logo

иҷтимоиёт

СЕРПЕНТАРИЯ. АКНУН ГУРЗА ВА КУБРО НИЗ ПАРВАРИШ МЕНАМОЕМ

Серпентарияи (серпентария аз калимаи лотинии serpens гирифта шуда, маънояш морхона аст). Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи  Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ки беш аз бист сол фаъолият надошт, таъмир ва барқарор гардид. Ҳоло дар он парвариши ду навъи мор - кубро (мори азимҷуссаи айнакдор) ва гурзо (мори бузурге, ки сараш монанди гурз аст)  роҳандозӣ шудааст.

Ҳадаф аз парвариши морҳои заҳрнок  роҳандозии таҳқиқоти илмӣ оид ба омӯзиши хусусиятҳои экологӣ, афзоиши онҳо дар шароити сунъӣ ва аз заҳри онҳо тайёр намудани доруворӣ мебошад.
- Яке аз масъалаҳои дигар, ин омӯзиши эктопаразитҳо ва эндопаразитҳои морҳои заҳрнок мебошад. Хазандагон, аз ҷумла морҳои заҳрнок, дар бадани худ  паразитҳои берунаро, аз қабили канаҳо нигоҳ медоранд. Дар узвҳои дохилиашон ҳаргуна эндопаразитҳо – паразитҳои дохилӣ, аз қабили гелминтҳо мавҷуданд ва омӯзиши ин масъала аҳамияти илмӣ дорад. Аз ин рӯ, олимони соҳа ҳангоми парвариши морҳо дар шароити серпентария ба омӯзиши онҳо ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ низ машғул мешаванд. Гузаронидани таҳқиқоти гуногуни илмӣ оид ба омӯзиши ҳаматарафаи олами ҳайвоноти Тоҷикистон аз самтҳои  асосии фаъолияти институт ба ҳисоб меравад, - мегӯяд Файзалӣ Ҳакимов, директори пажӯҳишгоҳ.
Мавриди зикр аст, ки ҳам куброи осиёимиёнагӣ ва ҳам гурзо намудҳои нодир буда, хавфи маҳвшавӣ  доранд. Аз ин сабаб онҳо ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд. Ба гуфтаи коршиносон, 50 соли охир дар  ҳудуди зисти ин морҳо дар Тоҷикистон  тағйироти ҷиддӣ ба назар мерасад. Куброи осиёимиёнагӣ асосан дар қисмати ҷанубӣ - ғарбии кишвар, дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбон зиндагӣ мекунад. Дар гузашта масоҳати мавзеи зисти мори кубро хеле васеъ буд. Дар давоми ним аср аз  худ гардидани заминҳои бекорхобида боиси маҳдуд гардидани ҷои зист ва коҳиши саршумори куброи осиёимиёнагӣ гардид. Ҳарчанд  гурзо нисбат ба кубро васеътар паҳн шудаву дар минтақаҳои биёбон, нимбиёбон ва наздикӯҳӣ дучор меояд, аммо вазъи он низ чунин аст.
Собит шуда, ки ҳар ду намуди морҳо, заҳри барои инсон марговар доранд. Ҳангоми  газидани мори куброи  осиёимиёнагӣ ва ба организми инсон ворид гардидани  заҳри он майнаи сар фалаҷ мегардад. Заҳри мори гурзо бошад, дар бадан хунро лахта мегардонад. Вақте хун лахта шуд, дар рагҳои хунгард гардиши он қатъ ва кори дил низ душвор мешавад. Ин ҳолат одамро ба марг мерасонад. Аммо, бо вуҷуди ин, аз заҳри онҳо дар тиб барои тайёр намудани доруҳои гаронарзиш васеъ истифода мешавад. Имрӯз аз заҳри онҳо доруҳои гуногун, мисли «Наятокс», «Випросал», «Випералгин», «Випраксин»  омода мешаванд. Ин доруҳо дар тибби муосир барои таскин бахшидани дардҳои шадиди радикулит, ревматизм, шамолхӯрии мушакҳо истифода мегардад. Ҳоло ин доруҳои аз заҳри мор истеҳсолшаванда аз хориҷи кишвар ворид мегарданд.
- Бо ба роҳ мондани парвариши морҳо  метавон истеҳсоли чунин доруҳоро дар дохили кишвар низ роҳандозӣ намуд. Барои ин кормандони соҳаи тиб, фармакология ва кимиё бояд дар якҷоягӣ талош намоянд, – изҳор намуд Файзалӣ Ҳакимов.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2720

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед