logo

фарҳанг

ТАРИҚ ИҚБОЛ СУМРО: «ТОҶИКОН ИҚБОЛРО ҲАМЧУН ШОИРИ ХУД ДӮСТ МЕДОРАНД»

Муҳаммад Иқбол яке аз дилбохтагон ва ошиқони забони тоҷикии форсист. Саид Муҳаммади Акрам-Акрамшоҳ  дар моҳномаи «Ошно» гуфтугӯи яке аз донишмандони урдуро бо Алломаи Иқбол чунин меорад:

- Ашъори Шумо барои мо зиндагибахш ва озодибахш аст, шумо роҳнамои мо ҳастед, мо форсӣ намедонем, шумо ба урду (забони модарии Иқбол) шеър бигӯед. Иқбол ба забони англисӣ чунин посух медиҳад: «Ин ашъор ба ман ба забони форсӣ илҳом мешавад, забони рӯҳияи ман форсӣ аст». Ё дар ҷои дигар ин байти машҳури Иқбол замзама мешавад:
Гарчи ҳиндӣ дар узуббат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Ин аст, ки қисмати бузурги осори Муҳаммад Иқбол бо забони тоҷикӣ эҷод шуда, бавижа ашъораш барои мардуми Покистон ва Тоҷикистон муштарак аст. Ба ин хотир, Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо донишмандону пажӯҳишгарони тоҷик маҷмӯаи мақолаҳоеро таҳти унвони «Иқболшиносӣ» рӯи чоп оварданд, ки мураттиб ва муҳаррири масъулаш адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонист. Маҷмӯа бо чунин суханони Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро оғоз меёбад: «Дар ин кишвари шукуфону осоишта – Тоҷикистон, ки инҷониб ба ҳайси сафир фаъолият дорам, Муҳаммад Иқболро ҳамчун шоири худ дӯст медоранд, ашъорашро меписанданд, осорашро пайваста чоп менамоянд ва роҷеъ ба рӯзгору осори ӯ тадқиқотҳои зиёде доранд».
Фаротар равем, хоҳем дарёфт, ки ашъори баландпояи Иқбол дарду доғи кулли мардуми ранҷбари Шарқро тараннум мекунад. Шеърҳояш касро ба озодандешиву озодихоҳӣ, худшиносӣ ва ваҳдату ягонагӣ мехонанд:
Шоир ҳушдор медиҳад, ки Ватан ва сарзамини аҷдодии худро бо қувваву неруи зеҳнии худӣ обод намо, ба умеди дигарон машав, аз хӯю хислати ғуломиву бардагӣ озод бош:
Ай хуш он қавме, ки ҷони ӯ тапид,
Аз гили худ хешро боз офарид.
Аршиёнро субҳи ид он соате,
Чун шавад бедор чашми миллате.

Академик Кароматулло Олимов мегӯяд: «Роҳи озодии Шарқро Иқбол дар муттаҳидӣ мебинад, зеро қавмҳои ин сарзамин аз паркандагӣ ва шероза надоштан ба нокомӣ маҳкум шудаанд. Бинобар ин, Иқбол ба мардуми ин сарзамин нерую қувват хоста, манбаи ин неруро дар ваҳдат мебинад:
Ақли Ҳақро зиндагӣ аз қувват аст,
Қуввати ҳар миллат аз ҷамъият аст».

Бино ба гуфтаи мураттиби маҷмӯа Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Аллома Иқболи Лоҳурӣ меъмор ва суханвари миллии Покистон ва ифтихору рамзи маънавии дӯстии халқҳои Тоҷикистону Покистон аст. Аз ин сабаб, китоби тозаи «Иқболшиносӣ» дар заминаи нашрҳои арзишманди «Куллиёти форсӣ» ва осори дигари ба забони модарияш – урду эҷодкардаи суханвар рӯи кор омадааст.
Ёдовар бояд шавем, ки ҳоло дар Душанбе Маркази омӯзишии Покистон дар Донишгоҳи миллӣ ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон таҳти роҳбарии Кароматулло Олимов дар рушди муносибатҳои гуногун, бавижа робитаҳои фарҳангӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 2189

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед