logo

иқтисод

ҲАМКОРӢ БО ЧИН. АЗ ИСТИХРОҶИ ФИЛИЗ ТО ТАВЛИДИ МОШИН

Дар радифи ҳамкориҳои судманди давлати ҳамсоя бо ибтикори  Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ соҳибкорони музофоти  Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои роҳандозии истеҳсолоту тиҷорати муштарак бо ҳамтоёни тоҷикашон вохӯрӣ намуда, бо имкониятҳои  сармоягузорию тиҷоратии Тоҷикистон ошноӣ пайдо карданд. Ҳамчунин, намоиши маҳсулоти беш аз 50 ширкати музофоти мазкур барпо гардид. Зимни чорабинӣ ва мулоқоту музокирот намояндагони бахши иқтисодии Чин барои ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, роҳсозӣ, нақлиёту коммуникатсия, мошинсозӣ, истихроҷи филиз, сохтмон ва  коркарди маҳсулот дар доираи минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Тавре Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноат, ҳангоми суҳбат  бо ноиби раиси вилояти Шенси  изҳор дошт, Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувори иқтисодию тиҷоратӣ дошта, барои роҳандозии барномаҳои соҳавӣ фазои мусоидро фароҳам намудааст. Соҳибкорони чинӣ,  ки соҳиби иқтидори бузурги технологӣ мебошанд, имкон доранд аз захираҳои иқтисодии ҷумҳурӣ истифода кунанд. Айни замон  сармоягузорону  соҳибкорони  чинӣ  дар бахшҳои зиёди иқтисодии Тоҷикистон  ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштанд. Ширкатҳои бонуфузи «Titian Electric Apparatus», «Шин Лон», «Сан - Бао»,  «Элдияр - Кошғар», «OPPLE», «Сюан  Юан», «Хуаксин - Ғаюр», «Ҷен - Ҷун» ва ғайра дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ дар кишвар маҳсулоти баландсифат тавлид месозанд. Корхонаҳои саноатии Чин дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара»,  «Суғд ва «Панҷ» - и Тоҷикистон низ фаъ-олияти пурсамар доранд. Ба ғайр аз имкониятҳои дигар ҳамсарҳадии ду мамлакат ба  рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, хусусан тиҷорату иқтисод, мусоидат менамояд.
Минтақаҳои  озоди иқтисодии мамлакат  асосан, дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ, маконҳои аз назари мавҷудияти инфрасохтори коммуникатсионӣ  ва иҷтимоӣ  ояндадор ташкил карда шудаанд, ки ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштараки саноатию тиҷоратӣ байни ду кишвар самарабахш мебошад. Бо ин мақсад ташкили силсила - намоишҳои бузурги ширкатҳои истеҳсолию  хизматрасонии Чин соли оянда дар Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Инчунин, зимни вохӯрӣ барои шиносоии мутахассисони тоҷик бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии мамлакати ҳамсоя мувофиқаҳо ҳосил шуд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 1911

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед