logo

иҷтимоиёт

ҶАНГҲОИ ҚАБИЛАВӢ ДАР АФРИҚО

Дар оғози асри XIX дар Африқои Ҷанубӣ Чак, саркардаи зулуҳо, қавмҳои гуногуни ба ҳам зидди қашшоқи талаву тороҷгаштаро муттаҳид намуда, соли 1818 Конфедератсияи қабилаҳои минтақаи Наталро ташкил кард, ки минбаъд ба шоҳигарии пурқудрати Зулу табдил ёфт. Чак стратеги бузург ва ситамгари бераҳме буд. Дар 10 соли ҷанг артиши вай 2 миллион сокини дигар қавмҳоро қир кард.
Вай дар 23 – солагӣ ҷанговар шуд, вақте ки пешвои қабилаи мтетва Дингисвайо ҷавонони қавми эм-длечениро ба хизмати ҳарбӣ даъват ва дар ҳайати полкҳо муттаҳид намуд. Ҷангиёни Чак ба душман бо неруи муқтадир фишор оварда, дар муҳорибаҳои тан ба тан ҳамеша пирӯзӣ ба даст меоварданд. Найзаҳои ҳавододашавандаро Чак писанд накарда бозии кӯдакона номид ва яроқи нав сохт бо дами тез ва дастаи кӯтоҳи мустаҳкам. Намунаҳои таҷрибавиашро худаш сохт, ки ба шамшерҳои кӯтоҳи римиён монанд буданд. Сипар низ ба яроқ табдил дода шуд. Сипар аз паҳлуи чап тани ҷанговарро панаҳ мекард ва ҳариф намедонист ба кадом тараф зарба занад, зеро сипари худаш ба вай дар ин ҳолат халал мерасонд. 
Барои тез ҳаракат кардан Чак сарбозонашро пои луч кард. Пӯшидани мӯзаҳои пӯсти барзаговиро манъ намуд. Ин навоварӣ дар замини сахт хуб буд, аммо аскарон дар хорзор азоб мекашиданд. Ислоҳоти ҳарбӣ дар муҳорибаи нахустин бартарии худро ба исбот расонд, вақте ки бо шамшеру сипар ҷангиёни мтетва ба дастаи Пунгаш, пешвои қабилаи бутулез, ҳуҷум карданд. Амакбачаи Чак – Бакуза аз тарафи душман меҷангид ва дар ин муҳориба кушта шуд. Қавми Пунгаш истиқлолияташро аз даст дода ба мтетва тобеъ гашт.  
Дингисвайо дар симои Чак на танҳо сарбоз, балки сарварро дид. Барои он ки қабилаи зулу дар сарҳади шимолии империяаш садди мустаҳкаме гардад, Чакро сардори полки изикве таъйин намуд. Акнун Чак ҳуқуқ дошт, ки дар машваратҳои ҳарбии Дингисвайо ширкат варзад.
Вай полки худро ба се қисм ҷудо намуда ба машқи шиддатнок пардохт. Чак ба ҳар як сарбоз чи тавр доштану ҳаво додани ассегай - найза, шамшерзанӣ ва бо сипар муҳофизат карданро ёд медод. Маҳз дар ҳамин вақт дар артиши ӯ у – диби – «занбӯрҳо» - и ёрирасон – писарбачаҳои боркаш пайдо шуданд, ки яке барои 3 сарбоз нону об, найзаи захиравӣ мекашонд.
Бераҳмӣ ва ғаюрии Чак дар ҷанг ба ҳама маълум буд, вале дар машваратҳои ҳарбӣ орому хоксор менишаст, агар фикрашро пурсанд бо тавозӯъ, оромона, бо садои паст сухан меронд. Дар байни қабилаи мтетва дар бораи сифатҳои ҷавонмардонаи ӯ аллакай ривоятҳо пайдо шуда буданд: вай ҳамаи ғаниматҳои ҷангиро дар байни сарбозонаш баробар тақсим мекард.
Дар соли 1816 пешвои зулу Сензангакон мурд ва «тахт» на якбора, барки баъди чанд задухӯрди мусаллаҳона оқибат насиби Чак шуд. Ӯ лаҷоми идораи қабилаашро сахт ба даст гирифт. Ба сабаби кашмакашиҳои дохилӣ артиш камқувват, мардум қашшоқ, чорво талаву тороҷ шуда буданд. Чак барои каме саркашӣ ҷазои сахт медод, ҳатто шахси танбалу норозиро мекушт. Иродаи матин, золимӣ нисбат ба саркашон, сахтгирӣ дар иҷрои кор, дасткушодӣ дар ҳақи сарбозону наврасон, меҳрубонӣ ба пирону барҷомондагон ба Чак имкон доданд, ки дар таърихи пурфоҷиаи Африқои Ҷанубӣ – Ғарбӣ давлате бисозад ва ба ҳуҷуми дигар қабилаҳо ҷавоби сазовор бидиҳад.  
Дар давраи ҳукмронии Чак ислоҳот тамоми соҳаҳои ҳаёти қабилаи зулуро фаро гирифт. Нахуст вай саршумори чорворо аз ҳисоби ҳамсояҳо барқарор намуд. Онҳо бечунучаро барзагову говҳои дӯшоро ба вай медоданд, мепиндоштанд, ки бо чунин ҳамсояи пурзӯру беамон, бераҳму шафқат ва пурхатар хомӯш биистанд беҳтар аст. Дар байни подаҳои навташкил зоти овозадори барф барин сафеди зулусӣ падид омад.  Вале диққати асосии Чак ба артиш равона буд. Медонист, ки танҳо артиши пурзӯр метавонад ӯро ба мақсад бирасонад, на обрӯи падару боигарӣ. 
Вай қарор кард, ки таҷрибаи худро аз қавми изикве оғоз намояд, аз ин рӯ, аз ҳисоби онҳо артиши доимӣ созмон дод. Артишро ба чор ҳисса тақсим намуд. Аз ҳама пурзӯраш дар мобайн меистод, аз ду паҳлу ду қисм ба мисли ду шохи барзагов душманро ба иҳота мегирифт. Чорумӣ захиравӣ буд ва танҳо бо фармони сарфармондеҳ ба ҷанг медаромад. Хизмати ҳарбиро барои ҷавонони қабилаи худаш ҳатмӣ эълон кард. Ба ҳамин тариқ чор полк созмон ёфт. Вай як гурӯҳро «заргӯш» номид ва шахсан онро худаш машқ дод ва ин гурӯҳ минбаъд асоси артиши доимии пурқудрат гардид.  «Чак ҷангро дӯст медошт, тактик ва стратеги беҳамто буд, ба қабилаву қавмҳои ҳамсоя ногаҳонӣ, барқосо ҳуҷум меовард, тарзи юриши ӯ монанд ба усули муҳорибаҳои Александри Македонӣ буд, зарбаи рӯ ба рӯи мудҳиш, аз ду тараф чун анбӯр ба ҳалқа гирифтани душман, ба ӯ ғалабаро таъмин мекарданд», навистааст муаррих Эдуард Мор дар асараш «Саёҳат ба Африқо ва шаршараи Викторияи Замбези».  
Ҳангоми гузаронидани ислоҳот Чак ҳамаи найзаҳои партобшавандаро ҷамъ намуда, онҳоро ба яроқи ҷангии тан ба тан табдил дод. Оҳангарони соҳибҳунар дар қабилаи мбонамбӣ мезистанд. Чак ба назди беҳтарини онҳо – Нгоняме рафт ва баъди суҳбати як ба як оҳангар розӣ шуд, ки аз порчаи маъдани худрӯи холис теғи тамоман нав бисозад.
Вақте ки оҳангарон машғули силоҳсозӣ буданд, вай машқро оғоз намуд. Артиш бо ҳамаи тарзи бурдани муҳориба ошно мегашт, интизом оҳанин буд, ҳар як фармон бо суръат иҷро мешуд. Дар як рӯз сарбозон 60 – 70 километр аз байни чакалакзори пурхор, талу теппаҳои бегиёҳ, селбуру бероҳаҳо озод медавиданд.
Дар ин байн ҳунармандон теғҳоро сохтанд, онҳоро дар рег соида тез карданд. Аз чӯби сахт даста сохта теғро ба он часпонданд. 350 сарбоз соҳиби аслиҳаи нав шуд. Ягон қабилаи наздик ин қадар аскар надошт. Чак бо аслиҳаи нав ва сарбозони хуб машқдида ба бисёр ғалабаҳои дурахшон комёб гашт. 
Дар оғози соли 1817 қаламрави қабилаи зулу хеле васеъ шуд. Шумораи артиши Чак аз 2 ҳазор гузашт. Вай аз ҳисоби ҷавонон боз 3 полк ташкил кард ва ба онҳо иҷозати хонадор шудан намедод, онҳо алоҳида аз занҳо дур дар урдугоҳ – краалҳо мезистанд.
Звиде, сардори қабилаи ндвандве, дӯсти падари Дингисвайо буд, вале дар соли 1818 байни онҳо мухолифат ба миён омад ва Звиде писархонди Дингисвайоро кушт. Ин косаи сабри ӯро лабрез намуд. Пешвои мтетва аз Чак ёрӣ пурсид. Даме, ки артиш тайёрӣ медид, Дингисвайо барои ҳалли мусолиматомези моҷаро бесилоҳ ба қабилаи ндвандве омад. Звиде ӯро ду рӯз нигоҳ дошт ва чун дид, ки касе аз пасаш наомад ва ба вай қуввае таҳдид надорад, фармуд, ки меҳмонро ба қатл расонанду сарашро бурида ба модараш Нтомбази диҳанд. Вай дар кулбааш каллаҳои буридашударо ҷамъ мекард.
Дар ривоятҳо омадааст, ки бо ҳамроҳии Дингисвайо якчанд нафар посбонҳои шахсии ӯ аз ҳисоби «амазонкаҳо» - духтарони ҷанговар низ будаанд. Звиде онҳоро ҷавоб додааст, аммо «амазонкаҳо» баъди марги доҳӣ ба мо зиндагӣ даркор нест гӯён худро корд задаанд. Боз ривоят мешавад, ки Звиде аз Чак хоҳарашро ба занӣ хостааст. «Аҷаб беҳаёие,- гуфтааст Чак,- ҳеҷ гоҳ хоҳари ман зани ин пирсаги пой дар лаби гӯр намешавад. Бигузор, далер бошад, биояд ва бибарад!».
…Чак ва Звиде дар сарҳадҳои кишвари худ меистоданд ва бо чашмони ҳарисона ба ҳам менигаристанд. Ба ғайри ндвандве ба Чак квабе, қабилаи пурқудрат, ки дар байни зулу ва мтетва мезист, таҳдид мекард. Ин қабилаҳо якҷоя аз зулу нерумандтар буданд.
Чак ба муҳорибаи навбатӣ ҳаматарафа омодагӣ мегирифт. Вай ҳамаи мардонеро, ки аслиҳа бардошта метавонистанд, ба хизмати ҳарбӣ даъват намуд. Ёвари содиқаш Мгобози онҳоро дар кӯтоҳтарин муддат ба ҷанговарони боинтизом табдил медод. Артиши халқӣ нкомендала – «чорпои пири бедандон» номида мешуд, аммо ин унвони ифтихорие буд барои онҳо. Занону кӯдакон бо чорво ба ҷангалзори Нкандла тахлия (эвакуатсия) шуданд. Қариб чор ҳазор сарбоз омода гашт. Звиде ду баробар зиёд навкар дошт. Вале интизоми оҳанин, фавран иҷро намудани фармони сардорони дастаҳо ба артиши Чак ғалаба аз паи ғалаба оварданд. Соли 1819 сарбозони вай аз 350 нафар ба 20 ҳазор расид. Дар баъзе муҳорибаҳо то 7 – 9 ҳазор аскарро қурбон мекард ва ба артиши 15 – 20 ҳазора ғолиб меомад. Бо нидои «Хезед, фарзандони зулу, соати шуҳрати шумо расид! Ҳамаро қир кунед!» – ҷанговарони худро хайрбод мегуфт. Зулуиҳо бо садои осмонкафи «Бизан!» ба ҳуҷум мерафтанд.
Звиде дар шимол дар байни қабилаи бавелу пинҳон шудан хост, аммо дар ҳамин макон аҷал ӯро дарёфт. Сошангане, яке аз фармондеҳони артиши  Звиде, бо тарафдорони худ ба тарафи Мозамбик то мустамликаҳои португалҳо гурехт ва дар он ҷо давлати Газа ва ба қавли дигар Шанганро таъсис бидод. Қаламрави зулу аз Понгола то Тугелу уқёнус доман зад. Ҳудуди кишвари Чак то 11500 мили мураббаъ (як мили русӣ баробар ба 7467 метр) расид. Аҳолии ин сарзамин оҳиста – оҳиста худро аз қабилаи зулу мегуфтагӣ шуд. Чак чандин урдугоҳҳо сохт дар атрофи сарҳади кишвараш, ки ҳам посбонгоҳ, ҳам макони зист ва ҳам ҷои нигоҳдории чорво буданд. Нақши Чак аз роҳбари як қабила берун рафт, акнун вай роҳбари бисёр қавмҳо буд, садҳо дастнишондаҳояш ба ӯ итоат мекарданд ва ҳарсола хироҷ месупурданд. Аммо баъдтар онҳое, ки дар дурии дур буданд, аз итоати ҳукумати марказӣ баромада, худро соҳибихтиёр эълон мекарданд ва хироҷ намесупурданд.  Соли 1821 қабилаи кумало бо сарварии Мзиликази аз итоат баромад. Вале дар соли 1824 ба садҳо мил аз Тугели ягон қабилаи соҳибихтиёр намонд. Чак метавонист боз бисёр корҳоро анҷом диҳад, давлаташро муқтадир созад, вале хоинии бародари ӯгайаш – Динган ба нақшаҳои ояндаи вай хати батлон кашид. Соли 1828 дар байни тӯдаи мардум Динган бо корд ҷигари Чакро дарид. Ҷанг барои мансаб то даме дар замини зулуҳо идома ёфт, ки кишвар ба дасти англисҳо наафтод…  
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»,  тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2564

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед