logo

иқтисод

РӮДАКӢ. ФАРДО БОЯД АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР БОШАД

Симои ноҳияи Рӯдакӣ бо қомат афрохтани биноҳои хуштарҳи замонавии истиқоматӣ,  муассисаҳои хизматрасонии табобату фароғат, таълимгоҳҳо  ва   марказҳои савдо  шаҳреро мемонад. Аз ҳусни он пешрафти соҳаҳо ҳувайдост.  Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ низ назаррас мебошад. Роҳандозии барномаҳои вижа доир ба роҳсозӣ, обёрии заминҳои кишт, таъмини обӣ ошомиданӣ, беҳсозии соҳаҳои тандурустӣ, шуғли аҳолӣ ва ғайра ба беҳбудии чашмраси ҳаёти мардуми он мусоидат намуд. Авҷи  бунёдкорию созандагӣ дар ноҳия  аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.  Бо иҷрои нуктаҳои Паёми  Президенти ҷумҳурӣ  ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ , инчунин бо шарофати ташрифи ҳамасолаи Сарвари давлат ба диёри Рӯдакӣ рушди қариб ҳамаи бахшҳо ва  афзоиши воқеии нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ноҳия таъмин гардид. Юсуфӣ Муҳаммадраҳим, раиси ноҳия, дар ин хусус чунин изҳор дошт:
- Давоми соли равон  маҷмӯи   истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия  қариб 800 миллион  сомониро  ташкил  дод, ки  нисбат ба  соли  гузашта беш аз 27 миллион  зиёд мебошад. Аз он 17,3 дарсадро ҳиссаи бахши  саноат, 68 дарсадро  кишоварзӣ ва   14,7 дарсадро соҳаҳои дигар  ташкил медиҳанд.  
Соли  2016 бо ҷалби соҳибкорони ноҳия  дар самтҳои истеҳсолоту   хизматрасонӣ ва савдо 52  корхонаи нав сохта ба истифода дода шуд. Барои  нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ  зиёда аз  638 ҳазор сомонӣ ва беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои кишоварзии ноҳия  230 ҳазор сомонӣ  маблағгузорӣ сурат гирифт. Ҷиҳати  гармидиҳӣ, харидани ангишт, маводи сӯхту  ашёи дигар баҳри зимистонгузаронии муътадил  қариб 1, 5  миллион сомонӣ пешбинӣ  гардид,  ки  нисбат ба  соли гузашта  беш 4, 5  ҳазор сомонӣ зиёд аст. 
Аз рӯйи тасҳеҳи Нақшаи генералии маркази ноҳия - шаҳраки Сомониён, ки  аз ҷониби пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар»   таҳия гардидааст, сохтмони 9 бинои истиқоматии баландошёна бо нуқтаҳои савдо ва маркази хизматрасонӣ таҳрезӣ гардид. Айни замон  корҳои сохтмонию  лоиҳакашӣ бо маром идома доранд.  Дар заминаи  нақшаи кулл маҷмаи боҳашамати фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ бо нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ки  санги   асоси он аз ҷониби Сарвари давлат гузошта шуд, дар майдони 5,3 гектар  бунёд меёбад.  Дар ин бино  кӯдакистон барои 200 нафар, корхонаи дӯзандагӣ иборат аз  300 ҷойи кор,  толори варзиш барои машқи 120 нафар дар як баст,  маркази савдои дорои  400  ҷой ба фаъолият мепардозанд. 
Сохтмони муассисаҳои таълимии баландошёна бо тарҳи нав  дар  минтақаи Султонобод барои 360 хонанда,  деҳоти Чимтеппа барои 500 ва   Сарикиштӣ барои  640  хонанда, инчунин бунёди корхонаҳои коркарди қуму сангреза барои тавлиди бетон дар деҳоти Зайнабобод, истеҳсоли хишти сохтмонии “Хишти сабук” ва коллеҷи  тиббӣ дар шаҳраки М. Турсунзода, хати таъмини оби ошомидании деҳаҳои Чавлибоӣ, Ғиждалобод ва Чоряккорон, маҷмааи  “Нури тиб”дар шаҳраки М. Турсунзода ва бозори фурӯши нақлиёт дар деҳоти Лоҳур  бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Корҳои созандагӣ мисолҳои барҷастаи рушду тараққиёти беқиёс дар ноҳия мебошанд, ки  хусусан  ба муносибати Ҷашни бузурги  25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат гирифтанд.
12 ва 14-уми майи соли равон   аз сабаби боришоти зиёд сатҳи дарёи Элок баланд шуда,   маҷрои он тағйир ёфт ва боиси фаромадани  сел дар деҳоти мавзеи Зайнабобод ва шаҳраки Мирзо Турсунзода гардид. Аз офати табиат  дар ноҳия дар умум 44 хона пурра  ва 75 – то  қисман зарар диданд, ба амволи шаҳрвандон,  киштзори хоҷагии халқ  осеби  ҷиддӣ расид. Хушбахтона, бо кумаку дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ  оқибатҳои офати табиат  дар муҳлати кӯтоҳ бартараф ва барои сокинон манзилҳои нави  кушоду барҳаво сохта шуда, бо ашёву лавозимоти  рӯзгор таъмин гардиданд. 
 Татбиқи барномаю  лоиҳаҳои сармоягузорӣ низ дар ноҳия назаррас мебошад.  Ҳоло дар ноҳия 5  лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ - лоиҳаҳои «Обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон», “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода - сарҳади Ӯзбекистон”,  «Таъмини шуғли  аҳолӣ барои устувории хоҷагии     қишлоқ ва идоракунии  захираҳои обӣ», “Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф” ва «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот» мавриди амал қарор доранд.     
Кишоварзон бо истифодаи самараноки замин дар  таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар саҳми назаррас гузоштанд. Соли 2016 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа  беш аз 530 миллион  сомониро ташкил дод, ки нисбат  ба соли гузашта  3 дарсад зиёд мебошад.  Тайи ду соли охир дар ноҳия 358 гектар боғу токзор бунёд гардид. Ҷиҳати нигоҳдории хуби меваю сабзавот дар ноҳия дар ҳаҷми 7770 метри мураббаъ яхдону сардхонаҳо барои захираи беш аз 2300 тонна маҳсулот бунёд ёфтанд.  
 Иштироки  беш аз 1500 толибилм дар олимпиадаҳои фаннӣ ва соҳиби медали тилло  гардидани  зиёда аз 40 хонанда дар озмунҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ аз шароити мусоиди таҳсил шаҳодат медиҳад.
 Айни  замон дар ноҳия  45 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 омӯзишгоҳи қолинбофӣ ва  филиали «Маркази таълими калонсолон»  амал мекунанд. Давоми  соли ҷорӣ қариб   ба 100  нафар, ки  хоҳиши  ташкили фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, кумаки молиявӣ  расонда шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баҳри ғанӣ сохтани буҷети давлат, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда, таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастию  хештаншиносӣ  ва дар умум ба як гӯшаи  ободу зебои мамлакат мубаддал сохтани ноҳия минбаъд саъю талоши бештар ба харҷ медиҳад. 
С. Ташрифулло, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 1688

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед