logo

фарҳанг

МАСЪУДИ МИРШОҲӢ (ПАРИЖ). АНДАРЗНАВИСӢ АЗ ДАВРАИ КАЁНИЁН ТО ИМРӮЗ

Андарзнависӣ дар густураи забону адаби порсии дарӣ аз ҳазорон сол пеш, аз давраи Каёниён то кунун аз вижагиҳои барҷастае бархӯрдор будааст. Ва таърихи адабиёти ин забон гувоҳ бар он аст, ки дар давраҳои гуногун ахлоқиёт муҳимтарин бахши онро ташкил медодааст. Андарзномаҳои паҳлавӣ, ки дар пеш аз ислом ва ё замони истиқрори ислом дар ин сарзаминҳо роиҷ буданд, ё аз навъи насиҳатҳои динӣ ҳастанд, ё аз навъи ҳиками амалӣ ва таҷрибӣ.
Бисёре аз андарзҳо, калимоти  қусор, латифаҳо, қиссаҳои ахлоқӣ, ки ҷанбаи ҳикмати амалӣ ва таҷрибӣ доштаанд, пас аз ислом мавриди таваҷҷуҳи донишмандон қарор гирифта ва дар китобҳои адаб ва ахлоқ ба арабӣ тарҷума шуда ва бархе аз онҳо ба форсӣ низ роҳ ёфтаанд. Камтарин китоби арабӣ таълифшуда дар нахустин даврони исломиро меёбем, ки дар он аз ин гуна матолиб нақл нашуда бошад. Аз ҷумлаи онҳо китоби «Ҷовидонхирад» аз Ибни Мискавия,  «Андарзҳо» - и Маздак ва ё аз ҳама рӯшантар «Шоҳнома» - и Фирдавсиро ба порсии дарӣ метавон ном бурд.
Равияи андарзнависӣ пас аз истиқрори ислом беш аз пеш ривоҷ пайдо кард ва суханони дину хирадмандон – андарзгуна дар саросари сарзаминҳои мусулмонон пароканда гардид. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо ҳадисҳои Паёмбари ислом буд, ки дар ростоҳои гуногуни динӣ, ирфонӣ ва иҷтимоӣ омадаанд.
Ҳаким Муҳаммади Тирмизӣ (869-756) низ дар ҳамин росто рафтааст (шарҳу тафсири 291 ҳадиси набавӣ). Вай дар садаи 9 – и  мелодӣ мезистааст. Аз ҷумла осори Ҳаким Тирмизӣ чандин китоб дар бораи адабу риёзати нафс аст («Риёзат – ун – нафс» - дар масоили инсоншиносӣ ва тариқати ирфонӣ, «Адаб-ун-нафс» - шомили парастишҳое дар бораи ирфон ва махсусан дар бораи яқин). Вай нахустин муаллифе аст, ки навиштаҳояш таркибе аз таҷоруби ирфонӣ, инсоншиносӣ, ҷаҳоншиносӣ ва илоҳиёти исломӣ аст.
Зеҳни кунҷкови Ҳаким Тирмизӣ дар ҳуқуқ («Китоб – ул – ҳуқуқ» -  дар бораи таколифи мутақобил ва воҷиби гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки ҳар кадом манофеи хосе барои ҷомеа доранд), адабиёт («Китоб-ул-фуруқ», ки дар он муаллиф кӯшидааст ба кумаки 164 ҷуфт калимаи ҳаммаъно нишон диҳад, ки калимоти мутародиф вуҷуд надоранд) ва ҷашнҳои миллӣ то он ҷо рафтааст, ки ҷузвае низ дар бораи Наврӯз навиштааст. Аз он ҷо, ки суханони ӯ бо мавозини шаръӣ созгор набуд, фақеҳон ҳамеша дар пайи озораш буданд. Овардаанд, ки вайро ба сабаби ду китоб – «Хатм – ул – авлиё» ва «Илат – уш – шариа» аз Тирмиз ронда буданд ва ӯ ночор ба назди ҳакими Балх паноҳ оварда буд. Тирмизиро наметавон дар радаи шахсиятҳое бо гароиши сӯфӣ қарор дод. Бо ин ки риёзатро меписандид, наметавон ӯро дар радаи сӯфиён қарор дод, балки бино ба гароиш ва андешаҳои ӯ Тирмизӣ, ба ростӣ, дар радаи ҳакимон ва бузургони ин давра қарор дорад. Ба таври куллӣ низоми фикрии Тирмизӣ метавонад намояндаи ҳикмати қадими мардуми Осиёи Миёна ва намоди як шахсияти рӯшанфикру муътақид ба мазҳаби худ мебошад. Ҳамчунон ки Фариддудини Аттор дар бораи ӯ гуфтааст: «Мазҳаби ӯ ба бар илм будааст…ва ҳикмати бағоят дошт, чунонки ӯро «Ҳикмат – ул – авлиё» хонданд…ва дар вақти ӯ дар Тирмиз касе набуда, ки сухани ӯро фаҳм кардӣ…». Бо ҳамаи инҳо Муҳаммад Ғаззолӣ ва Ибни Арабӣ аз навиштаҳои Ҳаким Тирмизӣ (на ҳамаи онҳо) суди фаровоне бурдаанд. Ва ӯ танҳо касе буд, ки дар тариқати сӯфия дар канори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ҳаким шумурда шуд. Ҳаким Тирмизӣ ба навиштан ва баррасии ҳадисҳои Паёмбари ислом кӯшиш кардааст, ки вафодор ба суннати андарзнависӣ дар хитаи  Варзрӯд (Осиёи Миёна) бошад. Бино бар қарори созмони ЮНЕСКО, ки ба муносибати 1250 - умин солгарди Ҳаким Тирмизӣ мунташир шуда, чунин омадааст: «Бузургдошти 1250 - умин солгарди зодрӯзи Ҳаким Тирмизӣ бо ибтикори кишвари Тоҷикистон ва ҳимоятҳои кишварҳои Афғонистон, Ҳиндустон ва Қазоқистон. ЮНЕСКО, 2016».
Ба гуфтаи коршиносон Ҳаким Тирмизӣ то замони Ибни Арабӣ танҳо нависандаи ирфонӣ аст, ки навиштаҳои ӯ як ҷамъияти густурдае аз дидгоҳҳои ирфонӣ, инсоншиносӣ, кайҳоншиносӣ, илоҳиёти исломӣ ва ирфони куҳани исломӣ аст, ки ҳанӯз огоҳона дидгоҳҳои фалсафии арастуӣ ва навафлотунӣ дар он муассир набудааст. Фаъолияти илмӣ ва навоварии Ҳаким Тирмизӣ ба сабаби сафарҳояш ба кишварҳо ва шаҳрҳои дигар ва мулоқот бо донишмандони маъруфи ин диёрҳо, аз ҷумла Балх, Нишопур ва Бағдод, ки дар илму фарҳанг ба авҷи худ расида буд, заминаро барои як дидгоҳи навин аз дин ва имон байни фарҳангҳои гуногун фароҳам овардааст.
Таҳия ва баргардони
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2232

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед