logo

фарҳанг

КИНОИ МИЛЛӢ. ЧАРО АЗ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ҲИМОЯ НАКУНЕМ?

Кино як ҷузъи таркибии шуури ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин дидгоҳ яке аз вазифаҳои асливу ҳатмии он инъикоси масоили умда, мубраму доғи ҷомеа ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар, кино ҳамчун ҳунари синтетикӣ молу ғизои маънавие гаштааст. Он дар шакли моддӣ бо намудҳои гуногуни технологияҳои муосир (намоиш дар толорҳои синамоӣ, CD, DVD - дар васоили намоиши хонагӣ, YOU TUBE дар интернет...) - бо сифати гуногун ба бозори истеъмолӣ ворид гаштааст, то талаботи афзояндаи истеъмолкунандаро қонеъ созад. Пас, суоли матраҳ ин аст: «Оё кинои миллӣ рисолати худро иҷро карда истодааст ё не?»

- Мутаассифона, равандҳои стихиявӣ, сарчашмаҳои ноустувори моддии амалӣ намудани мақсадҳои кинематографии ҷавонон, дастнигари волидайну пайвандон будани онҳо воқеиятест инкорнашаванда. Худфидоии онҳо барои сохтани филми хостаашон ба мисли М. Сатторӣ ва ё таъсиси студияҳои филмсозӣ ба мисли Муҳиддин Ҷӯраев натиҷа надод. Раванди нигаронкунандаи дигар он аст, ки аксарияти ин филмсозон қобилият ё таҳаммули нақди осори худро надоранд, - зикр намуд Сафар Ҳақдодов, раиси синамогарони Тоҷикистон.
Пайдо гаштани студияҳои «Синамо», «Танин», «Мерос», «Таманно», «Насиҳат», «Аҳмади Садр», «Истиқлол», «Чеҳра» ва филмсозони ҷавоне, ба мисли М. Исмоилов, А. Зокиров, Ш. Арабова,  Р. Шоазимов, Д. Султонов, Н. Абдуҷалилов хеле хуб аст, вақтҳои охир бо ташаббуси ҳамин гуна ҷавонони фарҳангдӯст филмҳои шавқовару ҷолиб таҳия мешаванд. Вале мушкилии асосии муаллифон ва созандагон дар он аст, ки қабл аз намоиш филмҳо ба таври қочоқ (пират) ба бозорҳои кишвар паҳн мешаванд. Аз тарси ғасби ғайриқонунӣ дар кинотеатрҳо, ки хароҷоти филмро намебароранд,  муаллифон филмҳояшонро ба намоиш намегузоранд. Интизори студияе мебошанд, ки ақаллан маблағи сарфшударо пардохт намояд. Аз баҳри фоида мегузаранд. Бо ҳамин ҳаваси ҷавонон аз эҷоди филм мемонад. Филмҳои «Беҳуда хорам мекунӣ» - и Т.Муқимов, қисмҳои якум ва дувуми «Арӯси замонавӣ» - и  Н. Пирматов, «Ормон» - у «Паймон» - и М. Ҷӯраев ва як қатор филмҳои дигари писанди  омма аз ҳамин қабиланд. Баъди нусхабардории ғайриқонунии қисми аввали «Арӯси замонавӣ» боз даст задани Набиҷон Пирматов ба сабти қисми дувуми ҳамин филм нишони сарсупурдагии ӯст. Бинобар ин, тасмим гирифтем андешаи ӯро дар масъалаи ғайриқонунӣ ва бо роҳи қочоқ баровардани филмҳои миллӣ шунавем.
«Соли гузашта қисми аввали филми «Арӯси замонавӣ» ғайриқонунӣ аз тарафи шахсони номаълум дар бозорҳои кишвар паҳн гардид. Мутаассифона, имсол низ қисми дувуми филм бо ҳамин роҳ паҳн шуд. Аз тарафи кӣ? Бо кадом роҳ? Бо чӣ мақсад? Номаълум. Хароҷоти филми «Арӯси замонавӣ - 2» 240 000 сомониро ташкил медиҳад, ки ин маблағи калон мебошад, - гуфт Набиҷон Пирматов. - Нахустнамоиши филми «Арӯси замонавӣ - 2» 23 июли соли ҷорӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев зери назари қатъии худам баргузор шуд. Пас аз намоиш бо талаби зиёди мухлисони филм, дар асоси шартнома дар кинотеатри «Наврӯз» аз 4 то 18 август онро намоиш додем. Инчунин, дар Синамобазми байналмилалии «Дидор» низ иштирок намудем, вале бо шакли кӯтоҳ. Филм дар бозорҳо паҳн шудааст. Ҳоло аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишот идома дорад».
Сафар Ҳақдодов дар мавриди филмҳои «Беҳуда хорам мекунӣ», «Ормон», «Паймон», «Арӯси замонавӣ» ва дигар филмҳои ба ин монанд зикр намуд, ки «дар Аврупову Осиё тамоюли нави филми тиҷоратӣ ба вуҷуд омадааст. Дар Осиёи Марказӣ ҳамин шаклро дар мисоли филми «Суперкелинчак» (Ӯзбекистон, 2011) ва «Бишкек, ман туро дӯст медорам» (Қирғизистон, 2011) дидан мумкин аст. Тафовути филми «Арӯси замонавӣ» аз ин филмҳо дар он аст, ки дар шакли «кич» (ҳар чизи оммаписанд, ба мисли ашёи рангобаранг, назаррабо) баррасӣ мешавад. Филми «Арӯси замонавӣ» аз ҳамин эстетикаи кич об мехӯрад. Бояд бигӯям, ки ин намуди синамо дар байни ҷавонон хеле хуб пазироӣ шудааст».
- Бояд гуфт, ки ҳамон нафарони филмро бо роҳи ғайриқонунӣ паҳн намуда, барои мушкил шудани дарёфташон, филмро ба сомонаҳои интернетӣ низ гузоштаанд. Мақсади онҳоро то ҳол намефаҳмам. Агар вазъ ҳамин бошаду ҳеҷ кас роҳи қочоқро нагирад, махсусан ниҳодҳои қудратӣ, мумкин аст, ки солҳо роҳи дуздӣ баста нашавад. Ҳамчун муаллиф ва коргардон тазаккур доданиам, ки қисми аввали филми «Арӯси замонавӣ» аз ҷониби ҳеҷ кас ҳимоя нашуд. Ба офаридани қисми дувуми он пардохтам. Давоми як сол филмро бо хароҷоти зиёд сохтам, аммо… Чи тавре ки мебинед, қисми дувумаш ҳам ғайриқонунӣ паҳн шуд. Агар ҳуқуқи муаллифии ман аз тарафи давлат ҳимоя шавад, ваъда медиҳам, ки ҳар сол ҳамин хел филмҳои шавқоварро ба ҳаводорони кино пешкаш гардонам», - илова намуд Н. Пирматов.
Мо медонем, ки аксарияти филмҳои дар замони Шӯравӣ сохтаи «Тоҷикфилм» дар хазинаҳои тиллоии Русия - Филмофонди давлатии шаҳри Белые стольбы ва шаҳри Красногорск маҳфузанд ва аз ҷониби ин давлат ҳуқуқҳои муаллифии мо эътироф шудаанд. Яъне ин кишвар  онҳоро ҳифз менамояд ва мо метавонем бо пардохти қимати нусхабардориашон дубора онҳоро ба тамошобини тоҷик пешниҳод намоем. Вале ба саволи тамоми филмҳои имрӯз истеҳсолшуда (ба ғайр аз филмҳои «Тоҷикфилм») чандтоанд ва дар куҷо нигоҳ дошта мешаванд, касе ҷавоб дода наметавонад. Ва дар «кайҳони тортанакпечи интернетӣ» ҳам пайдо кардани онҳо ва даъвои ҳуқуқҳои муаллифӣ кардан, мисли «дар ҳован об кӯфтан» аст.
Аммо С. Ҳақдодов хулоса мекунад, ки барои ба по хестан ва қомат афрохтани синамои миллӣ бояд сохтори алоҳида ва мустақили идораи давлатии кинематография дубора эҳё гардад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 1998

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед