logo

иқтисод

СОҲИБКОРӢ. ФАЗО ОСУДАЮ ШАРОИТ МУСОИД

Давлат ва Ҳукумати кишвар таъмини пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, таъмини ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкор шароити мусоиди кориро фароҳам овардааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои судбахши амалигардида дар самти беҳсозии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ мавқеи кишвари мо беҳтар гашта, аз рӯйи радагирии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон маротибаи сеюм ба қатори 10 кишвари ислоҳотгар дохил шуд.  
Дар 10 соли охир беш аз 90 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард сомонӣ  татбиқ гардида, айни замон 63 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми умумии зиёда аз 19 миллиард сомонӣ  амалӣ шуда истодааст. Танҳо дар соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 7,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст, ки қариб 4 миллиарди онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад.
Дар марҳалаи имрӯзаи рушд бахшҳои давлативу хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи афзалиятҳои муайяншуда бояд ширкати фаъолонаи худро идома диҳанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зикр  карданд: «Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз дар 47 шаҳру ноҳия ба субъектҳои зиёди соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизҳои паст дар ҳаҷми 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат додааст. Имсол ба фонди мазкур ҷудо намудани 120 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст».
Дар ҷавоби ин ғамхориҳои мушаххас соҳибкоронро зарур аст, ки ба хотири васеъ намудани фаъолияти худ, ворид кардани технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронда, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳарчи бештар кӯшиш намоянд. Имрӯзҳо иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ қарор дорад. Ин моро водор месозад, ки рушди истеҳсолотро тавсеа ва содироти онро ба бозори ҷаҳонӣ таъмин намоем. Таҷрибаи ғании мамлакатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки фаъолияти соҳибкории хурду миёна яке аз ҳамин гуна омилҳо шуда метавонад.    
Ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба дастовардҳои соҳибкорони кишвар, махсусан ба соҳибкороне, ки даст ба истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда задаанд, вобаста мебошад.
М. АМИРОВ,
муаллими  калони кафедраи менеҷменти молиявии Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 1880

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед