logo

иқтисод

ХАТЛОН. САНОАТ ВА СОДИРОТ

Мусалламан, ҳар нуктаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 20 январи соли 2016 барои ҳамагон чун дастурамали фаъолияту зиндагӣ шинохта шуд. Дар Паёми Сарвари давлат таъкид шуда буд: “Моро лозим аст, ки бо истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд карда, талаботи бозорро бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ таъмин намоем ва ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешем”. Дар ҳошияи ин ва дигар дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат меҳнаткашони вилояти Хатлон низ амсоли дигар мардуми бунёдкори диёр дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил гаштанд. 
Чуноне аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ гирифтем, дар ин давра соҳаи саноат босуръат рушд ёфта, ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар таъмини ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилоят ба таври назаррас афзуд. Ҳамин тавр, корхонаҳои саноатии вилоят якҷо бо бахши хусусӣ дар соли 2016 ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба соли гузашта 478 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 112 дарсад боло бурданд. Ба гунаи мисол, корхонаҳои истихроҷи маъдан ба маблағи 303 миллион ва корхонаҳои истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ ба андозаи 284 миллион сомонӣ маҳсулот тайёр намуда, ҳаҷми истеҳсолро мутаносибан 43-47 дарсад боло бурданд. Ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 182 миллион сомонӣ бештар аст.
Хушбахтона, корхонаҳои саноати коркард ҳам ҳаҷми афзоиши истеҳсоли маҳсулотро таъмин карданд. Дар ин бобат ҳиссаи маҳсулоти ғизоӣ ва нӯшокӣ 512 миллион сомонӣ, нахи нассоҷӣ – 583 миллион, маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ – 212 миллион, чӯбу тахта, маснуоти чӯбӣ, пойафзол, коғазу селюлоза, маҳсулоти нафтӣ, кимиёӣ, резинӣ, филизӣ 875 миллион сомониро ташкил дод.
Бобати иҷрои дастури Сардори давлат дар хусуси ба кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 53 корхонаву коргоҳ бунёд ва барои истифода супурда шуд. Аз ин шумора 17 иншооти азим, аз қабили “Ҷунтай Моҳир семент”, “Криолит”, “Хуачиан Ғаюр индустриал”, “Кипарис”, “Ваҳдат, “Сантехник сервис”, МПМК “Хоҷамастон”, “Ҷунтай Данғара текстил” бо истифода аз технологияи ҷадид эъмор ёфт. Дар ин корхонаву коргоҳҳо беш аз 3 ҳазору 100 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. 
Баҳри таъмини шароити мусоиди корию маишати шаҳрвандон ва дигар тадбирҳои ободгароӣ тӯли 11 моҳи соли равон аз ҳисоби кулли манбаъҳои маблағгузорӣ наздики 1 миллиарду 700 ҳазор сомонӣ азхуд шуда, ба маблағи 1 миллиарду 397 миллиону 633 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлкунӣ ва 580 миллиону 511 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро гардид. Ба ин тартиб, ба маблағи 793 миллиону 325 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, 322 иншооти умумӣ ва 2 ҳазору 295 манзили хусусӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Барои мисол, дар 26 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоят бо эъмори биною синфхонаҳои иловагӣ барои 6542 толибилм ҷойи нишаст фароҳам оварда шуд.
Ба хотири нигаҳдошти хуби саломатии шаҳрвандон ва расондани хидмати босифату саривақтии тиббӣ 15 бунгоҳи тиббӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.
Вилояти Хатлон бузургтарин минтақаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, бахши аъзами маводи ғизоӣ ё маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамин ҷо истеҳсолу ҷамъоварӣ мешавад. Муҳимияти ин масъулиятро деҳқонони хатлонӣ нағз дарк карда, имсол низ ҳосили фаровон ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи истифодаи пурсамари замин ё худ аз як замин рӯёнидани якчанд ҳосил ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 10 миллиарду 854 миллиону 320 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Афзоиш нисбат ба соли 2015-ум 5,5 дарсадро ташкил кард. Аз ин 7 миллиарду 709 миллион ба арсаи рустанипарварӣ ва 3 миллиарду 145 миллион ба бахши чорводорӣ рост меояд.
Бинобар фаровон шудани маҳсулоти кишоварзӣ содироти он низ ба хориҷи кишвар  афзуд. Дар истинод ба омори расмӣ то 28-уми ноябр 89935,5 тонна сабзавоту меваҷот ва дигар маҳсули дастранҷи марди деҳқон ба бозорҳои фаромарзӣ бароварда шудаанд, ки ин 162 дарсади дурнаморо ташкил  дода, аз соли гузашта 18 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 1513

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед