logo

иқтисод

НОН БОШАД, СУРУД ҲАМ МЕШАВАД. ДАР БОРАИ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ ДАР ВОДИИ РАШТ

Истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти озуқа бо нархҳои дастрас аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру навоҳӣ самари  дастурҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст,  ки солҳои охир  ба фаровонию арзонии маводи ғизоӣ мусоидат намуд. Дар фурӯшгоҳҳои  гӯшаю  канори кишвар орду равған, биринҷ,  макарон, шакар, нахӯд,  лӯбиёву анвои дигари маҳсулоти хӯрдании баландсифат ба савдо гузошта шудаанд.
Намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар водии   Рашт якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳраки Ғарм корхонаи истеҳсоли орд таъсис дода, давоми зиёда аз ду сол боз  аҳолии минтақаро  бо орди баландсифати ватанӣ таъмин менамояд. То таъсиси корхона воридоти орд аз минтақаҳои дурдаст мӯҷиби камчинӣ ва  гаронии нархи он мегашт. Сифати баъзе маҳсулот низ ба талабот ҷавобгӯ набуд.
Ба гуфтаи Тоҷиддин Хушбахтов, намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар водии Рашт, бо ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини фазои рақобати солим ва ба василаи он ғанӣ гардондани бозори истеъмолии кишвар дар ноҳияҳои минтақа мағозаҳои хуштарҳу замонавии фурӯши озуқаворӣ ташкил карда шудаанд. Дар ноҳияи Сангвор 4, Нуробод 3, Рашт қариб 10 , Тоҷикобод 3, Лахш 5 ва Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 1 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия фаъолият доранд. Арзиши маводи ғизоии мағозаҳои мазкур нисбат ба бозор 10 – 15 дарсад арзон буда, сифати он мувофиқи талабот мебошад. Сокинон ҳар рӯз аз нуқтаҳои фурӯши ташкилёфта ба ҳисоби миёна 15 тонна орд мехаранд.  Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар навоҳии водии Рашт  баробари роҳандозии истеҳсолу фурӯши маҳсулоти ғизоӣ барои зимистонгузаронии муътадили  солҳои 2016 – 2017 - ум  3 ҳазор тонна гандум,  қариб 600  тонна орд, 300 тонна картошка ва сӯзишворию масолеҳи сохтмон захира намуд. Дар ояндаи наздик  барои хуб нигоҳ доштани меваю сабзавот сардхонаҳои замонавӣ низ ташкил меёбанд. Зери таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат дар гӯшаю канори кишвар ба роҳ мондани истеҳсолу фурӯши маводи ғизоии баландсифат бо нархҳои дастрас яке аз самтҳои асосии фаъолияти масъулони соҳа мебошад. Афзоиш додани ҳаҷми маҳсулоти фурӯхташаванда ва зиёд намудани нуқтаҳои савдо аз ҳадафҳои асосии агентӣ буда, вобаста ба ин тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Густариши фаъолияти бахшҳои агентӣ дар минтақаҳои кишвар баҳри афзун сохтани маҳсулоти аълосифату арзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори истеъмолӣ нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин, зарурати вусъати ҳамкории Агентии захираҳои моддии давлатӣ бо хоҷагиҳои деҳқонию чорводорӣ ҷиҳати дастрасии корхонаҳои фаръии истеҳсолӣ бо ашёи хом ба миён омадааст. Тавре Президенти мамлакат зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ (20 январи соли 2016) изҳор доштанд:
«Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем».
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 1693

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед