logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи ВМКБ ва Фарҳод ТОИРОВ, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд. 
- Кадом намудҳои фаъолият ба ҳисоби собиқаи корӣ дохил карда мешаванд?
М. Алиёрова, сокини ноҳияи Ванҷ, 42 - сола

 

-  Ба собиқаи корӣ фаъолияте дохил мешавад, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар корхонаю муассисаҳо, ташкилоту кооперативҳо, сарфи назар аз истифодаи шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ, инчунин дар асоси узвият дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва дигар кооперативҳо, новобаста аз хусусияту давомнокии кор ва муддати танаффус, иҷро карда мешавад.
Мутобиқи моддаи 63 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба собиқаи  корӣ, инчунин ҳар коре, ки зимни иҷрои он корманд мавриди суғуртаи иҷтимоии давлатӣ қарор гирифтааст, фаъолияти эҷодии аъзои иттифоқҳои эҷодӣ, хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ, таҳсил дар  мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳо, аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ, корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор ба амал омадааст, вақти нигоҳубини  маъюби гурӯҳи 1 ё  бачаи маъюби то 16 - сола, нигоҳубини пиронсоли ба синни 80 расида, вақти нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то вақти ба синни 3 - сола расидани ҳар як кӯдак, ҷамъ ба муддати умумии  6 сол дохил карда мешавад.
* * *
- Ман дар соҳибиятам ду манзили истиқоматӣ дорам. Дар яке аз онҳо, ки ба таври доимӣ зиндагӣ мекунам, писарамро оиладор карда, ба ӯ ду ҳуҷраи зист ҷудо карда додам. Навхонадорон чанд муддат зиндагӣ карда, аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Баъд аз ин, собиқ ҳамсари писарам ба манзили истиқоматии дигари ман рафта, худсарона ворид шуда, зиндагӣ карда истодааст. Бигӯед, ки дар ин ҳолат ман чӣ тавр ҳуқуқҳои моликиамро ҳимоя намоям?
М. Сайлӣ, ноҳияи Вахш

- Дар асоси қонунгузории манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсеро, ки шумо ба манзили истиқоматиатон роҳ додед ва ӯ якҷоя бо шумо муқимӣ бо пешбурди хоҷагии умумӣ зиндагӣ кард, онгоҳ вай аъзои оилаи шумо дониста мешавад ва баробари шумо ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматиатонро дорад. Агар шумо келинро ба як манзили истиқоматиатон роҳ дода бошед, онгоҳ вай ҳуқуқи истифодаи ҳамин манзилро пайдо кардааст. Барои истиқомат дар дигар манзили истиқоматиатон ӯ ҳуқуқ надорад ва шумо метавонед ба суд бо даъво оид ба кӯчондан аз манзили истиқоматӣ бо пешниҳоди манзили дигар муроҷиат намоед.  Зимнан суд шахси худсарона ба манзил воридшударо кӯчонда, ба манзили истиқоматие, ки вай ҳуқуқи дар он зиндагӣ карданро дорад, маскун мекунад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 3421

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед