logo

иҷтимоиёт

МУАЛЛИМ

Умрро ҳар кас мувофиқи фаҳмишу ҷаҳонбинии хеш ба ҳар рангу ҳар навъ мегузаронад. Яке ба ободкорию зироатпарварӣ, дуюмӣ ба тоҷирӣ, сохтмону ниҳолшинонӣ, сеюмӣ баҳри андӯхтани илму донишу ҳунар масраф мекунанд. Инсон дар ҳар бобат бунёдкории хешро аз ёд фаромӯш намесозад. Чунки ӯро дар тинаташ шуғли созандагӣ нуҳуфтааст.
Марди накуном, меҳнатқарин, хоксору ҳалим Асадуллоҳи Ҷӯра ба мардуми ноҳияҳои Вахшу Бохтар чун омӯзгори фанни риёзӣ ним аср боз ошност.
Муаллим умри азизи хешро ба таълиму тарбия сарф кард. Мактаб барои ӯ ҷойи муқаддастарин маҳсуб меёфт. Ин шахси дорои қалби бузург, омӯзгори поктинат, бомаърифату донишманд, фарде, ки тамоми ҳастиашро ба тарбияи насли наврас бахшида буд, ба назари мо чун муҷассамаи накуномӣ ҳувайдо мегардад. Аз кори педагогӣ хасташавиро ҳис намекард. Танҳо кӯшиш ба харҷ медод, ки шогирдони ӯ аз илми риёзиву ҳандаса донишу фаҳмиши зиёд ва баланд дошта бошанд. Ба ин омӯзгори наҷибу донишманд ҳанӯз солҳои ҳафтодуми қарни бистум шинос будам. Он вақт муаллим як ҷавони чусту чолок ва серғайрате буд. Ӯ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 - и ноҳияи Вахш кор мекард. Гоҳ – гоҳ бо ҳам вохӯрда, аз бобати илми равоншиносиву педагогӣ суҳбатҳои доманадор менамудем.
Он замон олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон танҳо аз рӯйи фанҳои дақиқ – риёзӣ, физика, химия, биология гузаронда мешуданд. Асадуллоҳи Ҷӯра мудом ба ҳайати доварон шомил мегашт. Ин бесабаб набуд. Ӯ то ҳадди имкон пофишорӣ мекард, ки беҳтарин шогирдон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳ дода шаванд, то ки шаъну шарафи мактаб, омӯзгор ва ноҳияро ҳимоя карда тавонанд. Борҳо шогирдони муаллим дар озмунҳо ғолиб омадаанд.
Муаллим ҳамеша ба омӯзгорони ҷавону коромӯзи фанни риёзӣ дасти ёрӣ дароз мекард. Мекӯшид, ки донишу таҷрибаашро ҷавонон омӯзанд, то ки дар раванди кор душворӣ накашанд.
Имрӯз афсӯс мехӯрданд, ки чунин шахси ҳалиму хоксор, фарде, ки ҳатто мӯреро озор намедод, дар паҳлуяшон нест. Аммо қалби моро он чиз таскин мебахшад, ки устоди мушфиқу меҳрубон Асадуллоҳ Ҷӯраро шогирдони бовафояш пеш мебаранду номи некашро зинда нигоҳ медоранд.
Ҳотам ҲОҶӢ,
омӯзгори МТМУ,№ 1- и ноҳияи Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2546

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед