияҳои «Тоҷпромбонк», аз нав роҳбари ин бонк интихоб шуд. Ёдрас месозем, ки раёсати БМТ соли равон 3 май дар «Тоҷпромбонк» ва  18 май дар «Тоҷиксодиротбонк» маъмуриятҳои муваққатӣ таъйин намуда буд. Мунтазам вайрон намудани қонунгузории кишвар дар бораи фаъолияти бонкӣ ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Бонки  миллӣ, ки ба суст шудани  вазъи молӣ ва коҳиши боварии муштариён ба ин бонкҳоро ба амал овард, сабаби асосии роҳандозии ин тадбир  арзёбӣ мегардид.
Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтарсозии вазъи молӣ ва аз касодшавӣ раҳондани чор бонк – «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк», тавре хабар додаанд, бештар аз 3  миллиард сомонӣ ҷудо мекунад, ки қисмати бештари он барои «Тоҷиксодиротбонк» (2 миллиард.) ва «Агроинвестбонк» (1 миллиарду 200 ҳазор) пешбинӣ шудааст.
Тайи ду соли охир ин бонкҳо дар  марҳилаҳои  гуногун ба душвориҳои  сахти молиявӣ мувоҷеҳ гардида, аз пасандозгузорон ва соҳибони кортҳои бонкӣ шикоятҳои зиёд расиданд. Охири охирон «Агроинвестбонк» ба ин ҳол дучор шуд. Зимнан, бояд таъкид намоем, ки мушкили молиявӣ барои Тоҷикистон ягона набуд. Буҳрони шадиди молиявии ҷаҳон, афтиши нархи нафт ва болоравии қурби доллар иқтисоди бисёр кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои муқтадирро ларзонд. Аксари  коршиносон ва иқтисоду молиядонони байналмилалӣ дар  мушкилоти бозори ҷаҳонӣ ва ҷаҳиши асъорҳои  миллӣ Шабакаи захираҳои федералии ИМА – ро сабаби асосӣ медонанд, ки сиёсати  пуршиддати пулиро амалӣ месозад.
Ивазшавии пурраи роҳбарияти  БМТ шаҳодати он буд, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи  мавҷудаи молиявӣ дар кишвар қаноатманд нест. Роҳбарияти нави Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, устувории низоми  молиявии мамлакат, нигоҳ доштани сатҳи муътадили таваррум ва муназзам идора намудани ҳаҷми пули муомилот чораҳои қатъӣ андешиданд. Яке аз сабабҳои  муваққатан иваз намудани роҳбарони «Тоҷиксодиротбонк» - у «Тоҷпромбонк» низ ҳамин буд.
- Иқтисод ва тиҷорат ба ислоҳоте, ки амалисозии он аз охири соли 2015 ҷараён дорад, тадриҷан мутобиқ мешавад. Ин, қабл аз ҳама, ба пурра манъ шудани  истифодаи асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон дахл дорад. Акнун зимни ҳисоббаробаркуниҳо, аз ҷумла ҳангоми харидуфурӯши  хонаю мошин, дар Тоҷикистон  маҳз сомонӣ истифода мешавад. Аз ин сабаб талабот ба асъори миллӣ якбора зиёд шуд ва мо мувофиқ ба вазъ ҳаҷми пули дар гардиш бударо  зиёд намудем, то талабот ба пули миллиро  қонеъ гардонем, - изҳор дошт Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси БМТ, дар конфронси матбуотӣ.
Роҳбарияти Бонки миллиро роҳандозии сусти кор бо муштариён ва ба мизоҷон пешниҳод нашудани иттилооти  шаффоф дар бозори хизматрасониҳои молиявӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ нигарон намудааст. Маҳз шаффофияти нокифоя ва дараҷаи пасти иттилоотонии муштариён доир ба фаъолияти муассисаҳои молиявӣ боиси ба андозаи кофӣ ҷалб нашудани  мардум ва  коҳиш ёфтани боварӣ ба бахши  бонкдорӣ гардидааст. Бонкҳо  бояд ҳисоботи солонаи  молиявӣ ва рӯйхати аъзои шӯроҳои нозирони  бонкҳоро (дар муассисаи марказӣ ва филиалҳо) интишор намоянд, ба  муштариён оид ба сиёсати қарзӣ ва вижагиҳои он иттилои мукаммал диҳанд.
 Тавре 7 декабр сомонаи Бонки  миллӣ хабар додааст, айни замон таҳияи санади муҳим – барномаи «Афзалиятҳои стратегӣ ва нақшаи фаъолият доир ба рушди  механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои  истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2017 – 2019» роҳандозӣ  шудааст. Тавре аз номи санад бармеояд, ҳадафи асосӣ аз қабули он ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагони  хизматрасониҳои молиявӣ ва боло бурдани  сифати хизматрасонӣ ҷиҳати ба даст овардани боварии мардум аст. Айни ҳол хизматрасониҳо якҷониба, фақат ба нафъи муассисаҳои молиявианд, на муштариён.
 - Бо умеди калон барои харидани хона маблағ ҷамъ кардем. Мақсад доштем, ки бо тамом шудани муҳлати пасандози бонкиамон дар  «Агроинвестбонк» пулро мегирему хона мехарем. Ҳатто кофта – кофта ба андозаи пуламон хона ҳам ёфтем. Аммо вақте барои гирифтани пасандоз омадам, ба сарам оби хунук рехта, умедамро барбод доданд. Ҳоло чор моҳ боз барои гирифтани пули худам саргардонам. «Рӯзи дигар», «ҳафтаи дигар», «моҳи дигар» гуфта, ваъда медиҳанду садҳо муштариёнро бо фиреб сарсон мекунанд, - гуфт Гулрухсор Каримова, сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт.
Дар ҳақиқат, вақте муштарӣ қарзи бонкиашро дар муҳлаташ баргардонда натавонад, бонк ё ташкилоти қарзӣ дар ивази  қарз хона, зару зевар, мошин ва ё ашёи дигари арзишманди қарздорро (албатта бо роҳи қонунӣ) кашида мегирад. Аммо вақте муассисаи  молиявӣ пасандозро баргардонда наметавонад, муштарӣ моҳҳои дароз аз кору бор монда, сарсону саргардон мешавад, аммо бонк ё ташкилоти қарзӣ гӯё ҷавобгар нест. Яъне, адолати иҷтимоӣ халал меёбад. Бинобар ин, ҳуқуқу уҳдадориҳои ду тараф бояд баробар бошанд. Магар бо «Ҳоло нест», «Сабр кунед», «Як - ду моҳ пас мешавад» - ҳо мардумро  қаноатманд кардан мумкин аст?
Масъулини бонкҳо ҳақ надоранд бо миллиардҳои Ҳукумат ва мардум он гуна ки хоҳанд, бесаришта, бо нақшаю амалиётҳои ғайриҳирфаӣ муносибат намоянд.
Сабақи дирӯзаро ҳам набояд фаромӯш созем: буҳрони шадиди молиявии  соли 2008, ки минбаъд бахшҳои иқтисодиву иҷтимоиро низ қариб фалаҷ намуда, ҷаҳонро  такон дод, маҳз аз ҳамин амали  ҳарисонаи бонкдорони «Леҳман Бродерс» - у  «Мерил Линч» оғоз ёфта буд. Хонаҳои бешумор сохтанд, замин хариданд, коғазҳои қиматноки  зиёди маҷмӯи арзишашон аз дороии бонкҳо бештарро ба фурӯш гузоштанд… Пас, бояд сабақ гирем! Обро лой, муштариро сарсон ва дар хоҷагидорӣ исрофкорӣ кардан не, вазъро беҳбудӣ бахшидан ҳунар аст.
Сайвалӣ АЗИЗ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 1289

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед