logo

фарҳанг

КИТОБ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Омодасозӣ ва чопи китоб – ду давраи бисёр муҳиме ҳастанд, ки барои амалишавии давраи сеюм, яъне дастрассозии он ба хонанда нақши муассир мебозанд. Ба ибораи дигар, бо корбурди сифати талабот ҷавобгӯ дар мавриди роҳандозии давраи якум ва дуюм метавон заминаи тавзеи онро фароҳам овард. Зеро интихоби мол дар бозор бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ будани сифати он сурат мегирад.
Муаллиф зимни баррасии дастовардҳо ва мушкилоти соҳа роҳҳои ҳалли онро низ баён доштааст. Умед аст, ки нашри ин матлаб ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат менамояд. Раванди омодасозии китоб
Омодасозии китоб барои чоп имрӯз дар кишвари мо аз ду роҳ сурат мегирад, ки бо назардошти таҳлилҳо дар ин маврид, яке қобили қабул буда, дувумӣ сарфи назар шуданро тақозо дорад. Масири омодасозии китоб, ки бояд пойдор бимонад, ин аст, ки китобро муаллиф таълиф намуда, барои баррасӣ ва тасҳеҳу таҳрир ба нашриёт месупорад ва танҳо баъди ин барои чоп ба чопхона ироа мегардад. Инро нашри нашриётӣ мегӯянд ва нашриёт дар мавриди муҳтаво, ороиш ва риояи дигар талаботи меъёрҳои ноширӣ масъулият дорад.  Роҳи дувуме, ки мо бояд аз баҳри он гузарем, аз муаллиф ибтидо гирифта, бо сарфи назар шудани корҳои тасҳеҳию таҳрирӣ дар нашриёт ба чопхона супорида мешавад. Инро нашри муаллифӣ мегӯянд, масъулияти муҳтаво ва чопи он пурра бар дӯши муаллиф вогузор аст. Чунин усули чоп дар давлатҳои дигар низ ба назар мерасад ва  аз як сӯ ҷои нигаронӣ нест, аммо бо назардошти баъзе омилҳо, ки дар зер оварда мешаванд,  дар кишвари мо аз он худдорӣ бикунем, беҳтар мебошад. Ин асло маънои онро надорад, ки озодии нашр ва ё ҳуқуқи муаллифон маҳдуд карда шавад. Ҳадаф босифат ва бо риоя аз меъёрҳои пешбинишуда ба нашр расидани китобҳост. Ба андешаи ҷониби мо муаллифон бояд барои нашри китобҳои бадеӣ бо мутахассисони муассисаи нашриявии “Адиб,” барои чопи китобҳои таълимӣ ба “Маориф”, ҷиҳати нашри китобҳои сиёсӣ, илмӣ, оммавӣ, соҳавӣ ба “Ирфон”, барои ба табъ расондани қомусҳо ва луғот ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик машварат намоянд, беҳтар аст. Зеро дар баробари анҷоми корҳои таҳрирӣ инчунин аз риоя нагардидани стандартҳо ва меъёрҳои барои таҳияи китоб пешбинишуда ҷилавгирӣ мешавад. Риояи ин низом ҳам ба муҳтаво ва ҳам ба сифати чопи китоб таъсири мусбат мерасонад. Корбурди усули дуюми омодасозӣ, яъне нашри муаллифӣ бошад, ба ҷой ёфтани ғалатҳои имлоӣ, риоя нагардидани стандартҳою меъёрҳои пешбинишуда дар таҳияву чопи китоб ва инчунин ба нашри бесифати он боис мегардад. Он муаллифе, ки бо итминон бар ин ки дар китобаш аз нигоҳи имлоӣ ғалат ҷой надорад, кори нашриётро сарфи назар карда, китоби худро ҳатто баъди борҳо мутолиа намуданаш, барои чоп ба чопхона месупорад, сахт ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Чаро? Аввал ин ки бар асари муддати дурудароз дар паси компютер нишастан чашм хаста мегардад  ва ғалати рафта дар матн аз назар пинҳон мемонад. Корбурди тӯлонии компютер чунин хосият дорад, ки чун шакли навишти дурусти калима дар зеҳн  сабт аст, ҳангоме ки чашм хаста мегардад, дар монитор ҳамон шакли сабти дурусти калима дар чашму назару зеҳн ҷилвагар мешавад ва ғалати рафта зоҳир намегардад. Маҳз ҳамин омил боиси пурғалат нашр гардидани китобҳо мегардад. Аз ин ҷост, ки муаллифи корозмуда баъди таълифи асар онро дар коғаз чоп намуда, барои анҷоми корҳои тасҳеҳию таҳрирӣ ба нашриёт ва  муҳаррири варзида ироа менамояд. Чунин корбурд ба бехато чоп шудани китоб ва такмил ёфтани муҳтавои он заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дигар ин, ки ағлаби муаллифон аз сатандартҳо ва меъёрҳои барои таҳияи китоб пешбинишуда иттилоъ надоранд. Аз ин ҷост, ки дар чопи китобашон нишон додани ISBN (Рақами стандарти байналмилалии китоб), ТБК (Таснифи библиографӣ - китобхонавӣ), ТДУ (Таснифи даҳгонаи универсалӣ), ташреҳи мухтасар, аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ҷузъи чопӣ, адади нашр, суроғаи чопхона ва ғайра сарфи назар мегардад. Чунин китоб ҳангоми коркарди библиографӣ ва омодасозии ҳисоби омори матбуот мушкилии зиёд эҷод менамояд. Ба чунин ҳолат бештар осори бадеӣ мувоҷеҳ мешаванд. Ҷой ёфтани чунин китобҳо дар бозори китоби тоҷик ҷойгоҳи китобҳои аз роҳи якум банашррасидаро маҳдуд месозад. Чаро? Зеро онҳо нисбат ба китобҳое, ки аз тариқи нашриёт ба нашр мерасанд, бо назардошти сурат нагирифтани корҳои таҳририю тасҳеҳӣ, арзиши арзонтар доранд.
Дар ҳошияи матлаби бозгӯшуда таъкид ба маврид аст, ки имрӯз муассисаҳои нашриявии давлатии кишвар дар самти таъмин бо кадрҳои ҷавон ба мушкилӣ мувоҷеҳанд. Муҳаррирон, муҳаррирони техникӣ, саҳҳофон, ороишгарон намерасанд. Хоса муҳаррирони нисбатан ҷавону камолёфта ангуштшуморанд. Дар аксари муассисаҳо синну соли таҳриргарон аз шаст гузаштааст. Бо гузашти ду-се соли дигар ёфтани мутахассисони корозмуда дар ин самт амри маҳол мегардад. Аз ҳозир бояд барои рафъи ин мушкил тадбир ҷуста шавад, муҳаррирони ҷавон  ба кор ҷалб гарданд, бо истифода аз таҷрибаву малакаву дониши муҳаррирони собиқадор онҳоро хуб тарбия бояд дод ва ба хотири дилгармӣ ба пеша, барояшон ироаи имтиёзҳову ҳавасмандсозиҳоро дареғ набояд дошт.

Тавзеъ ва фурӯши китоб
Китобҳо дар кишвари мо ҳоли ҳозир аз ду роҳ ба фурӯш бароварда шуда, дастраси аҳолӣ мегарданд:
а) савдои давлатии китоб (он асосан вогузори Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» ва инчунин муассисаҳои нашрявии давлатӣ аст);
б) савдои ғайридавлатӣ (ба он муассисаҳои нашриявии хусусӣ, чопхонаҳои хусусӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва худи муаллифону таҳиягарону ҳатто тарҷумонҳо даст доранд).
Ҳамин ҳолати ҳукмфармо боиси бенизомӣ дар бозори китоби тоҷик ва дар ҳолати ногувор қарор гирифтани савдои давлатии китоб гаштааст. Баррасии масъала нишон дод, ки хусусишавии мағозаҳои китобу ба фурӯшгоҳҳои дигар маводи мавриди ниёзи истеъмолкунандагон табдил ёфтани онҳо дар шаҳру навоҳӣ ва дастрасии ҳамагонӣ ба фурӯши китоб ба кори босамари савдои давлатии китоб монеа эҷод намудааст. Бо пеш омадани чунин ҳолат низоми ягонаи тавзеъ ва савдои китоб, ки то солҳои қабл аз тарафи Иттиҳодияи ҷумҳуриявии савдои китоб "Тоҷиккитоб" (имрӯза Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои "Китоб") пиёда мешуд, ба нестӣ гароид. Ҳамин омил боис ба он гардида, ки доираи фаъолияти КВДТС «Китоб» рӯз то рӯз тангтар гардад ва ба мушкилоти ҷиддии молӣ дучор ояд. Бо ҷо доштани чунин монеаҳо наметавонад китобҳоро сари вақт тавзеъ намояд. Ба болои ин, қайд кардан ба маврид аст, ки КВДТС "Китоб" бо усули хоҷагидории худмаблағгузор фаъолият мекунад ва даромадеро, ки аз фурӯши китоб ба даст меорад, ҳатто барои пардохти хароҷоташ кифоя намекунад. Бо ин ҳол ӯ наметавонад фаъолияти худро ҷоннок намояд. Барои беҳбуди кор дар ин самт, ба андешаи мо, пеш аз ҳама, ягона роҳ ин тағйири шакли фаъолияти он аст, яъне зарурат пеш омада, ки он аз сохти хоҷагидории худмаблағгузор ба шакли маблағгузории буҷетӣ табдил дода шавад. Зеро дурнамои КВДТС “Китоб” бозгӯ месозад, ки агар барои ислоҳи ҳолати ҳукмфармо чораҳои фаврӣ дида нашавад, он иқтидори истеҳсолии ночизи дар ихтиёр доштаашро низ аз даст медиҳад ва бо ин ҳол бозори савдои китоб дар ҷумҳурии мо пурра дар ихтиёри бахши хусусӣ қарор хоҳад гирифт.
Гилаи ноширони кишвар ва муаллифон дар мавриди сари вақт ба фурӯш нарафтани китобҳояшон аз тарафи ин корхона ҷон дорад. Алъон дар ихтиёри худ он ҳамагӣ чаҳор дукони китобфурӯшӣ дорад ва он ҳам дар пойтахт. Магар бо чунин имконияти мавҷудаи тавзеъ ва фурӯши китоб метавон фаъолияти чашмрас дошт ва ниёзи ниёзмандонро сари вақт баровард? Барои касе пӯшида нест, ки бунёди мағозаҳои китобфурӯшӣ ва ё ба иҷора гирифтани масоҳати муайян ҷиҳати роҳандозии савдои китоб дар биноҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ имконнопазир аст. Зеро бо назардошти коҳишёбии таваҷҷуҳи мардум нисбат ба осори чопии коғазӣ ҳатто пардохти иҷорапулӣ аз ҳисоби фоидаи аз савдои китоб бадастомада ғйриимкон менамояд. Аз ин лиҳоз, тавре мо борҳо иброз намуда будем, дар ошёнаи якуми қасрҳо ва ё кохҳои фарҳанги шаҳру навоҳии кишвар, ки дар марказҳо, маконҳои басо зебою серодам ва рӯ ба роҳҳои калон бунёд ёфтаву ҷойгир ҳастанд, ба ҷойи суратгирхона, макони нусхабардорӣ, дорухона ва ғайра кушодани фурӯшгоҳҳои китоб аз манфиат холӣ нест.  КВДТС “Китоб” метавонад ин дуконҳоро ба таври муназзам ва муттасил бо китобҳо таъмин намояд.

Ҳолати ҳукмфармои бозори китоби тоҷик
Бозори китоби тоҷик ниёз ба низом ва фаъолият дар чаҳорчӯби муайянро дорад. Имрӯз касе гуфта наметавонад, ки дар бозори китоби мо чӣ китобҳо дар гардишанд, кадом китоб, кай ба муомилот баромада ва касе ҳам кафолат дода наметавонад, ки муҳтавои ағлаби китобҳо аз чӣ иборат аст. Зеро бар асари мавҷуд набудан  низоми муайяни нашр ва мутамарказ набудани савдою тавзеи китоб ноширони музофотии кишвар дар пур кардани бозори китоби воҳаи худ соҳибихтиёранд. Алъон дар кишвари азизи мо ду бозори китоб фаъол аст: яке дар шаҳри Душанбе ва дигар дар шаҳри Хуҷанд. Миёни ин ду бозор робитаи қавии додугирифт ва табодули мол, ба тавре ки лозим аст, дида намешавад. Шояд баъзе китобҳои дар пойтахт нашршуда ба шаҳри Хуҷанд бурда шаванд, аммо аз он ҷо ба пойтахт ворид карда намешаванд. Бо нигоҳ аз ҳамин зовия ба мушоҳида мерасад, ки донишҷӯёни мактабҳои олии музофотӣ аз осори устодон ва олимони мактабҳои олии пойтахт ва баръакс, донишандӯзони таълимгоҳҳои олии пойтахт аз осори илмии олимони музофотӣ бехабару бебаҳра мемонанд. Бо ҷой доштани чунин омил китобҳои олимон бо теъдоди кам ба нашр расида, бо дасти худашон  тавзеъ меёбанд. Яъне, дар таҷрибаи кор мо надидаем, ки то кунун китобҳои соҳавӣ ва илмӣ-таълимӣ барои тавзеъ ба КВДТС “Китоб” пешниҳод  шуда бошанд. Бо як ибора метавон хулоса кард, ки имрӯз осори олимони донишкадаву донишгоҳҳо бар асари бо теъдоди кам нашр гардиданашон аз ҳудуди таълимгоҳҳое, ки худ дарс мегӯянд, берун намеравад. Шояд хонандаи ҳушманд ин ҷо моро эрод гирад, ки шакли электронии ин китобҳоро дар шабакаи интернет пайдо кардан мумкин аст ва ёфтани нусхаи коғазии он шарт нест. Гап дар сари он аст, ки мо дар ин маврид низ на ба ҳадде муваффақем, ки боиси қаноатмандӣ бошад. Яъне, воридсозии шакли электронии китобҳо ба шабакаи мавриди назар, тавре ки мебояд, фаъол нест.
Рейдҳои назоратие, ки бо ибтикори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти қудратӣ ва сохторҳои тобеи вазорат соли равон чанд дафъа роҳандозӣ шуд, нишон дод, ки воқеан ҳам, дар бозори китоби тоҷик бебандуборӣ ба мушоҳида мерасад ва ҷиҳати рафъи камбудҳои ҷойдошта тадбирҳои фаврӣ бояд андешида шавад.

Нархгузории давлатии китоб
Маврид ба тазаккур аст, ки савдои на танҳо китоб, балки кулли маводи мавриди ниёз дар бозор ба нархи он сахт алоқаманд аст. Маъмурияти КВДТС "Китоб" ҳикмати мақоли "бозор бардошт зам кун ва набардошт, кам кун"- ро хуб дарк мекунад ва ин яке аз рукнҳои иқтисоди бозаргонист, вале он ба ин корхона рабт надорад. Чаро ки он истеҳсолкунандаи мол нест, рисолаташ аз дастраси хонанда гардондани маҳсули заҳмати ноширон иборат аст. Нархи молро соҳиби мол мегузорад ва барои каму зиёд карданаш худаш ҳақдор мебошад. КВДТС "Китоб" танҳо дар доираи салоҳияти худ, яъне барои ҳифзу нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ба нуқтаҳои савдо ва дигар хизматрасониҳо аз 5% то 20% ба нархи аслии китоб изофа мекунад. Омили дигаре, ки ба дарди КВДТС "Китоб" намехӯрад, ин аст, ки на ҳама теъдоди нашршудаи китоб барои фурӯш ба он супурда мешавад. Яъне, як китобро ҳам КВДТС "Китоб" ба савдо мегузорад ва ҳам соҳиби он, ки чунин ҳолат боис ба гуногунии нарх мегардад. Нархи соҳиби китоб дар муқоиса ба нархи гузоштаи КВДТС "Китоб" арзонтар мебошад. Мусаллам аст, ки дар чунин ҳолат истеъмолкунанда пешниҳоди дасти аввал, яъне соҳиби китобро қобили қабул медонад. Аз ин лиҳоз, тақозо мешавад, ки муассисаҳои нашриявии давлатӣ китобҳояшонро ба КВДТС «Китоб» бо тахфифи фисади муайян барои фурӯшу тавзеъ пешниҳод намоянд. Зеро танҳо дар ҳамин сурат метавон китобҳоро бо нархи яксон ба фурӯш баровард, савдои давлатии китобро ҷоннок намуд ва муштариро аз бурдан ба сардаргумӣ нигоҳ дошт.

Китоб, хонанда ва сатҳи мутолиа
Коҳишёбии савдои китоб дар кишвар дар маҷмӯъ барои касе пӯшида нест ва ин ҳолат ба кам шудани таваҷҷуҳ ба китоб ва мутолиаи он бастагӣ дорад. Муроди мо мутолиаи китобҳои бадеист. Мусаллам аст, ки чун мутолиа нест, бозори китобҳои бадеӣ низ гарм нахоҳад буд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин ҳолат танҳо хоси кишвари мо нест. Ҳатто дар кишварҳои пешрафта ва китобхон низ вазъ ҳамингуна мебошад.
Мо бар ин ақидаем, ки дар мо ҷой доштани се омил боиси сар задани чунин ҳолат гаштааст: аз миён рафтани анъанаи мутолиаи китоб дар хона, (инчунин дар мактаб, муроди мо хониши асарҳои бадеӣ ба ҳангоми таътилҳост), рӯйи кор омадани васоити дигари маълумотгирӣ ва то як андоза гарон будани нархи китобҳо.
Дар мавриди омили якум ҳаминро бояд гуфт, ки дар навад дарсади хонаводаҳо умуман китоби бадеӣ намехонанд. Худ қазоват кунед, агар насли калонсоли ҳар як хона китобхон бошад, хоҳ - нохоҳ, ин ба тафаккури кӯдакони он хонадон таъсири худро мегузорад. Агар падару модар дар умри худ як китоби тозанашр аз дар ворид насозанд, боре китоб дар даст нагиранд, фарзанди он хонадон нисбат ба китобу мутолиаи он муҳаббат ва шавқу завқ пайдо мекунад? Алабатта, не!
Воқеан ҳам, ҳарчанд ки ҳеҷ як воситаи фарогири маълумот ва иттилоърасонӣ ҷойгузини китоб шуда наметавонад, аммо бармало зоҳир аст, ки рӯйи кор омадани технологияи мусоири иттилоотӣ доираи корбурди маҳсулоти коғазиро хеле танг карда ва ин хоҳ - нохоҳ ба афзоиш шумораи истифодабарандагони васоити электронӣ ва кам гардидани шумори ниёзмандони осори чопии коғазӣ боис гаштааст.
 Бархе аз дӯстдорони китобҳои бадеӣ бар ин ақидаанд, ки нархи китобҳо гарон мебошад. Пурсида мешавад, ки чаро чунин аст? Ду сабаби асосии болоравии нархи китобҳо вуҷуд дорад: бо теъдоди ниҳоят кам ба нашр расидани онҳо ва тавлидкунандаи маводи хоми чопӣ набудани кишвари мо. Адади нашри китоб ба нархи он бетаъсир  намемонад, зеро он ҳар қадар зиёд шавад, нархи хизматрасонии чопхона ва бо ин нархи худи китоб низ арзон мегардад.  Дигар ин ки, бар асари буҳрони иқтисодӣ ҳамарӯза нархи кулли маҳсулот, аз ҷумла чопӣ, дар бозори ҷаҳонӣ боло меравад ва  ин омил ба кишвари мо низ бетаъсир намемонад.
Дар мариди харидорони китоб як ҳолати аҷиб ба мушоҳида мерасад: ҳар як оила ҳамарӯза барои фаъол нигоҳ доштани камаш ду-се телефони мобилӣ маблағ пайдо карда метавонад, аммо барои дарёфти манбаи дониш не. Ба суоли чаро чунин ҳолат пеш омада, посух саҳл ба даст намеояд. Аммо як чиз равшан аст: завқи мутолиаи маҳсулоти чопии коғазӣ дигар намонда. Кор то ҷое расида, ки айни ҳол ҳатто сафи рӯзномахонҳо кам гаштааст, ҳол он ки рӯзнома он қадар нархи гарон ҳам надорад. Бояд иқрор шавем, ки насли рӯзномахони мо пир шуда ва ҷавонон ба мутолиаи рӯзномаҳо таваҷҷуҳ надоранд. Ин хеле нигаронкунанда аст.
Намегӯем, ки мо китоби қимат надорем, дорем, аз ҷумла, қомусҳоямон гаронарзишанд, вале ин беҳикмат нест. Омодасозии қомус кори басо мушкил аст. Он кори як рӯзу ду рӯз нест. Барои таҳияи як қомус садҳо манбаъҳои зеҳнӣ фароҳам оварда мешаванд, аз санъат ва меъёрҳои хоси қомуснигорӣ риоя мегардад, ки саҳлангориро хуш надорад. Ҳар қомусе таҳия ва дастраси хонанда мешавад, бояд фарогири умдатарин маълумот бошад ва дар ин шабу рӯз, ки мо дар оғӯши миллионҳо маълумот умр ба сар мебарем, гулчини муҳимтарин маълумот кори саҳл нест. Гузашта аз ин, чун қомусҳо барои солҳои тӯлонӣ мавриди истифода қарор гирифта ба нашр мерасанд, аз ин лиҳоз китоби нодир ба шумор мераванд. Ҳамин хусусияти хоси қомусҳо онро тақозо мекунад, ки онҳо бояд бо беҳтарин муҳтаво, оройиш, коғаз, ранг, ширеш, ришта, кортон ба нашр бирасанд ва модоме чунин аст, албатта, нархи онҳо арзон нахоҳад буд.
Ин ҷо мавриди тазаккур аст, ки қомуснигорӣ ва чопи он низ бояд зери назорат қарор бигирад. Зеро тавре аз суҳбат бо масъулони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ба мо маълум гардид, то кунун он қомусҳои ҷашние, ки бахшида ба солгарди ин ё он ноҳия аз тарафи афроди алоҳида ба нашр расиданд, ба қоидаҳо ва меъёрҳои қомуснигорӣ билкул ҷавобгӯ нестанд. Ба андешаи мо ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик   чунин салоҳият   дода шавад, ки тавонад қомуснигорӣ дар кишварро зери назорат бигирад ва онҳое, ки ба омодасозии қомусҳо даст мезананд, барои чоп тавсияи ин ниҳодро дастрас созанд.

Китобхонаҳои оммавӣ ва мукаммалгардонии захираи онҳо
Агар аз рӯйи мантиқ андеша кунем, бояд теъдоди нашри китобҳои мо на камтар аз шумори китобхонаҳоямон бошад, то ба ҳар як китобхона, ақаллан, як китоб бирасад. То ҷое мо иттилоъ дорем, алъон дар кишвар 1357 китобхонаи оммавӣ, 3800 китобхонаи мактабӣ ва шояд на камтар аз 1000 китобхонаи мактабҳои миёнаи касбию олӣ ва муассисаю корхонаҳо амал мекунад. Пурсида мешавад, ки бо ин шумори китобхонаҳо чаро ҳатто китоби бо 500 нусха ба нашррасида ҳам солҳо бехаридор мемонад? Аз ин бармеояд, ки на китобхонаҳои оммавӣ, на мактабӣ ва на таълимгоҳҳои касбию олӣ ва на муассисаю корхонаҳо барои дарёфти китобҳои тозанашр талош доранд.
 Чӣ бояд кард? Мо дар ин навишта мукаммалгардонии муназзами китобхонаҳои ғайриоммавиро ба инсофи масъулони онҳо ҳавола мекунем ва сари китобхонаҳои оммавӣ ҳарф хоҳем зад. Дар ин самт саъю талошҳои дастандаркорон то андозае ба назар мерасад, аммо на дар сатҳест, ки қонеъкунанда бошад.
Имрӯз рисолати мукаммалгардонии захираи китобхонаҳои музофотӣ ба бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо вогузор аст, ки бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ сурат мегирад. Мутаассифона, дар бештари маврид дар аксари шаҳру навоҳӣ ин масъала ҳангоми тарҳрезӣ ва тақсимоти буҷаи маҳаллӣ сарфи назар мегардад. Агар чунин намебуд, бо паси сар шудани даҳ моҳ аз соли ҷорӣ танҳо ноҳияи Шуғнони ВМКБ, ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияи Файзобод ба КВДТС "Китоб" барои дарёфти китобҳои тозанашр муроҷиат намекард.
Маъмурияти КВДТС “Китоб” дар аввали  сол бо мақсади ҳамкорӣ, яъне ироаи китобҳои тозанашр ба китобхонаҳои оммавӣ, ба масъулини кулли шаҳру навоҳӣ бо мактуби расмӣ ва замимаи рӯйхати китобҳо муроҷиат намуд, вале мутаассифона, аз тарафи аксари онҳо ҳатто вокунише сурат нагирифт. Кор то ҷое расида, ки дастандаркорони баъзе шаҳру ноҳия ҳатто маблағҳои қарзии КВДТС "Китоб"-ро бо гузашти солҳо пардохт намекунанд, ки  Бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан - 6110 сомонӣ, Бахши фарҳанги шаҳри Исфара - 1714 сомонӣ, Раёсати корхонаҳои полиграфии вилояти Суғд – 1222 сомонӣ, мағозаи китобфурӯшии  “Зиё”-и шаҳри Турсунзода 369 сомонӣ, Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Файзобод 1800 сомонӣ, Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҳисор - 1623 сомонӣ аз ин шуморанд. Онҳо андеша намекунанд, ки бо чунин фориғболии хеш КВДТС “Китоб”-ро зери маломат мегузоранд. Зеро он бо чунин ҳол  наметавонад маблағи ноширону муаллифонро сари вақт пардохт намояд.
Ҳолати дар фавқ бозгӯшуда солҳо боз идома дорад ва ҷойи ташвиш ҳам ҳаст. Вазъияти ҳукмфарморо ба назар гирифта, Вазорати фарҳанги кишвар ҷиҳати мукаммалгардонии фонди китобхонаҳои оммавӣ ва ба замони муосир мутобиқ сохтани фаъолияти онҳо “Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015” аз 2-юми июли соли 2005, таҳти № 238, “Барномаи давлатии рушди  Китобхонаи  миллии Тоҷикистон ба номи  Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015” аз 2-юми июли соли 2005, таҳти № 238, “Барномаи давлатии компютеркунонии  китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” аз 2-юми августи соли 2010, таҳти № 384, “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, аз 28-уми феврали соли 2015, таҳти № 105 таҳия намуд, ки бархе дар амал татбиқ гардидаву амалисозии бархе дигар идома дорад.
Ҳамчунин, барномаҳои нави “Барномаи давлатии рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022” ва “Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020”  таҳияву тарҳрезӣ шуда истодааст, ки татбиқи амалии онҳо натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳад овард.
Ҷойи зикр ва шукргузорист, ки ҷудо шудани маблағи муайян ҷиҳати чопи осори адибони классику муосир ва мукаммалгардонии китобхонаҳои оммавӣ бо китобҳои тозанашр ба таври ройгон аз сӯйи давлат, ки ҳамасола дар ҷумҳурии мо роҳандозӣ мешавад,  дар ИДМ ва фаротар аз он назир надорад. Аммо ин кори хайри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини китобхонаҳо бо китобҳои тозанашршуда ба таври ройгон, ки аз зовияи хирадмандӣ ва дурандешӣ сурат мегирад, набояд роҳбарон ва дастандаркорони фарҳанги шаҳру навоҳиро аз масъулият фориғ созад,  зеро мо чунин ибораро аз забони афроди мавриди назар шунидем, ки "китоб харидани мо зарурат надорад, "Корвони Китоб" меорад-ку". Роҳандозии ҳаракати фарҳангии “Корвони Китоб” роҳи ҳалли масъала нест ва бо он маблағе, ки ҷудо мешавад, наметавон  кулли китобхонаҳои оммавиро, тавре зарур аст, бо китоб таъмин намуд.  Ҳукуматҳои маҳаллӣ низ сари ин мушкил бояд тадбир ҷӯянд. Зеро онҳо ҳам дар қатори дастандаркорони соҳаи фарҳанг барои ҷоннок кардани фаъолияти китобхонаҳои маҳаллӣ муваззафанд. Агар дар ин маврид ба фориғболӣ роҳ медиҳанд, яқин аст, ки аз забони насли оянда ба суроғи онҳо низ  ҳарфи маломат садо хоҳад дод.

Назарсанҷӣ мебояд, то талаботи хонанда дониста шавад
Бояд иқрор шуд, ки имрӯз бозори китоби тоҷик, сатҳи китобхонии мардум ва талаботи ӯ нисбат ба китоб мавриди омӯзишу таҳлилу натиҷагирӣ  қарор надорад. Яъне, касе мушаххас гуфта наметавонад, ки имрӯз чӣ ҳисса аз мардум китобхон аст, хонанда кадом китобро мехоҳад дошта бошад ва кадом китоб дар бозор аз ҳама бештар харидор дорад. Ҳарчи дар ин маврид гуфта мешавад, аз фарзияе беш нест. Маҳз бо ҳамин мақсад як вақтҳо дар Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ (ҳозира Хонаи китоби Тоҷикистон) Шуъбаи тадқиқоти сотсиологии китоб ва қироат амал мекард. Вазифаи умдаи ин ниҳод аз гузарондани назарсанҷӣ бо таҳияи саволнома (анкета) дар миёни қишри китобхони ҷомеа (хонандагони мактабҳо, донишҷӯён, коргарони муассисаҳо) иборат буд. Бо таҳлилу баррасии пурсишномаҳо андешаи хонандагонро нисбат ба осори бадеӣ, сифати маҳсулоти чопӣ ва бознашри ин ё он китоб мавриди омӯзиш қарор дода,  баъдан бо гирифтани натиҷаи ниҳоӣ хулосаи худро ба муассисаҳои нашриявӣ пешниҳод менамуд.  Мутаассифона, чандест ки фаъолияти шуъбаи мавриди назар қатъ гардид. Ба андешаи мо вақти он фаро расида, ки ҳамтои шуъбаи мавриди назар дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз нав таъсис дода шавад. Фикр мекунам, мо танҳо бо ин роҳ метавонем, ба муассисаҳои нашриявӣ дар чопи китобҳо ёрӣ расонем, чопи китобҳоро ба низоми муаяйн дарорем ва ба нашри  он китобҳое иқдом намоем, ки хонандаи худро пайдо хоҳанд кард.  Бо ин роҳ аз сарфи беҳудаи маводи хоми чопӣ ва солҳо зери чангу хоки рафҳои китобмонии дуконҳои китобфурӯшӣ ва анборҳо мондани китобҳо ҷилавгирӣ хоҳем кард.
Китоб садсолаҳо ба ҷомеаи башарӣ хизмат кард, хизмат мекунад ва ҷойгоҳи худро ҳеҷ гоҳ ба интернету планшету телефон нахоҳад дод. Зеро намоишҳои китоб, чи дар сатҳи кишвар ва чи дар сатҳи байналмилал, собит месозанд, ки КИТОБ дорои неруи бузургест, ки сарфи назар аз нажод, миллат, забон, ақидаву мазҳабу дину оин аз тамоми гӯшаву канори дунё инсонҳоро ба ҳам меорад, дар миёни онҳо дӯстиву рафоқату робитаҳои корӣ эҷод менамояд ва ба як ибора рисолаташ аз муттаҳидгардонии халқҳо, муаррифисозии кишварҳо ва эҷоди якдиливу ҳамбастагӣ иборат аст.
Сироҷиддин ИКРОМӢ,
сардори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои "Китоб"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2283

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед