logo

иҷтимоиёт

ҚИССАИ "ҲАШТ ДУРӮҒ" - И МОДАР

Ҷавонписаре нақл кард: «Модарам ҳамеша сухани рост намегуфт ва то ба камол расиданам ба ман ҳашт дурӯғ гуфтааст. Фарзанди ягона будам, вазъи зиндагӣ хеле вазнин буд, ғизои кофие надоштем. Як рӯз касе ба хона оши палав овард. Модар, вақте ки палавро ба табақи ман мерехт, чунин мегуфт: «Писарам,  ошро бихӯр, ман гурусна нестам». Ин якумин дурӯғи ӯ буд.
Модарам баъди анҷоми кори хона барои моҳидорӣ ба дарёча мерафт. Боре ду моҳӣ сайд карду онҳоро бирён намуда пешам гузошт. Ман ба хӯрдани моҳии якум сар кардам ва моҳии дигарро ба наздаш гузоштам. Гуфт: «Писарам, бихӯр, оё ту намедонӣ, ки ман моҳиро дӯст намедорам». Ин дувумин дурӯғи ӯ буд.
Дар яке аз шабҳои сарди зимистон, ки борон меборид, модарам аз кор наёмад, ба ҷустуҷӯяш ба кӯчаҳо баромадам,  дидам, ки дар даст борхалта дарҳои мардумро мекӯфт. Гуфтам: «Модарҷон, биё, ба хона баргардем, вақт хеле дер шуд ва ҳаво ҳам сард аст, субҳ молатро мефурӯшӣ». Ӯ бо  табассуме гуфт: «Ман хаста нестам». Ин сеюмин дурӯғи ӯ буд.
Рӯзе дар мактаб имтиҳон доштам. Модари ҷонпарварам маро зери офтоби сӯзон интизор шуд. Имтиҳон ба охир расид. Чун ба наздаш омадам, ӯ маро ба оғӯш гирифту ҷоми нӯшобаеро дод, ки бинӯшам. Хеле ташна будам, бештари обро нӯшидам. Нохост назарам ба рухсорааш афтод, ки аз он арақ мешорид. Нӯшобаро ба ӯ дароз карда, гуфтам: «Модарҷон, нӯшед», вале модар рад карда, гуфт: «Ту бинӯш, ман ташна нестам». Ин чаҳорумин дурӯғи ӯ буд.
Баъди вафоти падарам, масъулияти хона бар дӯши модарам афтод. Ҳамсоягон диданд, ки вазъи зиндагиамон рӯз аз рӯз паст меравад, ба модари ҷигарбандам тавсия доданд, ки издивоҷ кунад, то зиндагиаш беҳ гардад. Аммо модари боиффатам гуфт: «Ман ба ин ниёз надорам». Ин панҷумин дурӯғи ӯ буд.
Ҳангоме ки донишгоҳро хатм кардаму соҳиби кору вазифа шудам, ба худ андешидам: акнун вақти муносиб расид, ки модарам истироҳат кунад ва ман зиндагиро пеш барам. Ӯ ҳар субҳ ба бозор мерафту он ҷо қолине паҳн карда, сабзавот мефурӯхт. Тарки ин корашро хоҳиш кардам ва барои розигияш аз моҳонаам барояш маош муайян намудам. Вале ӯ гуфт: «Писарам, молатро ҳифз намо, ман барои худ моли кофӣ дорам». Ин дурӯғи шашуми ӯ буд.
Магистратураро хатм намудам, моҳонаам зиёдтар гардид. Сипас, ширкати олмоние ба кор гирифт, ҳаёти беҳтару осудатар ёфтам ва модарамро ба наздам даъват намудам. Аммо ӯ инро нахосту гуфт: «Ман ба зиндагии фарох одат накардаам». Ин дурӯғи ҳафтуми ӯ буд.
Модарам ба пирӣ расид ва дар пиронсолӣ ба бемории саратони чашм мубтало гашт, бояд як нафар паҳлуи ӯ ҳамеша меистод. Ба наздаш баргаштам. Ҳангоме ки маро дид, кӯшиш кард, то ба рӯям табассум кунад, аммо бо сабаби заъфу нотавонӣ симои муборакашро бо лабханди модарона зинат бахшида натавонист… Селоби ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Модари ҷонпарварам ба ман тасаллӣ дода, мегуфт: «Писарам, гиря накун, ман ягон дардеву мушкилиеро ҳис намекунам»… Ин дурӯғи ҳаштуми ӯ буд.
Модар баъди ба забон овардани ин суханон, чашмони зебояшро пӯшиду дигар онҳоро накшод…
Модарон ҳамеша дар фикри мо ҳастанд, аммо мо чӣ?!
Саидолим КОМИЛҶОН,
Эмомалӣ САФАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2924

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед