logo

иқтисод

ЗИМИСТОН. ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ ДАР ЧӢ ҲОЛ АСТ?

Бо мақсади аз фасли зимистон беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон дар мавзеъҳои сукунати онҳо аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи олами ҳайвоноту наботот раванди корҳои биотехникӣ бо паҳнсозии ҳаҷми муайяни маводи хӯрока, аз қабили резаи гандум, биринҷ, ҷав, кунҷора, намак ва намудҳои мева бомаром ҷараён дорад.

Ба андешаи Саидзода Мадиброн Икром, директори муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, амалиёти мазкур одатан дар ҳолати сард шудани ҳаво гузаронда мешавад. Азбаски зимистони имсола нисбатан сард омад, таъминоти ҳайвонот бо ғизо ба барвақтӣ оғоз шуд. Зиёда аз 90,8 тонна алафҳои табиӣ, 28 тонна навдашохҳо, 8,2 тонна гандум, 9,2 тонна намак захира гардид. Бо вуҷуди ин, миқдори муайяни захираи ғизо, ки бо маблағҳои буҷетӣ харид шудаанд,  ҳанӯз кифоя намебошад. Зеро дар ихтиёри муассиса ҳудудҳои махсуси муҳофизатшаванда мавҷуданд, ки зимистони дарозу сербарф доранд ва ба таъминоти пурраи ҳайвонот бо хӯрока ниёз доранд, ба монанди мамнуъгоҳи «Зоркӯл» - и ноҳияи Мурғоб ва Боғи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин Боғҳои табиии таърихии «Ширкент» ва «Сари Хосор». Аз ин лиҳоз, вобаста ба сардии зимистон ва ҳайвоноти нодири ин ё он мамнуъгоҳ аз ҷониби муассиса ва Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ барои беталаф баровардани ҳайвонот аз фасли зимистон ёрии моддӣ расонда мешавад. Феълан вазъ дар мамнуъгоҳҳои ҷумҳурӣ бо назардошти фароҳам овардани шароити мусоид муътадил мебошад. Талафёбии ҳайвоноти ваҳшӣ бо назардошти зимистони на он қадар сарди солҳои гузашта ба қайд гирифта нашудааст. Махсусан, дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ҳифз ва нигоҳдории ҳайвонот дар фасли зимистон хуб ба роҳ монда шуда, шумораи ҳайвоноти нодир, ба мисли оҳуи бухороӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, кафтор ва тазарв аз 5 – 6 то ба 9 фоиз зиёд гардид. Дар мамнуъгоҳ, ҳамчунин парваришгоҳи кабки дарӣ оғоз шуд. Парваришгоҳи кабк дар мамнуъгоҳи Дашти Ҷум низ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло дар ин мавзеъ, дар майдони 5 гектар сохтмони парваришгоҳи бузи пармашох дар арафаи анҷомёбист. Кормандони соҳа бунёди парваришгоҳҳо ва афзоиши саршумори ҳайвоноти нодирро барои пешрафти соҳа тавассути ҷалби бештари сайёҳон муҳим арзёбӣ намуданд. Дар фасли зимистон таваҷҷуҳи сайёҳон маҳз ба мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва мамнуъгоҳи табиии «Ромит» бештар гардидааст.
Феълан дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар баробари таъминоти ҳайвонот бо ғизо, ҳамчунин таваҷҷуҳи асосӣ ба пешгирии сар задани сӯхтор, ки одатан моҳҳои январ-феврал ба амал меояд, дода мешавад. Бемориҳои сироятӣ, ба монанди бемории илтиҳоби шуш низ ба ҳайвонот таҳдид мекунанд. Соли 2011 аз сабаби гузариши ин намуди касалӣ аз бузҳои хонагӣ ба ваҳшӣ дар мамнуъгоҳи Дашти Ҷум талафёбии бузи пармашох ба назар мерасид. Дар давоми ду соли охир чунин ҳолат дигар рӯй надодааст. Танҳо афзоиши шумораи гург ва хирс ба ҳайвонот таъсири манфӣ расонда истодаанд.
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2054

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед